الصفحة الرئيسية المقالات ЗИ ГАҲВОРА ТО ГЎР ДОНИШ БИҶЎЙ

ЗИ ГАҲВОРА ТО ГЎР ДОНИШ БИҶЎЙ

ЗИ ГАҲВОРА ТО ГЎР ДОНИШ БИҶЎЙ
2020-08-06
2769
  1. ЗИ ГАҲВОРА ТО ГЎР ДОНИШ БИҶЎЙ

 

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Алҳамду лиллоҳи раббил оламин, вал оқибату лил муттақин, вас салоту вас салому ало саййидино Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин.

      Худованд талаби илмро ба ҳамаи мусулмонон фарз гардонида, дар Қуръони карим моро ба хондан амр кардааст. Ҳақиқатан илм нур аст ва ба воситаи илм инсон аз фариштаҳо боло меистад.

    Аввалин оятеро, ки Худованд ба аҳли башарият нозил намуд, фарзандони миллати барўманди тоҷик сармашқи зиндагии худ гардондаанд, чунонки Парвардигор дар Қуръон фармудааст:

«Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид! (1). Одамиро аз хуни баста офарид. (2). Бихон! Ва Парвардигори ту бузургвор аст (3). Он ки ба қалам илм омўхт (4). Одамиро он чӣ намедонист, омўхт (5)» (Сураи «Алақ», оёти 1-5).

  Бесабаб нест, ки ояти аввалини Қуръон маҳз дар мавриди омўзиши илм аст. Бинобар ин омўзиши илм аз рўзи аввали пайдоиши одам зарурият дошт ва бе донишомўзӣ ва ҷамъ намудани он тараққиёт ва пешравии аҳли башарият ғайриимкон аст. Одамият дунёро меомўзад ва донишҳои андўхтааш барои зиндагӣ ва пешравии ҳаёт ёрӣ медиҳанд. Илм дар ҳаёти одам мақоми хосае дорад. Инсони ҳақиқиро зарур аст, ки илм омўзад ва дониш андўзад, зеро илмомўзӣ дараҷаи баланди мақоми ҷамъиятии шахсро таъмин мекунад. Роҷеъ ба тақвияти фикрҳои боло метавон шеъри зерини сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро мисол овард:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

 

Дар васияти худ ба шогирдаш Абўюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ, Имоми Аъзам мефармояд: «Дар овони ҷавонӣ, ки қалбат фориғ ва хотират ором аст ва ҳанўз касрати аёлу фарзандон зеҳнатро мушавваш накарда, илм биёмўз. Сипас аз роҳи ҳалол мол ҷамъ кун, он гоҳ издивоҷ кун. Зеро агар ҳамзамон бо талаби илм ба фикри ҷамъ кардани мол биафтӣ, вуҷуди мол туро ба зиндагии пурайшу нўш кашад, ки дар натиҷа аз талаби илм оҷиз хоҳӣ монд. Агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ биафтӣ, мумкин аст маҷбур шавӣ ҷиҳати рафъи ҳавоиҷи аёлу фарзандон талош кунӣ ва чӣ басо аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар он сурат на илм омўхтӣ ва на мол ба даст овардӣ»  (Китоб-ул-васият).

Дар ин маврид Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудаанд:

То тавонӣ илм омўз, эй писар,

Обрў бахшад туро ҳамчун гуҳар.

Ту аз ин савдо намебинӣ зиён,

Зуд ёбӣ суди вофир дар ҷаҳон.

Дар назди Худованд мақоми толиби илм бениҳоят бузург аст ва ҳеҷ амали дигаре аз ҷиҳати савоб бо талаби илм баробар шуда наметавонад. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳар кас барои талаби илм роҳеро ихтиёр кунад, Парвардигор роҳи ҷаннатро ба ў осон месозад. Ҳамоно фариштагон толиби илмро бо болҳояшон иҳота мекунанд. Тамоми аҳли осмонҳову замин, ҳатто наҳанг дар қаъри баҳр барои марди донишманд аз Худо истиғфор металабанд. Фазли олим бар обид, ҳамчун фазли моҳтоб бар соири ситорагон аст. Олимон ворисони Паёмбаронанд. Ҳамоно анбиё на динору дирҳам, балки илмро мерос гузоштаанд».

(Ривояти Имом Тирмизӣ, ҳадиси 1388/13)

Манзур аз талаби илм натанҳо илми динӣ аст, балки омўзиши илмҳои муосир низ бар ҳамагон фарз аст. Имрўз миллати тоҷик бо фарзандони номдори худ ифтихор дорад. Ал-Беруниву Сино, Ал-Хоразмиву Хайём, Форобиву Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Яъқуби Чархиву Абўмаҳмуди Хўҷандӣ ва даҳҳо нафар бузургони мо илмро ба авҷи аъло расонида буданд. Ситорашиносиву ҳандаса, тиббу риёзиёт, фалсафаву мантиқ ва дигар илмҳои дақиқ самараи меҳнати фарзандони миллати тоҷик аст. Китоби «Ал-Қонун»-и Сино ҳазор сол аст, ки сармашқи табибони олам мебошад. Аз рўи китобҳои Беруниву Абўмаҳмуди Хуҷандӣ олимон мадори замину масофаи байни ситорагонро чен мекарданд. Бухориву Имом Муслим, Тирмизиву Байҳақӣ ҳадисҳои Пайғамбар (с)-ро мураттаб сохтанд. Месазад, ки имрўз мо худ илм омўзем ва фарзандонамонро ба омўзиши илм роҳнамоӣ намоем, киштиҳои кайҳониро ба фазо барорем, нерўгоҳҳои атомӣ бунёд намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳоти гуногуни илм дошта бошем.

Дар ин маврид Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воҳўрӣ бо аҳли ҷомеа зикр намуда буданд:

«Мероси оламшумули олимони машҳури мо бахши асили фарҳанги ғании миллиамонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо дар пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоламон дар баробари дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ ба рушди фарҳанги динӣ низ эътибори доимӣ медиҳем».

Имоми Аъзам омўзиши илмро дар мадди аввал мегузошт ва амал кардан ба онро фарз медонист. Чунончи дар васияташ мефармояд: «Ҳар кас илмро ба хотири амал биомўзад, дар он баракат ҳосил шуда ва дар қалбаш русух хоҳад намуд ва дигарон аз илми ў баҳра хоҳанд бурд».

Дар ин маврид дар ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст:

«Ҳар кас қадамҳояшро дар талаби илм ғуборолуда кунад, Худованд оташи дўзахро бар вай ҳаром месозад» (Муттафақун алайҳ).

Аз далелҳои овардашуда огоҳ шудед, ки мақоми илм дар шариати исломӣ бениҳоят бузург мебошад. Он оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ, ки пешкаши шумо гардид, аз он далолат мекунанд, ки шахси мусулмон то ба гўр бояд илм омўзад, натанҳо улуми динӣ, балки омўзиши тамоми илмҳои муосир барои ҳар мусулмон фарз аст.

 

Чунин гуфт Пайғамбари ростгўй:

«Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй»

(Фирдавсӣ)

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر