الصفحة الرئيسية المقالات ИСТИФОДАИ ҒАРЗНОКИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲО АЗ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ИСТИФОДАИ ҒАРЗНОКИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲО АЗ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ИСТИФОДАИ ҒАРЗНОКИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲО АЗ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
2020-09-04
1900

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод, то бо ақлу тадбир роҳи ҳидояту наҷотро пайдо намоем. Худои меҳрубоне, ки паёмбарони ғамхореро барои таълиму тарбияи мо фиристод, то яке пас аз дигаре барои ободию рушду такомули оламу одам талош намоянд. Дуруду саломи бепоён бар ҳамаи онҳо ва хусусан бар хотами паёмбарон Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш.

Умуман раванди мусулмонӣ дар замони муосир аз исломӣ ҳақиқӣ хеле тафовут дорад. Мутаассифона душманони ислом мутахассисони забардасти исломшинос омода намуда, сипас ба воситаи чунин ашхоси ба ном мулло, ҳоҷӣ ва эшонҳои дурўғин, инчунин тавассути телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва ғайра ба мардум чунон исломеро тарғиб мекунанд, ки аз ҳадафҳои аслии ин дини мубин фарсахҳо дур аст. Гузашта аз ин, афроди зиёди диндорон ҳастанд, ки дини мубини Исломро барои манфиат ва ғаразҳои шахсӣ ё гурўҳӣ истифода мебаранд.

Исломе, ки имрўз аз ҷониби ифротииён тарғиб мегардад, дар байни мусулмонон тухми кинаву адоват кишта, онҳоро муқобили якдигар бармеангезад. Исломи имрўзаи ифротиён фақат тарғиби ғаразноки ҷиҳод, қатлу куштор буда, мафҳумҳои миллат, давлат, урфу одатҳои миллиро умуман намепазирад.

Чунин воридшавӣ ба ислом аслан ақидаи салафияи ҷиҳодист, зеро зери шиорҳои исломӣ чунин равияҳо мехоҳанд худ ҳоким ва соҳиби ислом бошанд, аз ин рў ақидаи онҳо куллан манфиатҳои миллиро рад мекунад. Бинобар ин, яке аз сабабҳои асосии парокандагии мусулмонон, сар задани муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои исломӣ ин кўр-кўрона қабул ва пайравӣ намудан ба ақидаҳои гунонуни ғаразнок мебошад, ки аксаран аз номи ислом, аз ҷониби пешвоёни салафия ва хоҷагони ғарбии онҳо мебошад.

Дар ибтидои ислом интишори дин ва қабули он аз ҷониби қавмҳои аҷнабӣ ба мушкилиҳо ва муқовиматҳои шадид мувоҷеҳ шуда буд. Бинобар ин, пешвои мазҳаб - Имоми Аъзам дар таълимоти худ манфиатҳои миллиро ба инбоат гирифта, урфро яке аз аслҳои мазҳаби худ қарор дод. Яъне, ҳар урфу одати миллие, ки хилофи Қуръону суннат набошад, аз ҷониби Абўҳанифа пазируфта шуда, мазҳаби ҳанафӣ эҳтиром ва арҷгузории мусулмон, урфу одатҳои миллӣ ва шаклҳои давлатдории мустақилонаро ба мадди аввал гузошт.

Ин буд, ки ҳазорон мардуми бегона ба дини Ислом мувоҷеҳ шуда, онро қабул намуданд ва маҳз аз ҳамин сабаб аз се ду ҳиссаи мусулмонони олам пайрави ин мазҳаби ҳаниф мебошанд.    

 Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ашхоси муғриз кам нестанд, ки дини мубини Исломро барои манфиатҳои гурўҳӣ истифода бурда, дидаву дониста мардумро гумроҳ ва ҷавононро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Таърих гувоҳ аст: қисмат намудани мардум ба «вовчик»-у «юрчик», шимоливу ҷанубӣ, мусулмону кофир, паси сангарҳо кашидани мардуми гумроҳ, рехта шудани хуни ноҳақ, вайрониву харобии ҷомеа «дастранҷ»-и чунин гурўҳҳои ифротии ба ном исломӣ буданд.

Имрўз давлат тамоми кўшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки сатҳи некўаҳволии мардум боз ҳам беҳтар шавад. Аммо бадхоҳони давлату миллат ободиву тараққиёти Тоҷикистонро тавони дидан надоранд ва ҳамеша дар ҷустуҷўи камбудиву дар эҷоди фитнаанд.

Дар ҳаққи чунин гурўҳҳо чӣ метавон гуфт: Одамони дурўя, ашхосе ки дини исломро танҳо барои ҳаёти дунявӣ, барои расидан ба хоҳишоти худ истифода мебаранд.

Афсўси ҳамон одаме, ки ба гуфтори ҳар гуна гурўҳҳои ба ном исломӣ, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бовар карда, худ ва хонадони худро ба залолат ва гумроҳӣ меафкананд.

Бинобар ин мо бояд ба гуфтаи ширин ҳар гуна одамони тасодуфӣ ё гурўҳҳои ифротие, ки аз номи ислом баромад мекунанд, худро фидоии роҳи ҳақ ва ҳомии дини ислом вонамуд мекунанд асло бовар накунем.

Бовар дорам агар мо дар ақидаи мазҳаби ҳанафӣ ва атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем, ваҳдату якдилиро шиори худ қарор диҳем, ягон бадхоҳ наметавонад дар ақидаи мо рахна эҷод кунад. Танҳо муттаҳидии мо кафили сулҳу суботи ҷомеа ва амну ободии кишвар мебошад.

Дини мубини Ислом дини сулҳу салоҳ, некиву накўкорӣ, ободонии ҷомеа ва ислоҳи ҷомеа, дини насиҳат аст. Бинобар ин ба шумо тавсия медиҳам, ки нисбати ҳамдигар меҳрубон бошед, ба фақирону мискинон дасти ёрӣ дароз кунед, сари ятимонро сила кунед, бо хешу ақрабо, ҳамсоягон, ёру дўстон муносибати хубро барқарор кунед, аз дилҳои худ кинаву адоватро дур созед, одамоне, ки аз сабаби ҷоҳилӣ нисбати давлату ватани худ ғаразе доранд, насиҳат кунед. Инчунин насиҳат мекунам, ки ҳар кас бояд ба ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода, номуси ватандорӣ дошта бошад, иззату обрўи роҳбарони давлатро нигаҳ дорад ва дар ободонии диёри азиз саҳмгузор бошад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر