الصفحة الرئيسية المقالات ҶАЗОИ ҶИСМОНӢ ВОСИТАИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН НЕСТ!

ҶАЗОИ ҶИСМОНӢ ВОСИТАИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН НЕСТ!

ҶАЗОИ ҶИСМОНӢ ВОСИТАИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН НЕСТ!
2020-10-06
2660

Фарзанд яке аз неъмат ва амонатҳои Парвардигор аст. Аз ин лиҳоз, бояд волидайн ба он амонат дуруст муомила кунанд. Падару модар бояд ба онҳо таълиму тарбия, одобу ахлоқ, касбу ҳунар, шарму ҳаё омӯзанд. Зеро дар ҳоли кӯтоҳӣ кардан ва дуруст муоила накардан ба фарзандон дар назди Парвардигор ҷавоб медиҳанд. Бузургон фармудаанд:

          Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,

          Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.

          Ҳосил аз фарзанд гардад номи мард,

          Ҷовид аз  фарзанд монад номи мард.

Зӯроварӣ ва хушунат дар оила ҳамчун яке аз зуҳуроти иҷтимоӣ бо паёмадҳои нохуш дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таъсиру оқибатҳои манфии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ҳарчанд барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ маълуманд, вале паёмадҳои ин зуҳурот дар  ҷомеа аксар вақт нодида гирифта мешаванд ва ё зӯроварӣ дар оила ҳамчун мушкилоти дохилии оила баҳо дода мешавад.

     Бадтарин  хушунат дар муҳити хонаводагӣ ин хушунат нисбат ба кӯдакон аст. Зӯроварӣ ва хушунат ҳатто агар ба кӯдак нигаронида нашуда бошад ҳам, ҷой доштани ин амал дар муҳити хонаводагӣ ба  раванди инкишофи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Зиёд мушоҳида мешавад, ки дар фазои  хушунатбори  оила аксар вақт  кӯдакон модарони худро аз зӯроварии падари хонадон ё дигар аъзои хонаводаи падар (хушдоман, хоҳаршӯй...) ҳифз намуда, худ мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд.

Тавре тадқиқотҳо дар кишварҳои гуногун нишон додаанд, писарбачагоне, ки дар хонадонаш фазои хушунат мавҷуд аст, дар оянда худ  ҷабрдиҳанда мешаванд. Духтарони чунин хонаводаҳо бошанд, дар муносибатҳои ояндаи оилавии худ мавриди хушунату зӯроварӣ қарор мегиранд. Аксар вақт кӯдакони ин хонаводаҳо маҷбур мешаванд, ки аз чунин муҳити носолим гурезанд. Ба кӯдакони оворагард эҳтимоли бештари афтодан ба доираҳои ашхоси ҷиноятпеша таҳдид намуда, онҳо ҷабрдидаи дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла, истисмори меҳнатӣ мегарданд.

   Имрӯз дар ҷомеаи мо ақидаи ғалате ҷорӣ аст, ки задани кӯдак  гӯё як шакли тарбия бошад. Агар ҳар гоҳ як кӯдаке гуноҳ ва ё хатогие содир кард, мо зарур медонем, ки ӯро бо воситаи ҷазо додан тарбия намоем. Ҳол он, ки натиҷаву оқибатҳо ва таъсири манфии ҷазои ҷисмонӣ ба мисли задани кӯдак ҳамчун усули тарбия дар навбати худ хоҳиши бо хушунат ва зӯроварӣ ҷавоб доданро ба миён меорад. Ин хулоса асоси воқеӣ дорад. Зеро тибқи тадқиқотҳо бештари калонсолоне, ки дар таълими одоб ба кӯдакон ё муносибат бо онҳое, ки аз худашон заифтаранд, ба хушунату зӯроварӣ рӯ меоранд, умуман, дар кӯдакӣ худашон қурбонии хушунат будаанд.        

        Хатарноктарин ҳолат бо паёмадҳои нохуш он аст, ки агар ҷой доштани хушунат ва ё зӯроварӣ дар муҳити хонадон ноаён бимонад ва ё пай бурдани он мушкил бошад. Кӯдакони дар чунин муҳиту чунин хонавода тарбиягиранда пайваста зери хушунат ва фишори равонӣ  қарор гирифта, зарари равонӣ мебинанд. Зарари равонӣ бошад, метавонад бо ноумедӣ, набудани боварӣ ба худ, хониши начандон хуб дар мактаб,  набудани шавқ ба иштирок дар ҳеҷ гуна машғулият чӣ дар оила, чӣ дар мактаб ё чӣ дар ҷомеа шиддат мегирад. Кӯдаконе, ки мавриди чунин хушунат қарор мегиранд, метавонанд, ба одатҳои бад майлу рағбат пайдо намоянд, аз хона гурезанд ё ҳатто қасди худкушӣ кунанд.

       Баъдан, кӯдаконе, ки дар чунин муҳит ба воя мерасад,  маъюс ва рӯҳафтода гашта, дар оянда як шахси беҷуръат ва тарсу мегарданд. Тавре дар боло  қайд гардид, ин гуна кӯдакон чун ба воя бирасанд, дар ҳаёти оилавии худ аз ҳамон равиши зиндагӣ истифода менамоянд, ки худ дар хурдӣ мушоҳида менамуданд, яъне зӯроварии хонаводагӣ барои онҳо  низ «қоидаи зиндагӣ», яъне як амали муқаррарӣ маҳсуб меёбад.

Бояд  тавзеҳ дод, ки хушунат ва ё зӯроварӣ натанҳо задан ва ё зулми ҷисмонӣ, балки ҳар гуна озори каломӣ аз қабили ҳақорату дашном ва ё таҳқир, ки ҳамчун зулми равонӣ ҳисобида мешаванд, беэътиборӣ ба эҳтиёҷоти моддӣ ва маънавии кӯдакон, беэътиборӣ нисбат ба  кӯдакон, ки бояд онҳоро нигоҳубин намояд, ё супоридани онҳо ба шахс ё муассисаи маълумро низ дарбар мегирад. Хавфи  гирифтории кӯдакон ба хушунат метавонад дар хона ё мактаб, дар кӯча, кор ё муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ҳам зоҳир гардад.  Таъсири манфии ин амалҳо, дар баъзе мавридҳо боиси расонидани осеби ҷиддӣ ба онҳо ва ҳатто худкушии онҳо мегарданд.

          Хушбахтона, имрӯз қонунгузориҳои давлатамон аз ҳуқуқҳои кӯдакон дифоъ мекунанд ва ҳеҷ як падару модареро, намегузоранд, ки амалашон боиси зарари равонӣ ва ҷисмонии кӯдаконашон гардад. Нишондодҳои қонун бар онанд, ки падару модар дар ҳар ҳолате набошанд, хоҳ дар зиндагии якҷоя ва ё хоҳ дар зиндагии аз ҳам ҷудо барои тарбияи нек, бо меҳрубонӣ, муҳаббат ва раҳму шафқат фаро гирифтани онҳо, дур кардани онҳо аз ҳама маҳрумиятҳо масъуланд.

      Ҳаминро ҳам бояд ба инобат гирифт, ки дар мавриди хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои амалкунандаи давлатамон ҷавобгариро муқаррар намудааст. Масалан, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 69) муқаррар кардааст, ки яке аз волидон падар ё модар метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ сӯиистифода намуда, ба дахлнопазирии онҳо сӯиқасд кунанд. Моддаи 77-и Кодекси мазкур бошад, муқаррар кардааст, ки дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад, дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз падару  модар ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташ мебошад, қарор қабул намояд.

       Ҳуҷҷату асноди муҳими дигари ҳуқуқии кишвар низ аз ҳуқуқҳои кӯдакон дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба онҳо ҳимоят мекунанд.Чунончӣ, дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Модар ва кӯдак таҳти ҳимоя ва сарпарастии махсуси давлат қарор доранд”.  Илова бар ин,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пешбинӣ намудааст, ки падару модар бояд шаъну шарафи фарзандонро эҳтиром кунанд ва ба таҷовузи кӯдакон роҳ надиҳанд.

      Ёдрас кардан бамаврид аст, ки барои дифоъ аз ҳуқуқҳои кӯдакон Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак амал мекунад ва давлатро вазифадор намудааст, то ҳуқуқҳои ҳама қабил кӯдаконро, ки дар ин Конвенсия пешбинӣ шудаанд, бе ягон маҳдудият муҳофизат намояд. Тибқи талаботи Конвенсия ҳар кӯдак барои муҳофизат аз ҳама намуди муносибати бад аз ҷониби волидон ва ё парасторон ҳуқуқ дорад. Дар сурати рух додани чунин ҳолат давлат бояд барои муҳофизати кӯдак чораҳо бинад. Ин санади муҳим давлатро вазифадор намудааст, ки  кӯдаконро аз қочоқ ва савдо шудан низ муҳофизат намояд.

         Ҳамчунин, соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз тарафи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид. Илова бар ин, бо хотири пешгирии ин зуҳуроти барои ҷомеа хатарзо санаи 30 декабри соли 2015 Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

         Барои тарбият ва ислоҳи фарзандон Худованд мефармояд: «Эй муъминон, худ ва хонаводаи худро аз оташи дӯзах, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳо ҳаст, барканор дореду муҳофизат намоед (Таҳрим, ояти 6). Ва ҷои дигар Пайғамбар (с) фармудаанд: «Огоҳ  бошед, ҳамаи шумоён ба манзалати посбон ҳастед ва ҳамаи шумо аз зердастони худ пурсида мешавед (ривояти Имом Муслим).

         Паёмбар (с) дар муомила бо кӯдакон муҳаббат ва раҳму шафқати зиёд зоҳир менамуданд. Дар робита ба муомила бо кӯдакон   Паёмбар (с) фармудаанд: «Аз мо нест касе, ки бар хурдсолони мо раҳму шафқат накунад (ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ).

 Бо такя ба  ҳама навиштаҳо хулоса бояд  кард, ки ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон барои ҳар як падару модар ва дигар масъулони самти таълиму тарбияи онҳо ҳатмӣ ва воҷиб буда, муносибати нарму ҳалимона, сухани хуб, намунаҳои хубу шоистаи ибрат ва подош ҳама пояи асосии тарбияи солим маҳсуб меёбанд, на ҷазо додану зоҳир кардани хушунату зӯроварӣ нисбат ба онҳо. Падару модари кӯдак, мураббӣ ва ё омӯзгор, кормандони дигари масъуле, ки ба тарбияи кӯдакон сари кор мегиранд, дар раванди тарбия бояд аз ҳама гуна ҷазои ҷисмонӣ ҳамчун воситаи одобомӯзии кӯдакон дурӣ ҷӯянд ва ҳеҷ гоҳ ба ин усули тарбия  рӯ наоранд. Зеро ин усул воситаи тарбия нест, балки хушунат нисбат ба кӯдакон аст. Билохир, таъкидамон бар он аст, ки набояд волидон нисбат ба фарзандон новобаста ба ҳолатҳои зиндагӣ хушунат ва зӯровариро раво бинанд. Кӯдакон бояд аз хурдсолӣ ба шарафи мардӣ ва муҳаббати самимии волидони худ эътимод пайдо кунад.  Ончуноне назари дини ислом бар ин аст, фарзандон дар дасти мо амонатанд. Раво дидани хушунат бар фарзанд ин хиёнат бар амонати Худованд ва носипоии мо ба беҳтарин неъмату сармояи зиндагиамон -фарзандамон аст.

     АБДУ ҲАҚНАЗАРОВ,

     сархатиби шаҳри Турсунзода

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر