МАНОФЕИ РӮЗА

МАНОФЕИ РӮЗА
2021-04-15
2292

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Рӯза барои рӯзадор як имтиҳони Худованд аст, ки бо вуҷуди ташнагиву гуруснагӣ ва мавҷуд будани анвои таъомҳои лазиз аз хӯрду нӯш ва ҳамбистарӣ худро нигоҳ медорад. Инчунин рӯза дар вуҷуди инсон ҳисси раҳму шафқат ва муҳаббату бародариро бедор мекунад. Чун фарди рӯзадор шиддати гуруснагиро паси сар мекунад, лоҷарам аз ҳоли гуруснагон бохабар мешавад ва барои ёрӣ ба муҳтоҷону дармондагон омода мешавад. Чун дар ин моҳи саропо раҳмату баракат дасти хайри худро боз мекунад, эҳсоси хушнудӣ менамояд, ки дарак аз мақбули даргоҳи Худо гаштани аъмолаш медиҳад. Дигар аз манофеи рӯза ин аст, ки ҳар шахс дар ин айёми пурбаракат бар замми касби ризои Худо, саломатии худро низ қавӣ месозад. Зеро дар натиҷаи пурхӯрӣ ва пайвастахӯрӣ дар ҷисми инсон пасмондаҳои ғизоӣ, ки ҷисми инсон онро ҳазм намесозад, боқӣ мемонанд ва ҷисм аз коркарду ҳазму ихроҷи он оҷиз мемонад. Ҳамин пасмондаҳо бо гузашти муддатҳо ба чарбу, холестерин, намак, қанд ва дигар маводи минералӣ дар таркиби хун ва қисматҳое аз бадан зиёд гашта аз меъёри лозима боло мераванд. Дар натиҷа ҷисм коршоямӣ ва қобилияти фаъолиятро то андозае аз даст медиҳад. Вақте қобилияти кории ҷисм поён рафт, рӯҳ низ боландагии худро гум мекунад ва дар натиҷа ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад.

    Рӯза беҳтарин муолиҷа барои паст шудани сатҳи холестирини хун, қанд, чарбиҳо дар бадан аст. Ҳамчунин касоне, ки аз фишорбаландӣ ва бемориҳои дил ранҷ мекашанд, дар ин моҳ манфиати рӯзаро эҳсос менамоянд, зеро ҳангоми рӯзадорӣ тапиши дил кам шуда фишори хун ба эътидол меояд. Рӯза вазни бадани шахсони гирифтори фарбеҳиро кам карда сабаби шифои тарбод ва банду буғумҳо мегардад. Ҳамчунин рӯза масуният (иммунитет)­-ро баланд бардошта таркиби ҳуҷайраҳои барои масунияти бадан ҷавобгӯро даҳ маротиба беҳтар месозад. Рӯза захми меъда ва пайдоиши санги гурдаро пешгирӣ намуда бемориҳои рӯҳиро рафъ месозад. Инчунин рӯза хотираро мустаҳкам намуда кори ҷигар ва рӯдаҳоро муътадил мегардонад.

        Ин чанд манфиати рӯҳонӣ ва ҷисмонии рӯза буд, ки зикр гардид ва бо ин адад манофеи рӯза интиҳо намеёбад. Ин тадқиқотҳои илмиву тиббие буданд, ки тайи садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо баъди озмоишҳо ва ба воситаи технологияҳо ба даст омадааст. Аммо Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳанӯз чаҳордаҳ қарн пеш, замоне ки на озмоише буду на озмоишгоҳе ва на аз технология ва дастгоҳҳои навин нишонае, фармуда буданд; “Рӯза доред, тандуруст мегардед”.

           Инчунин ҷои дигар асоси саломатиро дар се чиз нишон додаанд:

          Рӯза, ҳиҷомат, асал.

           Мавлоно барҳақ фармуда:

Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,

Чун санг, ки сурмаи басар мегардад.

Он луқма, ки хӯрдаӣ, қазар мегардад,

В-­он сабр, ки кардаӣ, назар мегардад.

      Дар охир ба кулли рӯзадорони ин моҳи муборак сабр, тавфиқ ва хушрафторию хайрхоҳиро таманно намуда, умеди он дорам, ки Худованди Маннон гуфтору амалҳоро бериё гардонад ва ба даргоҳи бениёзаш мақбул гардонад ва ба гуноҳони мӯъминон қалами афв бикашаду растагори охират гардонад. Омин ё Раббал оламин.

                                                                                             Ҷамолиддин Хомӯшӣ

                                                                                Сардори Раёсати фатво

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر