Насиҳатҳои рамазонӣ
2021-04-15
2407
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
- Бикўш, то ин моҳ нуқтаи гардише барои муҳосабаи нафс ва тақвияти аъмол, баргашт аз гуноҳон ва ислоҳи зиндагият бошад.
- Барои ширкат дар намози таровеҳ ҳарис бош, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар касе дар шабҳои моҳи Рамазон аз рўйи имон ва талаби савоб намоз бигузорад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад».
- Аз исроф дар мол ва дигар чизҳо бипарҳез, зеро исроф ҳаром аст ва насибатро аз садақот коҳиш медиҳад.
- Иродаатро қавӣ кун, то он чиро, ки дар Рамазон анҷом медиҳӣ, бардавом бошад.
- Гузашти замон ва рўзҳоро ба унвони сипарӣ шудани умр дар назар бигир.
- Ин моҳ дар воқеъ моҳи ибодат ва амал аст, на моҳи хобу танбалӣ.
- Забонат ҳамеша ба василаи зикри Худованд тар бошад ва аз ҷумлаи касоне мабош, ки Худовандро фақат андаке ёд мекунанд.
- Ҳангоме ки эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ кардӣ, ба ёд биёр, ки ту ҳамеша ба ғизо ва дигар неъматҳои Худованд мўҳтоҷӣ.
- Ин моҳро ба унвони фурсате барои раҳо кардани корҳои ғайри зарурӣ ва беҳуда ғанимат бишумор.
- Бидон, ки амал амонате аст ва нафсатро муҳосаба кун, ки оё ин амонатро ба тарзи шоиста ба ҷо овардаӣ ё на.
- Барои талаби бахшиш аз касоне, ки зулме дар ҳаққи онҳо кардаӣ, бишитоб, қабл аз ин ки аз ҳасанонат бардошта шавад.
- Бар ифторӣ додан ба рўзадор ҳарис бош,то аз аҷри он бенасиб нагардӣ.
- Бидон, ки Худованд бахшоянда ва омурзгор аст, ки тавбаи тавбакунандагонро мепазирад, ҳамчунин шадиду-л-иқоб аст, ки мўҳлат медиҳад, аммо раҳо намекунад.
- Ҳар гоҳ гуноҳе анҷом додӣ ва Худованд онро пўшонд, пас бидон, ки ин фурсате аст барои тавба, бишитоб ва бар тарки ин гуноҳ азматро устувор гардон.
- Бар ёдгирӣ ва шинохти тафсири Қуръон, аҳодиси Расули акрам (с) ва зиндагонии пурбораш ва дигар улуми дин кўшо бош, зеро талаби илм ибодат аст.
- Аз ҳамнишинони бад барҳазар бош ва дар ҳамнишинӣ бо солеҳон ва некон бикўш.
- Мудовамат бар рафтан ба масҷид дар аввали вақт сабаби издиёди шавқу хушўъ дар ибодат ва муноҷоти Парвардигор мешавад.
- Бикўш, то ба зердастонат масоили динашонро биёмўзӣ, зеро онҳо ба сухани ту беш аз дигарон гўш медиҳанд.
- Суфраи ифторатро зиёд рангин масоз, зеро ин кор сабаби машғулияти аҳли хона дар айёми Рамазон мешавад ва онҳоро аз қироати Қуръон ва дигар ибодатҳо бозмедорад.
- Аз зиёд рафтан ба сўйи бозор дар шабҳои Рамазон, махсусан шабҳои охири он барҳазар бош, то ин фурсати гаронбаҳо аз дастат нараванд.
- Бидон, ки ин моҳи муборак меҳмонӣ аст ва сафар хоҳад кард, пас меҳмоннавози хубе бош, ки зудтар аз он чи тасаввур дорӣ, хоҳад рафт.
- Ба қиёми даҳ шаби охири Рамазон ҳарис бош, зеро ин шабҳо шабҳои боарзише ҳастанд ва шаби Қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ мебошад, дар ин даҳ шаб аст.
- Бидон, ки рўзи ид рўзи сипосгузорӣ аз Парвардигорат аст, пас онро нуқтаи шурўъи корҳое, ки нафсатро аз он бозмедоштӣ, қарор мадеҳ.
- Дар рўзи ид дар ҳоле, ки шод ҳастӣ, ба фикри бародарони ятиму ниёзманд ва тангдасти хеш ҳам бош ва бидон, ки он касе, ки туро бар онҳо бартарӣ додааст, қодир аст, ки ин аҳволро дигаргун созад, пас барои шукргузорӣ ва ҳамдардӣ бо онҳо шитоб кун.
- Аз хўрдани рўза бидуни узр барҳазар бош, зеро ҳар кас як рўз аз рўзҳои Рамазонаш бидуни узр фавт шавад, рўзаи даҳр ҳам наметавонад онро ҷуброн кунад.
- Барои нафсат баҳрае аз эътикоф боқӣ бигузор, ҳарчанд андак бошад.
- Дар шаби иди Фитр ва рўзи он то қабл аз барпо шудани намоз бо садои баланд такбир бигў.
- Барои нафсат баҳрае аз рўзаҳои суннат бигузор ва танҳо дар Рамазон рўзадор мабош.
- Бидон, ки Худованд неъмати фароғатро ба мо арзонӣ доштааст, то дар корҳои ҳалол истифода барем ва агар тамоми вақтамонро сарфи тафреҳ бикунем, хайри зиёдеро аз даст додаем.
- Нафсатро дар тамоми корҳо муҳосаба кун, аз ҷумла: намози ҷамоат, закот, пайванд бо хешовандон, оштӣ бо касе, ки байни ту ва ў кудурате вуҷуд дорад, парҳез аз исрофкорӣ, тарбияти зердастон, таваҷҷўҳ ба умури мусалмонон, қабул кардани насиҳат аз дигарон, дурӣ аз риё, кўшиш барои ислоҳи хеш ва дигарон, парҳез аз ғайбат, тиловати Қуръон ва тадаббур дар маъонии он, хушўъ ҳангоми шунидани Қуръон, барои бародарат онро биписанд, ки барои хеш меписандӣ.