الصفحة الرئيسية المقالات РОБИТАИ БАЙНИ МУСАЛМОН ВА ҒАЙРИ МУСАЛМОН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

РОБИТАИ БАЙНИ МУСАЛМОН ВА ҒАЙРИ МУСАЛМОН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

РОБИТАИ БАЙНИ МУСАЛМОН ВА  ҒАЙРИ МУСАЛМОН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
2021-04-29
2166

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Инсон мавҷуди иҷтимоӣ буда, бояд дар канори дигарон зиндагӣ кунад ва бо онҳо муомила ва нишасту бархост дошта бошад. Дар натиҷаи ин иртиботҳо гоҳе инсонҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва дар масири кору зиндагӣ мушовиру ёрдамчии ҳамдигар мегарданд. Яъне дар натиҷаи дар канори ҳам зиндагӣ кардан, пайванди муҳаббатомез ва як намуд робитаи хос дар миёни онҳо ҳосил мегардад, ки ба тарзи муомилаву иртиботҳои онҳо ранги дигар мебахшад. Ин пайванди бародарона аст, ки дар дини мубини Ислом нисбати он таъкиди фаровон шудааст.

Худованд дар Қуръони карим муъминонро бародарони ҳамдигар медонад ва дастурҳои махсусе дар ин бора ба онҳо дода аст:

«Ҳамоно  муъминон бародарони якдигаранд, пас миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад! ». (Сураи “Ҳуҷурот”ояти 10)

Ин оят робитаи муъминонро бо якдигар ҳамчун ду бародар донистааст ва ҳамзамон барои тақво кардан ва ба роҳ мондани сулҳу дўстиро байни худ онҳоро амр менамояд. Илова бар ин, дар ин оят ҷумлаи «ислоҳ кардан» - ро ба кор бурдааст ва ин далели он аст, ки Ислом ба масъалаи сулҳ аҳамияти зиёде медиҳад. Ҳар гоҳ миёни ду гуруҳ ҷанг сар занад, дар миёни онҳо бадгумонӣ, қасди интиқомҷўӣ ва бадбинӣ зиёд мешавад. Бинобар ин, Қуръон аз ислоҳ, адл, муҳаббат, бародарӣ, тақво ва раҳм сухан мегўяд то ин бадгумониҳо ва бадбиниҳоро аз байн бибарад ва бар дилҳои ранҷидаи ҳар ду тараф марҳам гузорад. Чи тавре, ки ҳамагон огоҳӣ дорем Худованд имону имондориро асоси барқарор ва пайдо намудани бародарӣ медонад. Ин ба хотири он аст, ки дар чунин бародарӣ масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, нажодӣ, ҷуғрофӣ, таърихӣ, замону макон, миллату нажод, синну сол ва шуғлу вазифа дар он таъсире надорад. Ҳамчунин маълум мегардад, ки ҳеҷ мусалмоне набояд худро аз дигарон бартар бидонад, чунки онҳо бо ҳам бародаранд.

Баёнҳои Қуръони карим илова ба асли масъалаҳо ва мавзуъҳо равиши муомила ва хитоб ба дигаронро ба мо ёд медиҳад. Масалан, ин оят ба мо таълим медиҳад, ки барои он ки миёни ду гурўҳ сулҳу оштӣ барқарор кунем, бояд аз суханони муҳаббатомез истифода кунем, зеро Худованд барои ин кор онҳоро аввал муъмин гуфта ном мебарад ва сипас онҳоро бародарони якдигар медонад, ки ин ду таъбир инсонро ба самти меҳру муҳаббат мекашонад. Нуктаи дигаре, ки дар ин оят бояд ба он диққат намоем ин аст, ки вақте ду гуруҳ аз мусалмонҳо бо ҳам ҷангу даъво карданд, бар ҳамаи мусалмонони дигар воҷиб аст, ки онҳоро оштӣ диҳанд. Яъне бетараф будан ва ба ҷангу даъвои онҳо ҳамчун тамошобин нигоҳ кардан ҳаром асту гуноҳ. Ва мутаассифона байни аксари мардуми мо ин хислат ривоҷ ёфтааст. Вақте ки мебинанд байни ду нафар ва ё ду гуруҳ нофаҳмоие сар задааст ва оқибат ба даргирию ҷангу ҷидол оварда мерасонад, бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, ба ислоҳи байни онҳо намекўшанд.

Аз тарафи дигар ба мо ҳушдор медиҳад, ки ислоҳ кардан ва оштӣ додани онҳо вазифаи ҷонии мо аст ва мо набояд ба хотири ин кори худ мағрур шавем ё чизе тамаъ кунем ва ё ба онҳо миннат кунем, зеро агар чунин кунем гўё дар баробари як ибодати худ аз дигарон музду подош хостаем ва ин худ аз офатҳои бисёр бузурги имондорӣ ва умуман аз гуноҳони бузург ба ҳисоб меравад.

Агар фарди оқилу доно аз Қуръони карим аҳкоми ин муомилотро ҷустуҷў кунад, ба осонӣ дарк мекунад, ки Худованди маннон дар робитаи муъминон бо яҳуду насоро аҳаммияти хос дода онҳоро бо нидои «ё аҳлал-китоб», «ё айюҳаллазина утул-китоб» хитоб менамояд, ишора ба ин аст, ки онҳо дар асл соҳиби дини осмонӣ ҳастанд ва дар ин нукта бо мусулмонон дар усули дини осмонӣ хешованд мебошанд.

Дар аҳодиси Паёмбар (с) бошад, тавсияҳои зиёде аз ҷониби он Ҳазрат (с) нисбати уммат дар китобҳои эътиқодӣ ва фиқҳӣ дарҷ гардидааст, то ҷое, ки Қуръони карим мефармояд: «Ғизои аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва ғизои шумо низ барои онҳо ҳалол аст ва занони покдомани аҳли китоб барои шумо ҳалол мебошад». (Сураи “Моида”, ояти 5).

Ҳар нафаре, ки бихоҳад таълимоти дини мубини Исломро бо рафтор кардани ғайри мусулмонон хулоса кунад, бояд бидонад, ки чӣ амри ҳалол ва чӣ амри ҳаром аст. Худованди пок дар Қуръони азимушшаън муъминонро ба некўӣ ва эҳсон ва адолат даъват мекунад ва ин аъмоли шоистаро дар афроде, ки мусулмон нестанд, низ тавсия медиҳад. Чунонки дар ояти 42 сураи Моида мефармояд: “Худованд одилонро дўст медорад”.

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر