ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БА ИНСОНИЯТ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
«Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст». (Пешвои миллат)
Терроризм ба инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ таҳдид мекард. Экстремизму терроризм ҳанӯз хеле барвақт ҳамчун мафҳум ба вуҷуд омадаанд. Дар асри I пеш аз милод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо истифода аз террор барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумот вуҷуд дорад. Дар солҳои 60-70 асри 1 мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия — «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз амалҳои террористӣ истифода менамуданд. Истилоҳи «сика» — ханҷари кӯтоҳ маънидод шудааст. Сикориҳо дар рӯзи равшан одатан дар вақтҳои серодам дар кӯчаҳо, бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористӣ анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ доштанд.
Имконоти низоъбарангезии терроризм махсусан аз солҳои 60-уми асри ХХ, вақте ки минтақаҳои васеъ дар ҷаҳон ба минтақаҳои гарми фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои аз нигоҳи тамоюлоти идеалогиашон гуногун табдил гардиданд, афзоиш ёфт. Дар шароити ҳозира созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони дорои рӯҳияи террористӣ фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ бо бераҳмии том истифода менамоянд.
Баъд аз амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001 ва амалиёти дигар, ки бо номи Усома бини Лодан пайваст аст, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд. Аслан зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки бештар таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини Ислом иртиботе надоранд, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд. Он натиҷаи шуурест, ки комилан аз ислом дур аст ва нишонаи мавҷуд набудани шуури воқеии исломӣ мебошад. Таълимоти исломӣ иҷозат намедиҳад, ки инсон террорист бошад. Мувофиқи шариати ислом, ҳаёт ва озодии инсон муқаддас мебошад. Аз ҳаёт маҳрум кардани инсон гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. Ислом ҳар як шахсро чӣ гунае, ки ҳаст, ҳамон тавр эътироф менамояд.
Худованд дар қуръони карим мефармояд: Ба сабаби ин ҳодиса бар Банӣ Исроил ҳукм кардем, ки ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якљо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якљо зинда сохта бошад. Ва ба дурустӣ ки пайғамбарони Мо бо нишонаҳои равшан ба онҳо омаданд; боз ҳам бисёре аз онҳо баъд аз ин дар замин таљовузкунандагонанд. (44.Сураи Моида, ояти 32).
Қариб ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ, аз амалҳои террористии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо хабару гузориш нашру пахш мегарданд. Сокинони сайёра ваҳшонияти ҷангиёнро, ки худро ҳомии ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, қотеъона маҳкум менамоянд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар сафи террористон шаҳрвандони собиқ шӯравӣ, аз ҷумла, ҷавонони гумроҳи тоҷик низ меҷанганд. То ҷое маълум аст, аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан дар Россия гӯё барои пулкоркунӣ ба Сурия рафтаанд. Вале яқин аст, ки онҳо фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва сомонаҳои онҳо ки “кӯҳи тиллоӣ” ваъда медиҳанд, шудаанд. Бехабар аз он ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки марг интизор аст.
Дар ин иртибот, як масъалаи муҳимро зикр кардан зарур аст. Солҳои охир дар кишвари орому осоиштаамон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои хурду калони зиёд мавриди истифода қарор гирифтанд, то ҷавонон ҳар чӣ камтар ба муҳоҷират рафта, рӯзгорашонро бо меҳнати ҳалол беҳбуд бахшанд. Яъне, Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирро андешида истодааст, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро пайваста ҳал карда, сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд бардорад.
Дигар ҷиҳати нигаронсози масъала он аст, ки иддае аз ҷавонони гумроҳ, бинобар дониши казоӣ надоштан гирифтори тарғиботу дасисаҳои экстремистӣ мегарданд ва ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандон озодии дину виҷдонро кафолат додааст. Пас айб дар чист? Дар он аст, ки қисме аз ҷавонон аз моҳияти дини мубини ислом бехабаранд. “Қуръон” – ро, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат борҳо ба забони давлатӣ нашр шудааст, намехонанд, аз фармудаҳои Каломи Худо, ҳадисҳои Паёмбар (с) огоҳ нестанд. Вагарна мефаҳмиданд, ки ҷиҳод- ин на даъват ба ҷангу одамкушӣ, балки ҷидду ҷаҳд барои дониш андӯхтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парваридан, хизмати падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки “… бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳими пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад”.
Таъкид ба он намудан зарур аст, ки зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараља диҳем.
Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.
Пешвои муаззами миллат аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз љониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Бо дарки ин масъала тамоми қувваҳои солимфикри ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла ҷомеаи моро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муттаҳид шаванд ва ба ҳамагон зарур аст, ки бо восита ва усулҳои таъсирбахш дар самти мубориза бар зидди терроризм дар доираи минтақа ва ҷаҳон кор бурда шавад.