ДАР ИТТИФОҚ ЗИСТАН НЕЪМАТИ БУЗУРГ АСТ...
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду саломи бепоён ба Расули гиромӣ (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.
Дар дини мубини Ислом дар сулҳу рифоҳ ва иттифоқ зистани мардум ҳамчун арзиши беҳтарин ситоиш мешавад. Муқобили иттифоқ нифоқ аст, яъне нафрати ҳамдигариву зӯроварӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ. Ҳол он ки Худованди бузург барои инсонҳо баландтарин неъмати дунёву уқбо – хирадро додааст, то мардум тавассути он ҳама муаммоҳояшонро ҳаллу фасл бикунанд, якҷо зиндагӣ кунанд ва аз ҳама неъматҳои илоҳӣ баҳра бардоранд. Аз назари ҳикмати фардӣ низ умри одамӣ ба ҳисоби миёна 70-75 аст ва зиёдаш то остонаи 100 ва бештар ва ҳеҷ зарурате надорад, ки дар ин умри кутоҳ инсон ба ҷойи зиндагии барои худу дигарон манфиатовар ба дигарон заҳмат ва азият пеш оварад.
Дар сураи “Оли Имрон” (ояти 105) чунин омада: “Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурўҳро азоби бузург аст”. Вожаи калидӣ дар ин ояти карима ихтилоф аст, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аз он парҳез карданро фармон додааст.
Чунин ихтилофи шадид 24 сол муқаддам, соли 1992 дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омад, ки зиёни он то кунун дар ҳофизаи мардум вуҷуд дорад: ёд аз он марҳилаи пурошӯби ҷангу набардҳои бемаъниву бебунёд моро имрӯз ба андешае мебарад, ки аз сулҳу салоҳ ва осудагиву суботи кишвару миллат неъмате пояндатар нест ва ҳамагон бояд зикри неки онҳоеро кунем, ки бо кумаки илоҳӣ давлату миллатро аз вартаи нобудӣ ба ҳолати имрӯзаи амну осоиштагӣ овардаанд.
Табиист, ки ҳар миллат дар таърихи худ рўйдодҳо ва санаҳои муҳимме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо ҳам 27-уми июн, ки Рўзи ваҳдати миллӣ ном дорад, воқеан як рўзи таърихӣ ва сарнавиштсоз аст. Понздаҳ сол пеш дар рўзи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни тоҷикон ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола амалан хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи кишвари моро дигаргун кард.
Баргузории иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 ва рӯи кор омадани Ҳукумати нав ва роҳбари нави давлат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор намуд.
Акнун давраи ҳассоси кору фаъолияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, давраи талош барои якпорчагии кишвар ва ваҳдати мардум, ҳифзи марзу бум ва пойдории истиқлолият оғоз гардид. Муҳтарам Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рўзи ба даст гирифтани роҳбарии кишвар барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро ҳадафи аслии худ ва ҳукумати навтаъсисаш эълон кард ва мардумро дар дохилу хориҷ ба муттаҳид шудан дар атрофи Давлату Ҳукумат даъват намуд.
Ва аз ҳамон рўз қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳ гузошта шуд. Роҳ ҳамвор набуд. Аз як тараф пайдо шудани кинаву нобоварӣ дар дохил ва аз тарафи дигар - тамаъҷўии баъзе кишварҳо дар хориҷа намегузошт, ки тоҷикон дар фурсати кутоҳ ба сулҳ бирасанд. Раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарўзӣ ва фидокорию ҷуръати хосеро талаб мекард, ки ба кумаки Парвардигор ва бахти миллати тоҷик, роҳбари ҷавонаш чунин хислатҳои олиро доро буд. Ҳар бор, ки музокироти сулҳ миёни ҳайатҳои музокиракунандаи ҳукумат ва мухолифин ба бунбаст мерасид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳол вориди ҷараён мешуд ва зимни суҳбат бо роҳбарони мухолифини тоҷик кўшиш мекард, ки ҳануз музокирот қатъ нашуда ва нобоварӣ миёни тарафҳо ба вуҷуд наомада, мушкил ҳал шавад ва музокирот идома ёбад.
Авҷи талошҳои пайгирона ва хастанопазиру фидокоронаи Президенти Тоҷикистон, сафар ба деҳаи дурдаст ва кўҳистонии Хусдеҳи Афғонистон дар зимистони соли 1996 буд. Дар он рўзҳо музокироти тоҷикон ба поёни худ наздик мешуд ва сулҳи деринтизор аз дур чеҳраи худро намоён мекарду аввалин шуълаҳои умедро дар дили мардум фурўзон менамуд.
Бо талоши муҳтарам Президенти кишвар ва кумаку мусоидати роҳбарони вақти Афѓонистон деҳаи кўҳистоние бо номи Хусдеҳ дар музофоти Фархори вилояти Бадахшони Афѓонистон барои ин мулоқот интихоб шуд. Дар айни ҳол, масъулон таъкид карданд, ки касе амнияти Президенти Тоҷикистонро дар ин деҳа кафолат дода наметавонад. Вале аз он ҷо, ки ин мулоқот ягона роҳи расидан ба сулҳ буд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба мардуми худ дар ин бора ваъда дода буд, на хатарҳои амниятӣ, на даргириҳои шабонарўзии Афѓонистон ва на вазъи хатарноки Хусдеҳ натавонист ӯро аз азмаш баргардонад. Президенти Тоҷикистон дар рўзи муайяншуда ба Хусдеҳ ҳозир шуд ва пас аз он ки чархболи ў ва ҳамроҳонаш бо мушкилоти зиёде дар ин деҳа фуруд омад, мулоқот сурат гирифт ва зимни баррасии масоили пешомада, охирин монеа аз сари роҳи сулҳ бардошта шуд.
Дар он шабу рўз аз як тараф душманони раванди сулҳи тоҷикон кам набуданд ва аз тарафи дигар рақибони давлати Афѓонистон дар дохилу хориҷ эҳтимол дошт, ки барои бадном кардани давлати мизбон ба ҳар гуна амали инфиҷорӣ даст зананд. Хираду заковати худододӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯз душвориҳои зиёде пушти сар шуданд, вале ниҳоят гавҳари мақсуд ба даст омад.
Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни тоҷикон дар канори истиқлол бузургтарин рўйдод дар поёни асри 20 буд. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод. Оҳиста-оҳиста вайронаҳо ва харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ обод карда шуданд, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ таѓйиру иловаҳо ворид гардиданд, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Ин амр имконият дод, ки пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам шуда, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё гардад, қисмати зиёди гурезагон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, заминаҳои устувори ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам гардиданд ва шукри Парвардигор, ки бо заҳмату талошҳои зиёди Пешвои миллат ниҳоят сулҳу суботи саросарӣ ба вуҷуд омад.
Баъд аз истиқрори сулҳи тоҷикон ҳамкориҳо ва равобити судманди Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигар рў ба беҳбудӣ оварда, дар як муддати кутоҳ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа сармоя ворид шуд ва сатҳи зиндагии мардум рўз то рўз беҳтар гардид. Дар як давраи кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кардани Тоҷикистон ва мунтазам боло рафтани эътибору манзалати он, ҳамчунин раванди ноҳамвори дастёбӣ ба сулҳи фарогир аз нақши волои дипломатия дарак медиҳад.
Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад. Сиёсатмадорону коршиносон ҳангоми суханрониҳо аз минбарҳои гуногун, гуфтушунидҳо, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаву низоъҳои ҳаммонанд ба кор бурдани нақшаи тоҷикии ҳаллу фасли масъаларо пешниҳод менамоянд.
Ҳамин тариқ, бо имзои созишномаи сулҳ ва тадриҷан пиёдашавии рукнҳои он робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфта, эътибору нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста меафзояд. Заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои гуногуни дунё, созмонҳои мухталифи байналмилалӣ таҳким ёфта, дар мавриди роҳандозӣ ва инкишофи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд қадамҳои устувор бардошта мешавад.
Рўйдодҳои таърихӣ хусусияте доранд, ки аҳаммияташон на дар замони вуқўъ, балки бо гузашти солҳо дарк карда мешавад. Имрўз ҳар қадар, ки аз 27-уми июни соли 1997 фосила мегирем, ба ҳамон андоза нақш ва аҳаммияти он дар мавҷудияти кишваре бо номи Тоҷикистон бештар ба чашм мерасад. Танҳо акнун бо таҳлили вазъияти онрўзаву имрўзаи ҷаҳонӣ ва дар паҳлўи ҳам қарор додани воқеаҳои таѓйирёбандаи ҷаҳони кунунӣ, ба ин андеша фурў меравем, ки агар Худованд он рўзи саидро дар китоби зиндагии миллати мо рақам намезад, имрўз мо чӣ рўзгоре медоштем. Худованд дар Қуръони карим мефармояд:
“Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед, пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар бародар шудед; ва бар каронаи маѓоке аз оташ будед, пас, шуморо аз он раҳонид. Худо ҳамчунин нишонаҳои Худро бароятон баён мекунад, то бошад ки роҳ ёбед”. (Сураи “Оли Имрон”, ояти 103)
Агарчи ин ҷангро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ карда буданд, аммо миллати мо андаке дер ҳам бошад, исбот кард, ки қудрати дарки масъаларо дорад ва сарнавишти худро худ муайян мекунад.
Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дўст кумакҳои зиёде дар раванди сулҳ ба мо расонданд, вале маҳз фидокориҳои Сарвари давлат, хосту иродаи матин ва хиради азалии миллат, ҳамчунин гузашту ҳамдигарбахшии тарафайн сулҳро ба кишвар бозгардонд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сулҳ, ин бозгашти амнияту осудагии доимӣ ба кишвари мост. Воқеан, амнияте, ки имрўз мо дорем, самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилист. Имрўз коршиносони минтақа шаҳри Душанберо боамнтарин пойтахти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меноманд.
Дар асри бистум, ки неруҳои даргир дар бисёр кишварҳои ҷаҳон борҳо сулҳ баставу борҳо аҳд шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки то имрўз аз сўи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири ҷорӣ намудан дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Бояд зикр кард, ки аз замони ба сари қудрат омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон бо ҷашнҳои пуршукўҳ таҷлил гардида, аҳвол ва рўзгор, инчунин осори гаронбори онҳо мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифт.
Хизматҳои муҳтарам Президенти кишвар на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам қадр карда шудаанд. Барои саҳмгузорӣ дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер сазовор дониста шудааст. Ҳамчунин, барои хидматҳои басо арзишмандаш дар ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дўстии миёни ҷумҳурии Исломии Афѓонистон ва ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони олии давлатии «қаҳрамони миллии Афѓонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд» низ сарфароз гардидааст.
Соли 2005 боз як ҷоизаи олӣ - медали тиллоии "Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо"-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки дар байни сарони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ў аввалин касе буд, ки ин ҷоизаро сохиб шуд.
Бо заҳмату талошҳои доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, ба сўйи ояндаи нек қадам гузошт.
Саидмукаррам Абдуқодирзода
Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон