الصفحة الرئيسية المقالات Шахсият ва осори Мавлоно

Шахсият ва осори Мавлоно

Шахсият ва осори Мавлоно
2021-08-17
1714

Муаллифони аксари сарчашмаҳо таъкид бар он доранд, ки Ҷалолуддин аз хурдсолӣ дорои ақлу ҳуши даррок ва маърифати кофи буд. Мавлоно, ба қавли донишманди маъруф Бадеъуззамони Фурӯзонфар, «аз ҳайси ахлоқ ва хайрхоҳии халқ ба бузургтарин анбиёву авлиё ва мардони Худо ва хидматгузорони олами инсоният шабеҳ аст ва аз рӯйи ҳаққу рости метавон ӯро дар радифи бузургтарин роҳнамоёни башар қарор дод» Худовандгори Балх дар васияти асҳоб фармудааст: Ман шуморо ба тақвои Худо дар сирру ниҳон, ба камии таому хоб, камии сухан ва тарки гуноҳ, давоми рӯза, давоми қиём ,тарки шаҳавоти бардавом , таҳамул бар дурӣ аз ҳама мардум , тарки ҳамнишинӣ бо аҳмақон, ҳамнишини бо солеҳон васият мекунам.

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат миссҳо зарин шавад.

Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,

В-аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.

Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,

Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.

Ин муҳаббат ҳам натиҷа(й) дониш аст,

Кай газофа бар чунин тахте нишаст?

Ҷалолуддини Балхӣ соли 1225 дар шаҳри Лоранда бо тавсияи падар бо Гавҳархотун –духтари яке аз муридони дӯстдоштаи падараш Хоҷа Шарафуддин Лолои Самарқандӣ, ки аз Балх ҳамроҳаш омада буд, издивоҷ намуд. 

Мавлоно аз ин издивоҷ соҳиби ду фарзанд шуд, ки яке Баҳоуддин Муҳаммад ва дигарӣ Алоуддин  Муҳаммад мебошад. Ҷалолуддини Балхӣ пас аз вафоти Гавҳархотун(соли1229) бори дигар бо Қарохотун ном зане (шояд аз туркҳои Қуния) издивоҷ мекунад. Ин зан аз шавҳари собиқи худ писаре бо номи Шамсиддини Яҳё ва духтаре бо номи Кимиёхотун дошт, ки Мавлоно онро баникоҳи Шамси Табрезӣ дароварда буд.Қарохотун барои Мавлоно низ як духтар (Маликахотун) ва як писар(Музаффариддин) овард. Писари калонии Мавлоно Баҳоуддин Муҳаммад дар Қуния ва Шом таҳсили илмнамуда, баъд аз вафоти Ҳисомуддини Ҷалабӣ ба хилофати мавлавия нишаст. Мавсуф дар гуфтани шеър ҳам дасти тавоно дошт ва Султон Валад тахаллуси ӯст.Аз вай осоре бо номи «Валаднома» («Ибтидонома»), «Рубобнома» «Интиҳонома» боқӣ мондааст. «Ибтидонома»

аз 8313 байти форсӣ ва «Рубобнома» аз 7745 байти форсӣ, 214 байти арабӣ, юнонӣ ва туркӣ иборат аст. Абёти туркии он қадимтарин намунаи шеъри туркии ғарбӣ мебошад. Бо тавсияи падар Султон Валад бо духтари Салоҳиддини Заркӯб хонадор шуд ва ҳосили ин заношӯӣ чаҳор писар-Орифи Чалабӣ, Обиди Чалабӣ, Зоҳиди Чалабӣ, Воҷиди Чалабӣ ва як духтар-Мутаҳарраи  Султонобид мебошад. Писари дуюми Мавлоно Алоуддин Муҳаммад ба қавле ба сабаби беморӣ вафот кард ва ба қавли дигар, дар пайи фитнае соли 1262 дар Қуния кушта шуд ва аз ӯ насле боқи намондааст.Фарзанди сеюми Ҷалолуддини Балхӣ Музаффариддин дар қасри шоҳони салҷуқӣ хидмат намудва то вазифаи хазинадори ин даргоҳ расид. Духтари Мавлоно Маликахотун бо тоҷире бо номи Шиҳобуддин оила бунёд намуда, фарзандон ҳам доштааст.

Аз Мавлонои Балхӣ ҳам дар ҳам дар назм ва ҳам дар наср осори муҳиму пурарзише ба ёдгор мондааст.То рӯзҳои мо беш аз 500 дастнависи осори ӯ расида , теъдоди шарҳу тафсир ва асарҳое,ки дар пайравӣ бо онҳо таълиф шудаанд, аз ин ҳисоб беру наст. Ба андешаи муҳаққиқон, танҳо «Маснавии маънавӣ» аз лиҳози ҳаҷм бо кулли осори Ҳомер( «Илиада» ва «Одиссей») бароббар буда ,аз «Маҳзакаи  Илоҳӣ»-и Данте ду маротиба бештар ва аз «Шоҳнома -и» Фирдавсӣ ду маротиба камтар аст(8,25). Албатта, он чӣ ки Мавлоноро ҳамчун сухангустари соҳибэъҷоз машҳури хосу ом намуд, осори манзуми ӯст ва асарҳои мансураш ба пояи ин шуҳрату маҳбубият нарасидаанд. Вале ин осор низ дар маҷмуъ дар дарку шинохти саҳеҳи чеҳраи илмиву адабии Мавлоно арзишу моҳияти калидӣ доранд.

1) «Фиҳӣ мо фиҳӣ»(«Дар он аст , он чӣ дар он аст») Муҳимтарин асари мансури Мавлоно буда, маҷмӯаест аз суханони ӯ дар хитоб ба сомеъон ва ё дар посух ба пурсишҳое,ки кардаанд. Дар) «Фиҳӣ мо фиҳӣ» на як мавзуи мушаххас, бал,ки мавзуъоти гуногуне дар бахшҳои ахлоқ, ирфон, тафсири оёту аҳодис ба равиши хоси Мавлоно мавриди баррасӣ қарор гирифта , суханони машоихи сӯфия ва ҳикоёти латиф барои тақвияти андеша оварда шудаанд.

2) «Мактубот».Тақрибан аз 144- бештар ё камтар – нома ва муроҷиатҳои мавлоно фароҳам омадааст, ки ба пайвандон ,дустон, донишмандон, муридон ва ҳокимон иншо шуда , бештар масъалаҳои хусусиро фаро мегирад.

3) «Маҷолиси сабъа» Маҷмӯаи ҳафт хутба, мавъиза ё хитобаи Мавлоност, ки аз минбар барои доираи васеи сомеъон эрод шудаанд. Онро шогирдони Мавлоно зимни маҷлисҳои вазъи ӯ китобат намудаанд ва баъдан  аз ҷониби Султон Валад таҳрир  ва танзим гардидааст.

4) «Девони кабир» «Куллиёти Шамс» ё «Девони Шамси Табрезӣ» аз 42 ҳазор байт( ба қавли дигар , 36360 байт) иборат буда , он 3502 ғазал, 44 тарҷеъбанд, 2 қитъа ва 1995(баъзан 1659,1983 ва 2000 низ гуфтаанд) рубоиро дар бар мегирад. «Девони кабир» як навъи зуҳури ботини Мавлоно буда, аксари ғазалҳои он оҳангҳои ошиқона , ҳамосӣ, ирфонӣ, таълимӣ, мавъизаомез, шиквоӣ, фахрия доранд.

5) «Маснавии маънавӣ» муҳимтарин машҳуртарин асари Мавлоно ва яке аз бузургтарин намунаи назми ирфонии форсӣ- тоҷикӣ мебошад. Он дар фалсафа, ирфон ва ахлоқ иншо шуда, аз шаш дафтар иборат аства дар баҳри рамали мусаддаси маҳфуз ё мақсур (фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилот таълиф гардидааст.) Маснавӣ аз 25685(ба қавлеи Афлокӣ аз 26660 ва Николсон 25632) байт иборат буда, дафтари шашум нотамом мондааст(10,65). Таълифи ин асар андак пеш аз соли 1258 оғоз шуда, дафтари аввали он соли1261 ба охир расид. Дар ин давра ҳамсари ҲисомуддиниЧалабӣ, ки мубаллиғу мушаввиқи таълифи  «Маснавии маънавӣ»буд, вафот кард ва бар асари ин андӯҳ нигориши дафтари дувуми маснавӣ ду сол ба таъхир афтод. Соли 1263 ин кор аааааз нав шурӯъ гардид ва ин бор бетанаффус идома ёфт. Нигориши ин асар бо фаро расидани  марги Ҷалолуддиннотамом монд ва охирин дафтар  дар миёни достоне хатм мешавад. Дар маҷмуъ , шоир болои ин асар12 сол заҳмат кашид вав шогирди вафодораш ҲисомуддиниЧалабӣбаъд аз вафоти Мавлоно қариб даҳ сол дар таҳриру тасҳеҳи  осори бозмондаи ӯ бо муҳаббату ихлоси комил саъй варзид.

Маснавии мо дукони ваҳдат аст,

Ғайри воҳид ҳар чӣ бинӣ, он бут аст.

Исоев Насим – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломи Маркази исломшиносӣ

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر