الصفحة الرئيسية المقالات РИЗОИ ХУДО ДАР РИЗОИ ВОЛИДАЙН АСТ

РИЗОИ ХУДО ДАР РИЗОИ ВОЛИДАЙН АСТ

РИЗОИ ХУДО ДАР РИЗОИ ВОЛИДАЙН АСТ
2021-08-24
1371

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Мақому ҷойгоҳи волидайн дар дини мубини Ислом басо бузург аст, зеро баъди саҷда овардан ба Худованди бузург ва итоати Расули акрам (с), аз ҷумлаи корномаҳое, ки нисбат ба дигар корномаҳо афзалтаранд, эҳтироми волидайн мебошад. Худованд ҳурмату таъзими падару модарро бар дўши бандагонаш баъд аз тоату ибодати худ қарор додааст. Ҳар қадар, ки фарзанд барои падару модар хидмат намояд ва амру фармони онҳоро ба ҷо орад, ҳамон қадар иззату икроми ў ҳамчун банда назди Худованд баланду беҳтар мегардад. Ин ҳукми Қуръони карим аст, ки дар сураи «Луқмон», дар насиҳати ҳазрати Луқмон ба писари арҷманди худ ба тамсил овардааст. Аз ҷумла дар ин ояти карима омадааст:

«Ва гуфт Луқмон ба писари худ дар ҳоле, ки ўро панд медод: Эй писаракам! Ба Худо шарик наёвар, ки ширк зулми бузурге аст. Ва тавсия намудем ба инсон, ки ба падару модари худ некўӣ кунад». («Луқмон», 13-14)

Уламо мегўянд, ки қадру манзалати падару модар дар назди фарзанд баъд аз азамати  Худои таъоло меистад. Ҳазрати Паёмбар (с) ҳам дар ҳадиси шарифи худ ба мо дарс дода, мегўянд, ки: «Ризаллоҳи фӣ ризал-волидайни ва сахатуҳу фӣ сахатиҳимо». Яъне, «Хушнудӣ ва ризои Худои таъоло дар хушнудӣ ва ризои падару модар аст ва хашму ғазаби Худои таъоло дар хашму ғазаби падару модар аст». Ҳамин ду далели рўшан барои мо бас аст, ки қадру манзалат ва мартабаи падару модарро назди Худои таъоло донем.

Фарзанд аз рўзе, ки ба олами ҳастӣ чашм кушод ва афтону хезон аз паси модар ё падар пеш мехазид, дар ҳар ҳину ҳангом дасти шафқату навозиши волидайни худро эҳсос мекард ва садоқати онҳо ба ў бо хуну ҷисму ҷони ў решапайванд шудааст. Ҳама ин санъати илоҳӣ, ки бо илми азалии худ аз фарзанди одам одами дигар ба олам падид меорад, албатта шукру сипос ва миннати беандоза мехоҳад.

Худои таборак ва таъоло барои пос доштан ва эҳтиромгузорӣ кардан ба ин неъматҳои бузурги худ ва барои ба ҷо овардани қарзи фарзандӣ мефармояд:

«Ва ҳукми Парвардигори ту ин аст, ки Худои таъолоро ба яккаву ягонагӣ бишносӣ ва ба ў чизеро аз (ашёи) олам шарик наорӣ ва бар падару модари худ некўӣ кунӣ…». (Сураи «Исро», ояти 23)

Аз ояти дар боло зикршуда равшан мегардад, ки эҳтироми волидайн, раҳму шафқат ба онҳо, илтифоту меҳрубонӣ нисбати онҳо, ҳалимӣ ва таҳаммул доштан дар баробари хостаҳои онон ин вазифаи ҳар як мусулмон мебошад.

Дини бузурги Ислом беҳурматӣ нисбат ба волидайнро гуноҳи азим мешуморад. Дар ин хусус дар яке аз ҳадисҳо гуфта мешавад:

«Гуноҳҳои бузургтарин ин фурўхтани рафиқи худ дар назди Худо, беҳурматӣ нисбат ба падару модар, ба қатл расонидани шахс ва қасами дурўғ мебошанд» (Ривояти Муслим ва Тирмизӣ).

Ягон фарзанд агар қатрае имон ва виҷдон дошта бошад, наметавонад, ки нисбати волидайни худ беҳурматӣ намояд, зеро ки онҳо ўро ба дунё оварда, ҳамроҳаш шабҳои бехобӣ кашида, худ нахўрдаву напўшида калон карда, чи қадар сахтию душвориҳои ҳаётро аз сар гузаронидаанд, ҳатто намондаанд, ки пашшае ба рўи тифли онҳо нишинад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрўза ин гуна беэҳтиромӣ ба волидайн мушоҳида мешавад ва дастуроти Парвардигор ва тавсияҳои Пайғамбар (с) чандон риоя карда намешавад. Фарзандони нохалаф, ки аз хурдсолӣ аз тарбия ва таълими исломӣ ва инсонӣ бебаҳра мондаанд, дар ранҷу азоби волидайн даст доранд. Пас чӣ гуна итминон ва боварӣ ҳосил кардан метавон, ки имрўза як зумраи ҷавонон ба сўи падар бо хашм нигоҳ намекунанд, ё бар болои овози ў овози худро баланд намекунанд ё фармони ўро иҷро намекунанд?

Расули акрам (с) дар ҳадиси мубораки худ чунин фармудаанд: «Ба падарони худ некўӣ кунед, фарзандонатон ба шумо некўӣ мекунанд».

Ҳар фарди мусулмон бояд волидайни хешро ҳурмату эҳтиром намояд, нисбати онҳо раҳму шафқат зоҳир кунад, ҳамаи хоҳишу дархости онҳоро, ки ба дини Ислом мухолиф набошанд, ба қадри имкон ба ҷо биёрад. Чунин ҳурмату меҳрубониро нисбати волидайн дар тўли ҳаёти онҳо нигоҳ доштан лозим аст, зеро ин вазифаи ҳар як мусулмон мебошад.

Дар ҳадисе, ки Абўҳурайра (р) овардааст, гуфта мешавад, ки боре назди Расули акрам (с) шахсе омада пурсид: «Эй Расули акрам, кадоме аз одамон ба ман нисбат ба дигарашон боҳурматтар ва сазовори хизмат кардан мебошанд?». Расули акрам (с) ҷавоб доданд: «Модарат». Он шахс боз пурсид: «Баъди вай кӣ?». Расули акрам (с) боз ҷавоб доданд: «Модарат». Он шахс боз пурсид: «Баъди вай кӣ?». Расули акрам (с) боз ҷавоб доданд: «Модарат». Он шахс бори чаҳорум пурсид: «Баъди модар кӣ бошад?». Расули акрам (с) ба ў ҷавоб доданд: «Падарат». (Ривояти Муслим).

Мо бояд нисбат ба волидайн ҳурмату эҳтиром ба ҷой орем, онҳоро хурсанд намоем, роҳҳои лутфу илтифоти онҳоро ҷустуҷў намоем, ба дуои хайри онҳо сазовор шавем. Бояд бо фараҳу хурсандӣ ҳар як хоҳиши онҳоро, ки ба Ислом хилоф нест, иҷро намоем, эҳтиёҷоти моддӣ ва дигар дархостҳои онҳоро таъмин кунем. Фаромўш набояд кард, ки беҳурматӣ нисбати модар аз ҳамаи гуноҳҳо сахттар аст. Набояд фаромўш кард, ки фарзандоне, ки волидайни худро ҳурмат намекунанд, дар назди фарзандон шахсони соҳибэҳтиром намешаванд. Баъди вафоти волидайн ба хотири неки онҳо дуо бояд кард, зеро ки розигии Худо дар хушнудии волидайн аст.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол таманно дорем, ки ҷавонони имрўза ин дастуроти Худованд ва тавсияҳои судманди Пайғамбари акрам (с)-ро сармашқи кору зиндагии худ намоянд, то ба комёбӣ ва саодати дорайн ноил гарданд.

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر