الصفحة الرئيسية المقالات ФАЗИЛАТИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

ФАЗИЛАТИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

ФАЗИЛАТИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
2021-10-01
1878

    Сипосу ҳамди бепоён ба Холиқи ягонаву бениёз,ки бар инсон, дар баробари неъматҳои фаровон, неъмати фарзандро низ ато фармуд. Ва дуруди беинтиҳо ба Паёмбари маҳбуби мо - ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам.

         Худованди Субҳон падару модарро бо ин неъмати пурарзиш сарфароз намуда, фарзандро мояи хушбахтии волидайн дар дунё бигардонд.

        Вале дар баробари он, ба ӯҳдаи падару модар масъулияти бузург - тарбияи фарзандро вогузошт ва фарзандро сабаби имтиҳони эшон  дар ин олам қарор дод.

        Агар оиларо ба боғе ташбеҳ диҳем, падару модар - боғбон ва фарзанд- меваи ин боғ аст.

        Пас боғбонро зарур аст,ки донаи поку беолоиш ва холис аз чирку олудагиро бар замин пошад ва мазрааи хешро аз сарчашмаи поку ноб, об диҳад. То меваи боғи ӯ низ солим ва бегарду ғубор нашъунамо ёбад.

        Чуноне   Шайх Саъдӣ мефармояд:

Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,

Аз боғ лола рӯяду аз шӯрабум хас.

         Бале, агар худи боғбон нопоку олуда бошад, ҳалолро аз ҳаром фарқ накунад, сарчашмаи даромадаш аз нопокӣ бошад,чӣ гуна метавонад боғи пурсамари пур аз меваҳои солим бунёд созад?! Чӣ гуна аз донаи пучу кирмдор метавон ҳосили наку интизор шуд?!

         Бале, боғбонҳои оила, яъне падару модар барои тарбияти фарзандони хеш дар назди Худои Мутаъол масъулияти хеле бузург доранд.

        Пеш аз он ки соҳиби фарзанд шаванд, нахуст бояд худро аз ҳар гуна гуноҳу разолат ва амалҳои зишту мамнуъ пок созанд. Бояд аз касби ҳалол сарчашмаи даромади худро пайдо намуда, соҳиби ахлоқи накую писандида ва ҳаёву иффат бошанд, то фарзандони эшон низ чунин ба камол расанд.

        Пас аз таввалуди фарзанд бояд кӯшид, то онҳоро аз кӯдакӣ ба Худошиносию Ватандӯстӣ, илму маърифат ва ахлоқи ҳамидаву одоби писандида тарғиб намуд.

        Ҳар боғбон кӯшиш мекунад, атрофи боғи худро бо девор иҳота намояд, то аз хавфи ҳайвоноти ваҳшиву инсонҳои дузду ғоратгар эмин бимонад.

         Девори оила бошад, илму одоб аст. Агар падару модар аз хурдсолӣ фарзанди худро хушахлоқу боодоб ва боилму дониш тарбия намояд, гўё ӯро бо девори баланду мустаҳкам иҳота намудааст.

        Ва баръакс, агар ба айшу ишрат ва лаззатҳои нафсонӣ машғул шуда,  дар тарбияи фарзанд бепарвоӣ кард, он боғбонеро мемонад, ки ҳосили боғи худро дар ихтиёри гургу шағол гузоштааст.

        Фарзанди некуву хушахлоқ ва соҳиби илму дониш ба дарахти пурсамар мемонад, ки он орзуи ҳар боғбон аст. Вале фарзанди баду ноқобил чун дарахти кирмхӯрдаи бесамар аст, ки ба ғайр аз ҳезум ба кор намеояд.

        Ба қавли шоир:

Фарзанди хуби боадаб боғи падар модар бувад,

Фарзанди шуми беадаб доғи падар модар бувад.

        Паёмбари гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам беҳтарин инсони омӯзгор ва хирадмандтарин мураббии насли инсоният аст. Он ҳазрат бо фазли Аллоҳи Мутаъол ва фитрати олии инсонӣ на танҳо беҳтарин фарзандонро тарбия намуд, балки дар мактаби бузурги хеш, ки аз сарчашмаи ноби Қуръон ва аҳодиси набавӣ маншаъ мегирифт ва назири онро дигар ҷаҳон надидаву нахоҳад дид, ҳазорҳо саҳобагонро тарбият дод, ки ҳар кадоме аз эшон дар илму ҳикмат, фазлу хирад, парҳезу сидқ, ҷуду сахо, ҳаёву иффат ва лутфу карам беҳтарин намуна барои аҳли башар то рӯзи қиёмат шуданд. Худованд аз ҳамаи эшон розӣ бод!

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر