الصفحة الرئيسية المقالات МАВҚЕИ ЗАН ДАР ХОНАВОДАВУ ҶОМЕА АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

МАВҚЕИ ЗАН ДАР ХОНАВОДАВУ ҶОМЕА АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

МАВҚЕИ ЗАН ДАР ХОНАВОДАВУ ҶОМЕА  АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
2022-03-05
1964

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано ба Худованди мутаъол ва дуруд ба Расули акрам (с) ва олу асҳоби ў бод.

            Дар бораи зан ва модар олимону шоирон ва нависандагон ҷилд-ҷилд китобҳо ва садҳо дафтар шеърҳо навиштаанд. Занро сутуни маънавии хонавода ва сарчашмаи тамоми хушиҳои зиндагӣ меноманд, ки комилан дуруст аст. Дар хонаводае, ки зан-модар нест, он ҷо хурсандӣ ва файзу баракат ҳам нест. Зан мисли чароғ хонаро равшан мекунад. Аз ҳама бузургии асосии зан - модар ҳамин аст, ки ў фарзанд ба дунё меоварад. То таваллуди фарзанд азоби зиёд мекашад, баъди таваллуд низ то ба камол расидани фарзанд доимо дар ташвиш аст. Яъне модар умри худро ба фарзандаш мебахшад. Магар аз ин бузургтар қаҳрамонӣ мешавад? Албатта, не.

            Мардуми тоҷик аз қадим нисбат ба зан ва модар эҳтиром дошт. Тамоми мардони бузурги дунёро модарон таваллуд кардаанд. Ягон зан пайғамбар нест, аммо ҳама пайғамбаронро занон таваллуд кардаанд. Аз ин сабаб Пайғамбари бузурги ислом – Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд, ки: «Биҳишт зери қадами модарон аст».

            Таърих гувоҳ аст, ки занон баробари мардон барои ҳимояи ватан саҳм гузоштаанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Гурдофарид амал мекунад, ки барои наҷоти ватанаш хеле нотарсона меҷангад.  Дар замони мо низ эҳтироми модарон кам не, бештар шудааст. Масалан, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб дар кишвари мо Рўзи Модар қайд мешавад. Пештар ин ҷашн бо номи Рўзи байналхалқии занон таҷлил мешуд. Сарвари давлати мо исбот намуд, ки халқи тоҷик аз қадим ҷашни модарро қайд мекарданд. Донишманди асримиёнагӣ – Абўрайҳони Берунӣ менависад, ки иди занон дар замони ориёиҳо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд, ҷашн гирифта мешуд. Ин расм дар баъзе вилоятҳои Эрон бо номи «муждагирон» то ҳол боқӣ мондааст.

            Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи қадру эътибори зан-модар аҳамияти калон медиҳад. Занон баробари мардон дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ фаъолият мекунад. Ҳам дар Конститутсияи Тоҷикистон ва як силсила қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои баробари занону мардон зикр шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз як миллион занону духтарон дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа кор мекунанд. Қисми зиёди кормандони соҳаҳои маорифу тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Беш аз панҷоҳ ҳазор нафар омўзгорон занон мебошанд. Аз соли 1999  инҷониб бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон занон ба корҳои роҳбарӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳоло беш аз 5 ҳазор нафар занон дар корҳои роҳбарӣ машғуланд.

Агар зан босавод бошад, фарзандонашро низ босавод мекунад. Аз ҳамин сабаб, соли 1997 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон квотаи президентиро ташкил намуданд, ки мувофиқи он духтарон аз ноҳияҳои дурдаст барои таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар тўли 15 соли охир 8 ҳазор духтарон аз рўи квотаи президентӣ соҳиби ихтисос шудаанд.

            Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси олии мамлакат  таъкид кардаанд, ки “мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.

Як намунаи басо арзишманди ғамхории Ҳукумати кишвар ба занон санади муҳимми давлатӣ -  «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» мебошад, ки дар он як силсила тадбирҳо оид ба устувор намудани мавқеи бонувон дар ҷомеа таъкид шудааст. Инчунин зиёд шудани ҳаҷми грантҳои Президенти мамлакат ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занону бонувони соҳибкор аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлат амалӣ шуда истодаанд.

Маълум, ки дин дар радифи дигар аносири фарҳанги башарӣ навъи шуури иҷтимоист. Дар ислом, ҳамчун дини бузурги ҷаҳонӣ ду меъёри муҳим – адолатнокиву инсондўстӣ бартариҳо дорад ва ҳамин адолату башардўстӣ дар масъалаи муносибат ба зан муассиртар ба мушоҳида мерасад. Дар ибтидои пайдоиши ин дин таълимоти ҳуқуқии он низ арзи вуҷуд кард, ки ба илму дониш, мубориза бо таассубу хурофот, ҳақиқатпарвариву адолатпарварӣ ва гиромидошти инсон асос меёфт. Дар як муддати кўтоҳе тамоми хулқу атвори бади инсонӣ ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рўҳиву равонӣ аз самараи таълимоти адолатасоси ин дини мубораку покизаниҳод бартараф шудаанд. Чунончи, расму одатҳои вазнину ғайриинсонии қавму қабоили араб – ҳамчун молу коло арзиш доштани зан, зинда ба гўр кардани духтарони навзод, маҳрум кардани занон аз ҳуқуқи мерос ва ғайраҳо зуд бартараф карда шуданд.

Чизи муҳим ҳамин аст, ки Қуръони азимушшаън ва аҳодиси Паёмбари гиромии Ислом (с) муҳимтарин сарчашмаҳои меъёрӣ барои танзими муносиботи аҳли ҷомеа ба шумор меоянд ва махсусан дар Қуръони карим он миқдор меъёрҳое нисбат ба ҷойгоҳи зан дар оилаву ҷомеа мавҷуданд, ки дар ягон китоби муқаддаси адёни дигар вуҷуд надорад. Ягон паҳлуи ҳаёти хонаводагӣ ва билхоса, зан намонда, ки онро ин ду маъхази меъёрҳо – яке Қуръони азимушшаън ва дигаре аҳоиси муборак танзим накарда бошад. Фаразан, никоҳ ва шарту шароити он, ҳуқуқҳои зану мард ва фарзандон дар оила, масъалаи идда, навъҳои талоқ, усулҳои устувор нигоҳ доштани оила ва ғайра. Қуръони карим (дар ояти 32-юми сураи «Нур») мефармояд: «Бояд мардон бе зан ва занон бе шавҳар намонанд ва канизон ва бандагони худро ба никоҳи якдигар дароваред (то миёни муъминин мард бе зан ва зан бе шавҳар боқӣ намонад ва аз фақирӣ матарсед), агар мард ва зане фақиранд, Худо бо лутфи худ ононро бениёз ва мустағнӣ мегардонад».

Дар ин ояти муборак шарт будани никоҳ ва бунёди оила ҳукм шудааст, ки дар тамоми тамаддунҳои ҷаҳонӣ онро асли суботу пешрафти ҷомеаҳо мешуморанд. Дар ояти 23-юми сураи «Нисо» Худованд фармудааст: «Ҳаром шуд бар шумо издивоҷ бо модар ва духтар, хоҳар ва амма ва хола ва духтари бародар ва духтари хоҳар ва модарони разоъӣ ва модари зан ва духтарони зан, ки дар домани шумо тарбият шудаанд».

Бо чунин меъёри олӣ дини мубини ислом бартарӣ ва афзалияти ахлоқиву маънавии худро нисбат ба ҳама адёни дигар ба исбот расонид. Ғайр аз ин, дини муқаддаси ислом таъкид мекунад, ки мард бояд сарпарасти зан бошад ва нафақаи зан ба уҳдаи мард аст. Мард ва падари комёб ҳамон аст, ки ба умури хонавода аҳаммият бидиҳад ва нахустин касе бошад, ки ранҷу сахтиҳои хонаводаро ба душ бигирад. Ба ҳар мард лозим аст, ки нисбат ба зан муносибати нек ва солим дошта бошад ва зан низ ҳақ надорад, ки ба мард бо диди ҳақоратомез бингарад ва ба ў бадбин бошад. Дини мубини Ислом ба зан ва тарбияи ў таваҷҷуҳи зиёд қоил аст. Масалан, дар ривояти Имом Муслим Паёмбари гиромии Ислом (с) самараи тарбия ва ба воя расонидани занро чунин иброз намуда ва ба ин амали хайр умматашро ташвиқ кардааст: «Касе ба сарпарастии духтарон мубтало гардад, ба онҳо эҳсон ва муомилаи нек намояд, байни ў ва оташи дўзах ҳиҷоб хоҳад буд».
Яъне аҷр ва савоби тарбия ва таълими ду духтар сарпарасти онҳоро дар биҳишт ба мақоми олӣ мерасонад. Яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандии ҷомеаи муосир ҳуқуқи мерос аст. Қабл аз пайдоиши дини ислом занҳо аз мерос маҳрум буданд ва маҳз тавассути дини ислом зан ҳаққи ғасбшудаашро бозгардонда гирифт ва комилҳуқуқ гашт. Дар ояти 7-уми сураи «Нисо» чунин меъёре ҳаст: «Мардонро ҳисса аст аз он чи бигзоранд падару модар ва хешовандон ва занонро низ ҳисса аст аз он чи бигзоранд падару модар ва хешовандон, аз он чи кам бошад аз мол, ё бисёр бошад – ҳиссаи муқарраршуда».

Ғайр аз ин, тавассути дини мубини ислом зан аз ҳама ҷабру мазлумият наҷот ёфт. Аз таърих маълум аст, ки аҳли ҷоҳилият занҳоро ҷабран мисли молу матоъ мерос мебурданд. Ҳамин ки шавҳари зане вафот меёфт, яке аз меросбарони майит ҷомаеро бар болои зани ў меандохт ва мегуфт: «Инро ман мерос бурдам». Баъди ин он зан мисли дигар амволи майит аз они ў мегардид ва ҳаққи он мард бар болои зан аз нафси зан бештар мебуд. Ислом занро аз ин гуна ҷабру мазлумият наҷот дод ва ин амали қабеҳро ҳаром эълон кард. Аз ин нуқтаи назар Худованди таъоло дар ояти 19-уми сураи «Нисо» фармудааст: «Эй муъминон, ҳалол нест шуморо, ки мерос гиред занонро ба забардастӣ».

Яъне баъди вафоти шавҳари зан ба наздикони шавҳараш ҳалол нест, ки бидуни розигии зани майит ўро ҷабран ба никоҳи худ дароранд. Дар аҳди ҷоҳилият чун мард аз зан ҷудо мешуд, ҳаққи ўро ғасб менамуд ва манъ месохт. Чунончи, мард зани талоқкардаашро, то замоне ки тамоми маҳрро ба ў бознамегардонд, намегузошт то ба шавҳар барояд. Падар ва бародари зан низ ба издивоҷи духтар ва хоҳараш монеъ мешуданд. Шавҳар занро бад медид ва бо ў муомилаи қабеҳ ва зишт мекард ва то агар зан фидя, яъне бадали маҳрро адо наменамуд, ўро талоқ намекард. Дини Ислом ин ҳама зулму ситамро аз байн бурд, чунонки дар ояти 19-уми сураи «Нисо» омадааст: «Ва манъ медоред эшонро аз никоҳ, то бозситонед чизе, ки додаед ба эшон, магар ки кунанд кори беҳаёии ошкоро». Ояти 232-юми сураи «Бақара» низ ба ин шаҳодат медиҳад: «(Пас) манъ макунед эшонро, ки никоҳ кунанд шавҳаронашонро, вақте ки розӣ бошанд дар байни худ ба ваҷҳи писандида».

Аз нигоҳи Ислом зан, қабл аз ҳама, сутун ё худ пояи асосии маънавият ва тарбият, аз ин бештар мўнису ҳамдаму ҳамсози мард ба шумор меравад. Худованди мутаъол дар каломи осмонии худ мефармояд: «Яке аз нишонаҳои азамат ва қудрати Худованд ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсароне барои шумо офарид, то ки шумо дар канори онон ором гиред ва дар миёни шумо меҳру муҳаббат андохт». (Сураи Румояти 21).

Яъне ҳадаф аз офариниши зан ҳамин аст, ки ў барои шавҳараш василаи оромиш ва сукуни қалбӣ мебошад ва ин оят гувоҳи он аст, ки миёни зану шавҳар меҳру муҳаббати амиқ ва хеле самимӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Пайғамбари гиромии Ислом (с) фармудаанд: «Ман шуморо ба хуб будан бо занон тавсия ва насиҳат мекунам ва шумо ин гуфтаи маро бипазиред…».

Аз ҳадиси мазкур бармеояд, ки зан аз назари Ислом мақому манзалати баланд дорад ва бояд мардон ҳуқуқи занонро эътироф ва риоя намоянд. Худованд дар ҷои дигар мефармояд: «Занон барои шумо либос ҳастанд ва шумо барои занон либос ҳастед».

Манзур аз ин ояти карима ин аст, ки байни зану шавҳар иртиботи қавие вуҷуд дорад ва ин раҳмати Парвардигор аст, ки дар байни зану шавҳар ин гуна иртиботи мустаҳкамро барқарор сохтааст, чунки бидуни ин робита онҳо ҳуқуқи якдигарро таъмин карда наметавонанд. Аз ҳамин ҷиҳат Худованд барои осонии таъмини ҳуқуқи зану шавҳар байни онҳо чунон пайванде барқарор намудааст, ки гўё ҳарду ба монанди ду ҷисме ҳастанд дорои як рўҳ. Маълум мешавад, ки адои ин ҳуқуқ, бениҳоят зарурӣ аст ва барои мардон лозим аст, то ин фармудаи Худовандро ба ҷо оваранд. Дар зер бархе аз ин ҳуқуқҳоро зикр мекунем:

  1. Ҳусни хулқ, яъне бо ахлоки неку ва писандида бо зан муомила кардан ва бо ў бархурди нек доштан.
  2. Нисбат ба азият ва озоре, ки аз зан ба ў мерасад, бо эътидоли муайян бардошт ва таҳаммул намояд.
  3. Эътидол ва миёнаравӣ дар ғайрат, ба гунае ки ба зан бадбин набошад ва аз ў ғофил ҳам набошад.
  4. Эътидол ва миёнаравӣ дар нафақа додан, ба гунае ки на исроф кунад ва на сахтгирӣ.
  5. Масоил ва аҳкоми диниро ба ў биёмўзонад ва аз корҳои ношоиста ўро боздорад.
  6. Ба андозаи кофӣ барои зиндагии ў макони зист фароҳам намояд.
  7. Ўро ба назди хешовандонаш, монанди падару модар ва бародару хоҳараш бибарад.

Чунонки дар боло зикр кардем, занон василаи оромиш барои шавҳаронашон ҳастанд. Дар ҳосил шудани ин оромиш барои зану шавҳар фоидаҳои бузурге вуҷуд дорад. Аввал ин ки аз ин амал зиндагии зану шавҳар бо лутфу муҳаббат мегузарад ва онҳо дар ғаму шодӣ ба ҳам шарик мешаванд. Муҳаббат ин аст, ки чун инсон дар хона бошад, хонаводаи худашро тавассути суханҳои нек хушҳол месозад ва ин амал, бидуни шак, равиши зиндагии бандагони баргузидаи Худованд аст. Дар натиҷа худашон низ осуда мешаванд ва зиндагӣ ба коми онҳо хуш мегузарад. Шайх Саъдии Шерозӣ низ ба ин маънӣ мефармояд:

Зани хубу фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Қобили зикр аст, ки дар ҳеҷ давру замоне монанди асри ҳозир масъалаи зан матраҳ набуда ва дар бораи ў то ин андоза баҳси доманадор нашудааст. Албатта ҷои тааҷҷуб нест, ки зан дорои чунин мақому манзалати волое мебошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба зан ба сурати колои қобили хариду фурўш назар кунанд ё дар ҷомеа ҳаққи ўро нашиносанд, балки зан рукн ва пояи асосии хонаводаи инсонӣ ба шумор меравад. Дини мубини ислом бо садои баланд эълон намуд, ки зан яке аз ду асл ва унсуре мебошад, ки инсоният аз онҳо ба вуҷуд омадааст. Худованд дар ояти 1-уми сураи «Нисо» мефармояд: «Эй мардум, аз Парвардигори худатон битарсед, ҳамон ки ҳамаи шуморо аз як нафс (Одам) офаридааст ва ҳамсараш (Ҳавво)-ро аз ҷинси ҳамон нафс ба вуҷуд овард ва аз ин ду (Одаму Ҳавво) мардону занони фаровон бар рўи замин пароканда шудаанд».

Дини ислом инчунин эълон намуд, ки зан дорои шахсият ва масъулияти мустақил мебошад, ки агар солеҳ ва дурусткор бошад, фасоду бадкирдории шавҳараш ба ў зараре намерасонад, ҳамон гуна ки агар зан фосид ва бадкирдор бошад, хайру салоҳ ва тақвои шавҳараш барои ў фоидае нахоҳад дошт. Ҳамон тавре ки кайд кардем, миллатҳои пешин занро таҳқир мекарданд ва ўро шоистаи он намедиданд, ки дар фаъолияти иҷтимоӣ бо мардон шарик бошад. Дар ҳоле ки дини мубини ислом собит намуд, ки зану мард дар фаъолияти иҷтимоӣ мусовӣ ва баробарҳуқуқ ҳастанд. Худованд дар ин маврид мефармояд: «Мардону занони мўъмин бархе дўстон ва ёрони бархе дигаранд, ҳамдигарро ба кори нек даъват мекунанд ва аз кори бад бозмедоранд, намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва ба Худо ва Пайғамбараш итоат мекунанд, инон касонеанд, ки Худованд ба зуди онҳоро машмули раҳмати худ мегардонад, зеро Худованд тавоно ва ҳаким аст».

Ин оят дустӣ ва ҳамкории занону мардони мўъминро собит менамояд, зеро маънои дустӣ иборат аз таовун ва ҳамкории бархе аз онон бо бархе дигар дар корҳои хайру савоб мебошад. Ҳамчунин ин оят ҳаққи даъват ба кори нек, боздорӣ аз кори бад ва икдом ба корҳои хайрро барои занон нишон медидад ва беҳтарин далел аст, ки дини мубини ислом ба занон иҷозат додааст, то дар фаъолияти иҷтимоӣ ширкат намоянд. Пайғамбар (с) мефармояд: «Набояд марди муъмин нисбат ба зани муъмин бадбин бошад, агар ягон хислати ўро зишт шуморад, шояд хислати дигараш писандида бошад». Дар ҳадиси дигар омадааст: «Комилтарин муъмин касе аст, ки хулқи неку дошта бошад ва беҳтарини шумо ҳамон шахсест, ки бо ҳамсараш рафтор ва муносибати хуб мекунад». Аз ин ҳадис маълум мегардад, ки рафтору муомилаи накў бо ҳамсар аз рукнҳои асосии ахлоқи неки инсонӣ будааст.

Замонҳои бисёр тўлонӣ сипарӣ шудааст, бидуни ин ки мақоми воқеии зан дар ҷомеа шинохта шавад ва аксари миллатҳо гумон мекарданд, ки издивоҷ маънои ба ғуломӣ гирифтани занро барои мард дорад. Аммо Қуръони карим зану мардро дар ҳуқуқи заношўӣ дар як сатҳи мусовӣ ва баробар қарор дода ва сарварии хонаводаро ба ўҳдаи мард вогузор намудааст. Қуръон дар ин маврид мефармояд:

«Барои ҳамсарон ҳуқуқ ва воҷиботе аст, ки бояд шавҳарон онҳоро адо кунанд, ҳамон гуна ки бар ҳамсарон ҳуқуқ ва воҷиботест, ки бояд барои ҳамсаронашон адо намоянд, ба гунае ки шоиста бо урфи саҳеҳ ва муқаррароти ислом бошад ва мардон дар риояти умури хонаводагӣ бар занон бартарӣ доранд». (Бақара, 228).

Ин ояти қуръонӣ бо сабки мухтасаре, ки дорад, меъёре барои мард таъйин мекунад, то дар тамоми ҳолатҳо бар асоси он бо ҳамсараш рафтор намояд ва ҳар гоҳ бихоҳад, ки бо ҳамсараш рафтор намояд, бояд бидонад, ки ба андозаи он барои ў дар баробари ҳамсараш масъулият ба вуҷуд меояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ одилона нест, ки яке аз зану шавҳар ба таври ноҳақ бар дигаре ҳукмфармо бошад ва ўро ба унвони ғуломи залил барои манфиатҳои худаш истифода барад. Махсусан вақте ки зану мард зиндагии муштараки заношўиро ташкил мекунанд, давраи ҷадидеро шурўъ менамоянд ва идома додани он бояд ба таври шарофатмандона ва бо риоя намудани ҳуқуқи якдигар бошад. Аз тарафи дигар, зиндагии заношуӣ ва хонаводагӣ як зиндагии муштарак ва иҷтимоӣ аст ва ин бидуни шак, барои сарпарасти хонавода будани мард сазовортар аст. Дар ин маврид дини мубини Ислом шавҳаронро ба рафтори некў ва хуб бо ҳамсаронашон ташвиқу тарғиб менамояд, чунончи Қуръони карим  дастур медиҳад: «Бо ҳамсаронатон бо шеваи хуб ва некў рафтор кунед».

Дар маҷмўъ, дини мубини Ислом ва хосатан мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба ҳуқуқи зан дар хонавода ва ҷомеа нуқтаи назар ва таълимоти пешқадам дар қиёс бо ҳама адёни дигар дорад, ки баъзе аз он нуқтаи назарҳоро дар ин мухтасар баррасӣ намудем.

Саидмукаррам  Абдуқодирзода,

Раиси Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон.

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.12.2024

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:17
المغرب17:15
العشاء18:45
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر