الصفحة الرئيسية المقالات ҚАСАМИ БАРДУРӮҒ

ҚАСАМИ БАРДУРӮҒ

ҚАСАМИ БАРДУРӮҒ
2022-10-27
947

           Дар автобус шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавоне гардидам, ки сари кадом масъалае чандин маротиба «қасам ба номи Аллоҳ» гуфта, бо ҳам баҳс доштанд. Мусофирон аз садои баланду қасам ёд кардани онҳо худро ноҳинҷор ҳис намуда, яке рӯй турш мекарду дигаре гӯё намешунид. Мӯйсафеди нуроние , ки дар курсии пеш нишаста буд, ба онҳо рӯ оварда, насиҳатомез гуфт, ки аз хӯрдани чунин қасам худдорӣ намоянд, зеро гунаҳгор мешаванд. Вале онҳо гӯши насиҳатшунав надоштанд.

           Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа, бахусус дар кӯчаву бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонону наврасон, кӯдакон, ҳатто занону мардони солхӯрда баҳудаву беҳуда ба номи бузурги Худованд қасам мехӯранд. Аксари онҳо чунон одат кардаанд, ки дар баёни ҳар як ҷумла ва фикру андеша «ба Худо», «ба Худое, ки», «Худо занад», «ба Худое, ки халқам кардааст», «ҷонам фидои номи Худо, ки», «қасам ба Худо» - ро ба забон меоранд. Баъзеҳо ҳангоми суҳбат ба Худо қасам хӯрда, барои сухани ростро аз мусоҳибашон шунидан суоломез «ба Худо?» - гӯён ӯро маҷбур менамояд, ки ба Худо савганд ёд кунад. Ҳамчунин, бархе барои тақвияти сухани хеш ва мутмаин кардани мусоҳибон ибораҳои «қасам ба Қуръон»,«нон занад», «нон кӯрам кунад» мегӯянд. Ба мазору авлиё ва арвоҳи гузаштагон низ қасам мехӯранд.

Қасам хӯрдан ва ё савганд ёд кардан аз нигоҳи дини мубини Ислом чӣ муҷозоте дорад? Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан ба Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат кардем.

-Аз нигоҳи ахлоқӣ ва эътиқодӣ қасам хӯрдан хуб нест. Таълимоти гузаштагони мо ин буд, ки инсон бояд ҳеҷ гоҳ қасам нахӯрад ва ҳатто аз қасами рост хӯрдан низ ҳазар кунад. Шахси мусалмон аз ёд кардани қасами ноҳақ бипарҳезад. Чунончи, дар аҳодиси Паёмбар (с) омадааст, ки «Қасами бардурӯғ баракатро аз умр бармедорад, рӯзиро кам мекунад, обрӯйро мерезад». Қасам хӯрдан ин феъли қабеҳ аст. Ҳатто худи инсони қасамхӯр дар назари мардум обрӯйи худро аз даст медиҳад ва ҳамчун шахси дурӯғгӯ дар ҷомеа муаррифӣ мегардад. Расули Худо (с) фармудаанд: Ҳар кас, ки ҳарфи худро ба қасами ноҳақ собит мекунад ва чизе аз нафаре мегирад, барои худ қитъае аз оташи ҷаҳаннам муҳайё месозад. Қасам аз нигоҳи шаръӣ бар се қисм аст: ғамус, мунақида, лағв. Қасами ғамус ин аст, ки шахсе ба кори гузашта бардурӯғ қасам мехӯрад ва қасди дурӯғро дошта бошад. Масалан, мегӯяд, ки ба Худо қасам ба чунин ҷой нарафтаам. Ҳол он ки рафтааст. Дар ин сурат шахс ба гуноҳ ғӯтавар мешавад. Яъне, ғамус ба об ғӯтавар шудани санг аст. Чунин қасам кафора надорад, магар тавбаву истиғфор. Қасами мунақида он аст, ки шахс ба кори оянда савганд ёд мекунад. Масалан мегӯяд, ки ба Худо қасам фалон корро анҷом медиҳам ё намедиҳам. Агар бар хилофи қасами худ амал намуд, бояд кафораи қасам бидиҳад. Чунончи, дар боби кафораи қасам дар китобҳои фиқҳи исломӣ баён шудааст, даҳ нафарро субҳу шом таом медиҳад ё либос мепӯшонад. Ва ё қимати ҳамон таом ё либосро ба як нафар бенаво медиҳад. Ин аз як тараф ғамхории дини ислом нисбат ба ятимону бенавоён ва камбағалон аст. Агар нотавон бошаду ҳеҷ яке аз ин амалҳоро иҷро карда натавонад, бояд се рӯз рӯза бигирад. Қасами лағв он аст, ки шахс ба кори гузашта қасам мехӯрад ва гумон мебарад, он чи мегӯяд рост аст. Вале баъдан маълум мешавад, ки дурӯғ будааст. Умед аст, ки Худованди бузург ба ин гуна қасам муохаза менамояд. Бинобар ин, шахс бояд аз хӯрдани қасам эҳтирос кунад. Сабаби асосии қасам хӯрдан заъфи эътиқодӣ ё надоштани саводи кофии динӣ аст. Агар инсон имони комил ва инсоф дошта бошад, ҳеҷ гоҳ ба ҳар як кори ночиз ба номи Худованд савганд ёд намекунад.

Ҷамолиддин Хомўшї ба саволи он ки шахс аз нигоҳи ислом дар кадом ҳолат қасам мехӯрад, иброз дошт, ки вақте ду нафар барои як чизе даъво мекунанд, ба қавли Расули Худо, муддаӣ - одами даъвокунанда бояд шоҳид биёрад ва ба шахсе, ки мункир аст, қасам дода мешавад. Дар ҳолати шоҳид набудан, ҷавобгар, яъне мункирро дар маҳкама қасам медиҳанд.

          Дар масъалаи қасам ба ғайр аз номҳои Худованд, Ҷамолиддин Хомӯшӣ иброз дошт, ки аз нигоҳи мазҳаби Абуҳанифа раҳматуллоҳ, ки яке аз усулаш урф аст, ягона мазҳабест, ки онро эътироф мекунад. Аз ин лиҳоз, аз нигоҳи урфӣ, яъне дар урфи мо он чизе, ки ҳамчун қасам эътироф мешавад ва мардум ба он эҳтиром қоиланд ва ҳамчун қасам барои худ қабул мекунанд, аз нигоҳи динӣ ягон зарару зиёне надорад. Масалан, савганд ба Қуръон қасами урфӣ маҳсуб меёбад. Қасам ба номи мазор, шахс ва ё чизи дигар аз ҷиҳати динӣ ягон эътиборе надорад. Асли қасам аз нигоҳи динӣ фақат ба номи Худованд аст. Ҳуруфи қасам «Воллоҳ», «Биллоҳ» ва «Толлоҳ» буда, ба номҳои Худованд низ савганд ёд карда мешавад. Дар замонҳои гузашта аҳён - аҳён қасамхӯрӣ ба мушоҳида мерасид, ки он ҳам дар мавриди зарурӣ ба вуқӯъ мепайваст. Бояд таъкид кард, ки беҳуда ба номи Худои Бузург қасам хӯрдан кори ниҳоят зишт ва нописанд аст.

          Дар мавриди қасам хӯрдани кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд таъкид кард, ки ин камбудӣ, пеш аз ҳама, аз оила сар мезанад. Агар падару модарон моҳияти ин масъаларо донанд, ҳеҷ гоҳ худ қасам намехӯранд ва намегузоранд, ки фарзандонашон низ савганд ёд намоянд. Волидону омӯзгорон ва дар умум аҳли ҷомеаро мебояд, ки ба тарбияи равонии фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва барои ислоҳи вазъ тадбирҳои муассир андешанд.

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر