الصفحة الرئيسية المقالات ПАРЧАМ-ИФТИХОР ВА САРИ БАЛАНДИ МО

ПАРЧАМ-ИФТИХОР ВА САРИ БАЛАНДИ МО

ПАРЧАМ-ИФТИХОР ВА САРИ БАЛАНДИ МО
2025-11-24
21

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Парчам, ки бо номҳои байрақ ва ливо миёни мардуми мо маъруф аст, дар таърихи Ислом падида ё рӯйдоди бегона нест. Яке аз хусусиятҳои хоси он муттаҳидию сарҷамъии мардуми як давлат баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Яъне иттиҳоду сарҷамъӣ муҳимтарин рамзи Парчами давлатӣ аст. Иттиҳоду сарҷамъӣ дар дини мубини Ислом низ мавқеи хос дорад. Тавре дар ояти 103-юми сураи Оли Имрон мехонем: “Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худороки бар шумостёд кунед...”. Яъне, парокандагиву тафриқа аз амалҳоест, ки шариати исломӣ онро мазаммат кардааст. Аз ин назар, миёни мо мусулмонони Тоҷикистон парчам мавқеъ ва ҷойгоҳи хос дорад. Таҳқир ба парчам ё ливои давлатдорӣ ин таҳқир ба миллат аст. Душманон дар баробари кӯшиши нест кардани забон, фарҳанг, маданият, урфу одат тамоми қувваро баҳри он равона мекунанд, ки парчамро низ аз байн баранд. Зеро нест кардани парчами миллӣ нишонаи шикасти давлатдорӣ ва фоҷиаи миллӣ ба ҳисоб меравад.

Парчам дар ҳақиқат рамзи иттиҳоду сарбаландӣ мебошад. Он ҳисси ифтихори ватандорӣ, шинохти миллӣ, соҳибдавлатию соҳибмулкии тамоми хурду бузурги мамлакат аст.

          Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташ ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қайд кардааст: «Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд».

Бинед ки, чӣ тавр миллату халқиятҳои гуногуни олам, ҳама соҳиби парчам буда, ба он эҳтиром мегузоранд. Бо парчамҳои худ ифтихор мекунанд.

Халқиятҳое, ки асрҳои аср давлатдорӣ мекунанд ва имрӯз бо гузашти  садсолаҳо хеле мустаҳкам ва пурқувват шудаанд, парчамҳои худро ба сифати рамзи муқаддас дар либосҳо ва таҷҳизоту асбобҳои техникӣ сабт карда, ба тамоми дунё паҳн месозанд, то ки онҳоро ҳамчун миллати пешрафта муаррифӣ намуда, ба ҷаҳониён шинос кунанд.

Мардуми Тоҷикистон барои расидан ба ин рӯзҳои офтобии нек, ободию осудагӣ, парчамдорию Истиқлол бисёр роҳҳои душвору пурпечутобро паси сар намудаанд.

Баъди ҳазор соли аз даст додани давлати миллиамон, яъне Давлати  Сомониён мо инояти Парвардигор ва дубора соҳиби давлати миллӣ ва Парчами миллӣ гардидем.

Аз ин рӯ, ҷашни Рӯзи Парчам агар аз як тараф барои мо ифтихори бузурги ватандорӣ ва соҳибистиқлолӣ бошад, аз тарафи дигар вақтест, ки мо ба қадри сарҷамъию ҳамдилӣ ва суботу осудагӣ расем. Зеро маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад. Мазмун ва муҳтавои парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири шукуфоии кишвар мебошад. Чунон ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷиллои рангҳои худ инъикос намудааст».

Муҳимтарин рамзи парчам ин сарҷамъии миллат аст. Ҳоло вақти он аст, ки мо бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо нангу номус, бо меҳнати ҳалол дар зери ҳамин парчаме, ки ҳар як ранги он нишонаи ормонҳои ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо мебошад, аз ҳарвақта бештар муттаҳиду сарҷамъ гардем. Фарзандону пайвандон ва насли ояндаро дар руҳия эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намоем. Суннату анъанаҳои парчамдориамонро ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Ҳомидов Абдулвоҳид - мутахассиси Раёсати фатво

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2025

أكثر
الفجر05:30
الظهر12:40
العصر15:06
المغرب17:13
العشاء18:43
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر