الصفحة الرئيسية المقالات АЗ ФИТНА ҲАЗАР БОЯД КАРД

АЗ ФИТНА ҲАЗАР БОЯД КАРД

АЗ ФИТНА ҲАЗАР БОЯД КАРД
2023-02-09
897

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Фитна калими арабӣ буда ба маъноҳои иттиҳом, азоб, аз роҳи рост гардондан, фиреб намудан, васваса ва ѓайра меояд. Таърихнигори машҳури араб Муҳаммад ибни Асири Ҷазарӣ (в. 234 ҳ) мегўяд: «Фитна иттиҳом ва санҷиш аст». Ин калимаро баъдан ба маънои азият ҳам истифода бурданд. Фитна низ ба маънои гуноҳ, куфр, ҷанг, сўзондан, нобуд кардан ва ѓайра истифода бурда шудааст. Рахна эҷод кардан дар байни инсонҳое, ки дар ҷамъияти осоишта ва фазои сулҳу салоҳ зиндагӣ мекунанд ва ҳар амале, ки сабаби рехта шудани хуни инсонҳои бегуноҳ мешавад, дар таълимоти Ислом фитна ва гуноҳи кабира шумурда мешавад. Аз ин ҷиҳат Худованд дар сураи мубораки «Бақара» мефармояд: «Фитна аз қатл ҳам бузургтар аст». (Сураи «Бақара», ояти 191) Вақте ки дар байни мусулмонон фитна рух диҳад ва онҳоро фаро гирад, худро аз он нигоҳ доштан ва ҳифз намудан воҷиб аст. Худованд дар ояти 25-уми сураи мубораки «Анфол» мефармояд: «Ва аз он фитнае бипарҳезед, ки хосса [ва танҳо] ба касоне аз шумо, ки ситам карданд, намерасад (яъне: мумкин аст, ки шумии ин ба ҳама расад); ва бидонед, ки ҳамоно Худо сахтуқубат аст».

Яке аз уламои мазҳаби ҳанафӣ Имом Муҳаммади Ходимӣ (рҳ) дар китоби «Ал-Бариқа» дар бораи фитна чунин изҳор медорад: «Фитна дар изтироб андохтан ва ихтилоф пайдо кардан дар байни мардум ва дар балову мусибатҳо гирифтор кардани онҳоро мегўянд. Масалан ташвиқ кардани мардум барои қиём бар зидди сарвари кишвар ва аз ў рўй гардонидан, савияи илмии онҳоро носанҷида ҳар гуна суханони беҳуда ва иѓвоангезро паҳн кардан, ҳамаи инҳоро фитна ва анҷомдиҳандаи онро фитнагар мегўянд».

Уламои Ислом мегўянд, ки фитна як амали ҷозиб ва фиребдиҳанда аст, аз ин ҷиҳат касе дар фитна гирифтор шавад, аз он халос шудан барояш душвор аст. Бо вуҷуди душвор будани халосӣ аз он илоҷе карда аз он дур будан лозим аст, зеро ҳамаи бадбахтиҳо дар фитна гирифтор шудан аст. Донишманди муосири аср Рамазон Бутӣ (рҳ) фитнаро чунин таъриф намудааст: «Шахсе, ки ҳукми адолаташро гум кард ва бе ихтиёр дар ҷангҳои беҳудаву бемаънӣ ва бе сабаб иштирок намуд, он шахс дар фитна гирифтор шудааст».

Ҳар амале, ки сабаби хатар ва ҳалокат мешавад, ба фитна баробар аст. Касоне, ки дар бемории фитна гирифтор шудаанд, бояд бо ҳадисҳои Расули акрам (с) муолиҷа шаванд, зеро Расули Худо (с) эмин будан аз фитнаро дар суханони худ ба сароҳат баён кардаанд. Аз ҷумла, дар ҳадис омадааст: «Дар оянда фитнаҳо рух хоҳанд дод, огоҳ бошед. Фитнаҳое пайдо мешавад, дар онҳо ҳаргиз ширкат накунед, дар ҳолати фитна шахси ба паҳлу хобида аз шахси нишаста беҳтар аст ва шахси нишаста аз шахсе, ки дар фитна ширкат мекунад, беҳтар аст. Агар мардум ба ин фитна гирифтор шуданд, касе уштур дошта бошад, аз паси уштуронаш равад, касе гўсфанд дошта бошад, аз пайи гўсфандонаш равад, касе замин дошта бошад, аз паси деҳқониаш шавад, касе, ки ин чизҳо надорад, сари шамшерашро бишиканад, (корношоям кунад). Хулоса, илоҷе кунед, ки дар ин гуна фитнаҳо ширкат накунед. Эй Аллоҳ, ман инро ба мардум расонидам, ту шоҳид бош». (Ривояти Абўдовуд)

Дар фитна иштирок кардан на фақат осудагиро аз байн мебарад, балки сабаби пайдо шудани ихтилофу низоъ дар байни мардум мегардад. Қуръони карим инро сахт маҳкум мекунад, чунончи Худованд дар сураи «Ҳуҷурот» мефармояд: «Эй мўъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, (аз хавфи) он ки ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, бар он чи амал кардед, пушаймон шавед». (Сураи «Ҳуҷурот», ояти 6)

Ҳазрати Умар (р) мегўяд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Барои дурўѓгў будани шахс ҳамин кифоя аст, ки ҳар чизе шунид, онро бидуни таҳқиқ ба дигарон расонад». (Ривояти Муслим)

Ногуфта намонад, ки имрўз дар кишварҳои гуногуни олам қувваҳои бадхоҳу вайронкор амалҳое анҷом медиҳанд ва баъзе афроди ноогоҳ аз ѓарази нопоки онҳо ба фитна гирифтор шуда, муртакиби амалҳои палид мешаванд ва ба ин сабаб худ ва наздиконашонро дар вартаи ҳалокат қарор медиҳанд. Ин рафтори онҳо аз ҷиҳати ноогоҳ буданашон аз иршодоти муқаддаси Расули акрам (с) аст.

Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки ҳамаи мо суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи ҳаёту фаъолиятамон қарор диҳем, зеро Сарвари кишвар дар ҳама суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, то ин ки ҳама саодатманду хушбахт бошем.

Мутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

Ҳомидов Абдулвоҳид

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر