الصفحة الرئيسية المقالات ҲИФЗИ МУҲИТИ ҶАВОНОН АЗ ТАЪСИРИ ГУРЎҲҲОИ ИФРОТГАРОИ ДИНӢ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ҶАВОНОН АЗ ТАЪСИРИ ГУРЎҲҲОИ ИФРОТГАРОИ ДИНӢ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ҶАВОНОН АЗ ТАЪСИРИ ГУРЎҲҲОИ ИФРОТГАРОИ ДИНӢ
2023-07-17
705

ҲИФЗИ МУҲИТИ ҶАВОНОН АЗ ТАЪСИРИ ГУРЎҲҲОИ ИФРОТГАРОИ ДИНӢ

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

ҳамду сано Парвардигори ягонаро, ки дар китоби муқаддасаш қуръони карим ба ваҳдату ягонагӣ дастур дода, аз тафриқаву ҷудоӣ манъ намудааст. Дуруду саломи бепоён бар Расули гиромии ў бод, ки раҳмате барои оламиён ва шафоаткунандаи рўзи ҷазост ва бар ҳама хонадону ёронаш, ки бо роҳи ў рафта суннаташро риоя намуданд.

          Масъалаи ифротгароию тундгароӣ ва хатарҳои он ба ҳуввияти миллӣ ҳамеша мавриди тавваҷуҳи роҳбари давлат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, сарвари кишвар ин масъаларо чандин бор зимни маърӯзаҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор додаанд. Ифротгароӣ ва тундгароӣ имрӯз ба хатари бузург барои инсоният ва хусусан мусалмонон табдил ёфтааст, агар пеши роҳи он ба зудӣ бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеъа гирифта нашавад, оқибати фоҷиаборе дар пай хоҳад дошт. Аз ин рў, Президенти мамлакат дар баромади худ чунин изҳор намуда буданд:

“Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳи он аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”.

Бо камоли таассуф бояд зикр кард, ки дар манотиқи гуногуни дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон фирқаю ҷараёнҳои нав зуҳур намуда, бо таълимотҳои сарпечидаю нодурусти хеш миёни пайравони дини мубини Ислом тафриқа ангехта, боиси ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо шудани мусалмонон шуданд. Дар замони муосир низ гурўҳҳои ифротӣ ва муѓриз баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи дини мубини Ислом истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи ҳалокат меафкананд.

Имрӯз, воқеан, тундгароию ифротгароӣ ба як вабои маънавии аср мубаддал шуда, бо суръати хеле тез манотиқи гуногуни оламро фаро мегирад. Ва ё ба як оташи тезе монанд аст, ки ҳар чизи дар сари роҳи худ бударо фурӯ мебарад. Бархе аз гурӯҳҳо ва давлатҳои хос мехоҳанд, ин ду падидаи номатлубро барои пиёда сохтани ниятҳои зишти худ ва аз байн бурдани ҳуввияти миллӣ ва исломӣ истифода баранд. Аммо зуд аст, ки дар ин роҳ шикаст хӯранд, зеро дини мубини Ислом дини ваҳдату созандагӣ, дини сулҳи башарист. Бояд гуфт, ки Ислом комилтарин дини башарият буда, дастури асосии мусалмонон - Қуръон фарогири тамоми масъалаҳои куллу ҷузъ ва ҳамаи меъёрҳои қонунҳои башарӣ ва ҳадафу аъмоли дунявию ухравии ҳар офаридаи Худованд аст.

         Худованд бо воситаи Қуръон ба мо таълим медиҳад, ки бо ҳам иттифоқу бародар бошем ва роҳи ифроту тафриқаро пеш нагирем.

         Дар сураи “Оли Имрон”, ояти 103 мефармояд:

  “Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг бизанед ва пароканда мабошед. Ва ёд кунед неъмати Худоро, ки бар шумост. Замоне душмани якдигар будед, пас улфат дод миёни дилҳои шумо. Пас бо неъмати Худо бо ҳам бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед”.

 Барои ҳар як фарди солимфикр маълум аст, ки қисмат намудани ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун чӣ натиҷае хоҳад дошт. Онҳое ки имрўз аз номи ислом сухан мегўянд ва худро ҳомии ислом вонамуд мекунанд, тамоман мақсадҳои дигар доранд. Мехоҳанд обро лой карда, моҳӣ гиранд, мардумро бо исломи пок фирефта, ба ҳадафҳои ѓаразноки дунявии худ расанд.

Мардуми кишвари мо тўли сездаҳ қарн инҷониб ба мазҳаби поку беолоиши Имом Абўҳанифа пайравӣ мекунанд. Бояд донем, ки тору пуди мазҳаби худро бо унсурҳои мазҳаби дигар омехта кардан, риоя накардани покизагии мазҳаб хатари азиме барои суботи ҷомеа дорад. Шояд хатари ин амалро ҷомеашиносон беҳтар донанд, аммо як чиз равшан аст, ки дар шароити феълии Тоҷикистон танҳо яккамазҳабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он ба суди миллату пешрафту ободии давлат хидмат хоҳад кард. Тоҷикистон танҳо бо яккамазҳабӣ пешрафт мекунад ва танҳо ҳамин мазҳаби ҳанафӣ бидуни махлутсозиҳо ҷомаеро аз ҳама бўҳронҳои иқтисодиву маънавӣ наҷот мебахшад. Яъне аз даст додани якмазҳабӣ маънои аз даст додани суботро дорад ва ин маънӣ дар шууру тафаккури ҳар шаҳрванди Танҳо дар ҳолате ки мо мазҳаби аҷдодиамонро нигоҳ дорем ва пайрави таълимоти Имоми бузург -Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бошем, метавонем ҳам амониро нигоҳ дорем ва ҳам динро.

Аз даргоҳи Худованд илтиҷо дорем, ки сулҳу субот ҳамеша дар байни мардуми кишвар пойдор бошад ва ҳамаи мо бо эҳсоси масъулияти бузург дар ободиву рушди диёрамон саҳми хешро гузошта бошем.

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.11.2024

أكثر
الفجر05:38
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر