Шаби Барот

Шаби Барот шаби муқаддасу бузурге аст, ки дар байни моҳи Шаъбон қарор дорад (шаби 14-ум ба рӯзи 15-ум), бинобар ин шабро «Нисф» меноманд. Мусалмонон дар ин шаб имконият доранд, ки аз бахшишу мағфирати Худованд баҳравар гардида, аз гуноҳҳои содиркардаи худ тавба кунанд, зеро дар давоми ин шаб Худованди мутаъол гуноҳҳои мусалмононеро, ки ба ибодату истиғфор машғуланд, мебахшад. Дар давоми ин шаб аз Худованд пурсидани бахшиш ва мағфирати гуноҳон савоби бешумор дорад, зеро дар ин шаб тақдири одамон барои соли оянда ҳал мешавад.
Ҳарчанд ки дар Қуръони карим дар бораи шаби Барот ба таври возеҳ сухан нарафта бошад ҳам, ба андешаи баъзе муфассирон ояти 3-4 сураи «Духон» ба шаби Барот далолат мекунад. Худованд дар ин оят фармудааст: "Ҳамоно Мо ин Китобро дар шаби муборак фуруд овардем ва ҳамоно Мо бимдиҳанда будем. Дар он шаб ҳар кори устувор файсал карда мешавад." Дар тафсири "Ҷалолайн", ки дар байни донишмандони мусулмони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ шуҳрат дорад, дар бораи ин шаби муборак гуфта шудааст, ки он шаби қадр ё шаби нимаи моҳи Шаъбон мебошад.
Худованд ин шабро ҳамчун «Шаби Ҳукм ва Қазову қадар» зоҳир кард, барои он, ки дар давоми ин шаб қисмату толеъ муқаррар карда мешавад. Аз ин рӯ, бархе аз донишмандон дар хона ва иддае дар масҷид ибодат кардан дар ин шабро накӯ донистаанд.
Чи тавре, ки Пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.в.) гуфта буд:
«Чор шаб муққаррар карда шудааст, ки дар он шабҳо ҳамаи дуъоҳои мусалмонон қабул карда мешаванд»
1. Шаби Меъроҷ - 27-уми моҳи Раҷаб;
2. Шаби Барот - 15-уми моҳи Шаъбон;
3. Шаби Қадр - 27-уми моҳи Рамазон;
4. Шабҳои иди Рамазон ва Қурбон
Дар бораи ризоияти шаби Барот ривоятҳои зиёд ворид шудааст. Гуфта шудааст, ки ин шаб – Шаби бахшидани гуноҳҳо ва лутфи зиёд мебошад. Дар давоми ин шаб бояд:
1. Ибодат намудан - хондани намоз, зикр кардан ва тиловати Қуръон гузаронида шавад.
2. Дар дуоҳои худ аз Худованди мутаъол бахшиш пурсидан, инчунин имони комил, ба роҳи рост ҳидоят намудан, нигоҳдоштан аз мушкилиҳои зиндагӣ, хушбахтӣ ва некиҳо дар ин дунё ва охират, инчунин наҷот аз дӯзах лозим аст.
Фақат он одамоне мавриди бахшиш ва мағфират қарор мегиранд, ки ба ибодати ҳақиқӣ, тавба ва тавалло машғул шуда, барои қабул кардани корҳои нек ва бахшидани гуноҳояшон аз Худованд умед банданд.
Ҳар як мусалмон бояд корҳои кардаи худашро таҳлил кунад ва барои ислоҳи он бикӯшад, ба мисли барқарор кардани робитаи дӯстї бо онҳое, ки ранҷондааст, итоат ба падару модари худ ва ғайра.
Дар шаби муққадас корҳо руй медиҳанду ва вобаста ба арзиши он мукофотҳои сазовор дода мешаванд. Мусалмони ҳақиқӣ, медонанд, ки ҳамаи моро Парвардигор офаридааст ва бандае, ки дар ин шаб бо зикру ибодати Худованд машғӯл мешавад, умед аз савобу аҷру подош ва бахшиши гуноҳҳо мекунад.
Эзоҳ: Имсол шаби Барот рӯзи 21-ум ба 22-юми моҳи май рост меояд, яъне шаби шанбе ба якшанбе.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر