الصفحة الرئيسية المقالات РАҲНАМОИ САОДАТИ БАШАРИЯТ

РАҲНАМОИ САОДАТИ БАШАРИЯТ

РАҲНАМОИ САОДАТИ БАШАРИЯТ
2024-03-13
625

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

        Дар дини мубини Ислом  дар масоили маърифати ҳақ ва раҳнамоӣ ба дарёфти баракати умри фониву саодати фардо уламои зиёде заҳмат кашидаанд. Онҳо тимсоли ситорагоне буданд ва ҳастанд, ки ҳар яке дурахши ҷудогонае доранд. Дар ин миёна ахтари тобоне ба исму фаъолияти Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит маъруфу машҳур ба Имом Аъзам рабт дорад, ки дар ҷаҳони ислом мақому манзалат ва ҷойгоҳи бузурге дорад. Ин абармарди олами Ислом тавассути бунёди як мазҳаби бузург кулли арзишҳои диниро ба нафъи бахту саодати бани башар равона кард, фитнаву ихтилофҳо ва идроки нодурусти муҳтавои андешаи диниро аз байн бурд ва такя бар хираду илму фазилатро болонишини ҳама афкору аъмоли инсонӣ қарор дод.

Имоми Аъзам тавассути осори гаронбаҳояш ба оламиён собит намуд, ки ҳама унсурҳои дини мубини Ислом, тамоми муқаррароти ин дини муҳаммадӣ зиндагисоз ҳастанд. Ислом дини пешрафт, дини инсонпарвар ва такондиҳанда ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар аст. Махсусан дар мазҳаби поку мубаррои Имом Абўҳанифа ҳама принсипу омилҳо ва шароит барои зиндагии осуда муҳайёст. Дар ин хусус як олам сухан гуфтан метавон. На танҳо тарҳи зиндагии шоистаи як мусалмон, балки як ҷомеаи мутараққӣ дар низоми ақоиди Имоми Аъзам асрҳо боз бунёд шудааст. Дар масоили фиқҳӣ, дар масоили ахлоқу муносибат бо аҳли ҷомеа ва раҳбарони давлат, муносибат бо пайвандону наздикон, ахлоқи ҷамъиятӣ, афзалият доштани илму дониш ва маърифат мазҳаби мазкур дарёи маърифатро мемонад. Аз ин дарё истифода кардан, арзишҳои онро ҷудо-ҷудо ба нафъи давлату ҷамъият, ба манфиати мардум равона кардан лозим аст. Танҳо як таҳаммулпазирие, ки ин мазҳаб дар батни худ дорад, боиси он шудааст, ки дунёи муосир аз бисёр хатарҳо муҳофизат шуда истодааст.

Муҳимтарин хислат ва сифати ин мазҳаб ҳамин аст, ки метавонад ба ҳифзи арзишҳои миллии  ахлоқӣ ва рўҳиву равонии миллати тоҷик ва ҳама халқу миллатҳои пайрави ин мазҳаб мусоидат намояд. Ҳамин ҷиҳати аълои мазҳаби ҳанафиро соли 2009, ҳангоми таҷлили 1300-солагии Имоми Аъзам садҳо рўҳониён ва мутахассисони диншинос ҳангоми иштирок дар Симпозиуми байналмилалӣ бо ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон тазаккур дода буданд. Раҳбари давлати Тоҷикистон зимни суханрониашон маҳз ба ҳамин вижагии мазҳаби Имоми Аъзам ишора карда буданд:

«Хизмати бузурги Имоми Аъзам, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ў дини мубини Исломро на ҳамчун воситаи тафриқаву муқобилгузорӣ, балки чун омили муҳимтарини муттаҳидсозии мардум, ки аз моҳияти рисолати ҷаҳонии каломи худовандӣ бармеояд, пуштибонӣ мекард. Ў тавонист чунин як мазҳаби аҳли суннату ҷамоатро созмон диҳад, ки дар чаҳорчўбаи арзишҳои шаръии он роҳҳои муассири рафъи мухолифату низоъҳо ва роҳандозии гуфтугўи тамаддунҳо вуҷуд доранд. Зиёда аз ин, дар он таҷрибаи таърихӣ, ҷаҳонбинии мазҳабӣ, афкори фалсафӣ ва андешаи миллии чандин халқу миллатҳои мусулмон таҷассум ёфтааст. Ҳамин синтез ё омезиши афкору ақоиди динӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ буд, ки ҳанафия ҳамчун яке аз равияҳои бонуфузи аҳли суннату ҷамоат эътироф гашта, аз замони зуҳури худ то имрўз аз Куфа то Африқо, Осиёи Марказиву Чин, Россияву Аврупо паҳн шудааст».

Набояд фаромўш кард, ки Абўҳанифа дар вазъи хеле мушкили хилофат зиндагӣ намуда, дар баробари аркони муҳими шаръиёту фарзиёти исломӣ, аз қабили Қуръону ҳадис, ҳамчунин усулҳои урфу қиёс ва истеҳсону иҷмоъро ҷавҳари фиқҳи худ қарор дода, дар байни мусулмонон таҳаммулгароӣ ва эътидолро ибтидо гузошт. Ў вобаста ба падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии замонаш ақидаҳои равшану  ҳадафрас баён намуда, ислоҳоти ҷомеаро омили муҳими пешрафт меҳисобид. Андешаҳои ин рўҳонии бузург имрўз ҳам рўзмарра буда, мардумро ба тақвову покизагӣ, ободии мулк, дўст доштани сарзамини аҷдодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва озодиву истиқлол раҳнамоӣ мекунанд. Таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз нуқтаи муҳими таълимоти ў буда, ҳуқуқи афроди башарро ба инобат мегирифт ва шахсияти онҳоро қадрдонӣ мекард.

Ба истиқболи таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам дар соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии  Пешвои миллат доир ба афкору рўзгори Имом Абўҳанифа китобу мақолаҳои зиёд рўи чоп омаданд, ки зарурати нашри ин китобҳову мақолаҳо он буд, ки мардуми тоҷик бо афкору асноди Имоми Аъзам ошноии комил пайдо кунанд. Ҳар қадар ки ин ошноӣ такмил ёбад, ҳамон андоза мардум аз майли берун шудан аз сарҳадоти ин мазҳаби гаронмоя худдорӣ хоҳанд кард. Бавижа, дар вазъи имрўзии ҷаҳони муосир, ки таблиѓу ташвиқи афкору ақоиди барои мардуми мо бегона ва зарарнок тавассути васоити электронии ахбор ва воситаҳои дигар хеле афзоиш ёфтааст. Надоштани саводи кофии динӣ, ноогоҳӣ аз асосҳои мазҳаби поку тараққипарваронаи Имоми Аъзам бархе ҷавононро дар чорсўи зиндагӣ раҳгум намудааст. Аз ин хотир, китобу мақолаҳои роҷеъ ба  фаъолияти Имом Абўҳанифа барои онҳоест, ки мехоҳанд мазҳаби ҳанафиро бештар ва амиқтар омўзанд. Аз муҳтавои ин китобҳо ва мақолаҳо чунин хулоса бармеояд, ки Нўъмон ибни Собит барои таҳким бахшидани андешаҳояш гуфтори худро бо санадҳои дақиқ, ки аз ровиёни пешин шунидааст, комил менамояд ва ҳар масъаларо бо фармудаҳои фақеҳону уламоҳои дигар дар муқоиса мавриди баррасӣ қарор медиҳад. 

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر