ОИЛАИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМАИ СОЛИМ - ҶОМЕИ СОЛИМ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
ҳамду сано ва ситоиши бекарон Худованд ҷалла шаънуҳуро, ки аҳли имонро бо иpшоди Расули акрам (с) ва роҳнамоии уламо ҳидоят кард ва аҳкомп шариатро то рўзи қиёмат таѓйирнопазир гардонид. Дуруду саломи бепоён ба ҳазрати Муҳаммад, алайҳиссалом, ки афзали паёмбарон аст ва ба олу асҳоби ў бод.
Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд нахустин инсон, яъне ҳазрати Одам алайҳиссаломро офарид, барои сукуни қалбаш ҳамсари ӯ Ҳавворо низ офарид ва аз он ду занону мардони зиёдеро интишор дод. Чунон ки дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Эй мардум! Битарсед аз Парвардигоратон, Он, ки шуморо аз як тан офарид ва аз ӯ ҳамсарашро офарид ва аз он ду мардони бисёр ва заноне интишор дод”. (Сураи “Нисо”, ояти 1)
Пас ҳар инсони соҳибдил бо фаросат дархоҳад ёфт, ки модоме Худои таъоло аввалин инсонро ба оиладорӣ тарғиб намуд, бояд дар ҳифзи он кӯшид. Инчунин Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар хитоби худ ба ҷавонон фармуданд:“Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ дошта бошад, пас издивоҷ намояд” (Сунани Абӯдовуд, боби ташвиқ ба никоҳ, ҳадиси 2046)
Аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Дар ин хусус ҳадиси Расули Худост, ки аз он ин масъала хеле фаҳмо дарк мешавад:
«Касе, ки қудрати ташкили оила дорад, бигузор хонадор шавад, зеро оиладорӣ чашмро аз чизҳои мамнуъ ва одамро аз гуноҳ эмин нигоҳ медорад ва касе, ки имконияти хонадоршавӣ надорад, бояд рӯза дорад, зеро рӯзадорӣ шаҳватро суст мекунад» (ривояти Бухорӣ).
Аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст.
Дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд. Дар оилае, ки тибқи принсипҳои исломӣ асос ёфтааст, ҳамеша меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ ҳукмрон аст. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ѓамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад.
Чунончи дар ривоят омадааст ки Асмоа духтари Хориҷаи фирорӣ ба духтараш ҳангоми арусиаш чунин супориш кард ва гуфт: “духтарам ту аз манзиле, ки дар он бузург шудаи ба манзиле меравӣ, ки онро намешиносӣ ва бо касе, ки бо ў унс ва улфат надорӣ (ҳамсар) ҳамнишин мешавӣ. Барояш замин шав, осмонат мегардад, барояш гаҳвора шав, сутунат мегардад, барояш каниз шав, бандаат мегардад, аз ў дар талаб кардани чизе пофишорӣ макун, зеро аз ту безорӣ меҷўяд. Аз ў дурӣ нагир, зеро фаромушат мекунад, агар наздик шуд ба ў наздик шав ва агар аз ту дур шуд аз ў дур шав, бинӣ ва гуш ва чашмашро ҳифз кун (бо зиннат додани зоҳир ва ботини худат), ки дар ин сурат чизе ҷуз бўи хуш аз ту истишмом намекунад ва чизе ҷуз некӣ аз ту намешунавад ва чизе ҷуз зебоӣ аз ту намебинад.
Ҳамин тавр, омили динӣ дар таҳкими оилаҳо хеле муҳим аст ва ба эътибор гирифтани он дар рушди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ танҳо ба нафъи пешрафти кишвар хоҳад буд. Комёбии ҳар кишвар аз комёбии оилаҳо сарчашма мегирад, ҳар инсоне, ки дар тарбияи фарзандону аҳли оила комёб бошад, метавонад кишвари орому обод дошта бошад. Барои он ки оилаи хушбахту мустаҳкам, ки бо риштаҳои меҳру муҳаббат ва тафоҳуми байни якдигарӣ пайвастанд, ташкил карда шавад, ҳар як узви оилаи ояндадорро зарур аст, ки ба таври хеле хуб ҳамаи қонун ва нозукиҳои исломиро аз худ намояд.
Дини мубини Ислом ба ҳар як узви оила вазифаҳои зиёдеро вогузор кардааст. Оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан зарур аст, балки онҳоро хуб иҷро намудан мебояд.
ҳамагон медонанд, ки соли 2015 соли оила номгузорӣ шуд, ки ин аз ѓамхории Пешвои миллат нисбат ба сокинони кишвар мебошад. Дар ин сол 95 ҳазор аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштаанд, аммо мутаассифона дар давоми як сол даҳ фоиз ё аниқтараш 9,5 ҳазори онҳо пош хурдаанд, ки барои миллати мо мусибати бузург ҳисоб мешавад.Чунки гузаштагони мо аз ин гуна падидаҳо дар ҳаросанд, ҳатто мусибати ҳамсояро мусибати худ медонанд. Ин гуна андешаҳо решаи динӣ доранд, зеро Пайѓамбари Ислом (с) ба никоҳ ташвиқу тарѓиб мекунад ва аз талоқ барҳазар медорад.
Масъалаи пошхӯрии оилаҳо яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин донишу маърифати кофӣ надоштани навхонадорон аст. Агар ҷавонон, чи писар ва ё чи духтар маълумоти кофӣ дар бораи ҳикмати зиндагӣ ва вазифаи асосии падару модариро дошта бошанд, ин масъала то ҳадде ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро агар бо доштани маълумоти зарурӣ ё ҳадди ақал ибтидоӣ агар издивоҷ намоянд, оила ба пошхӯрӣ намеравад. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе аз падару модарон ба духтарони худ иҷозаи гирифтани таҳсили пурра ҳатто дар мактабҳои ибтидоиро намедиҳанд. Агар духтар бесавод бошад, аз ӯ магар фарзанди босавод интизор шудан мумкин аст? Мақоле дар байни мардуми Шарқ роиҷ аст, ки “вақте ки духтарро таълиму тарбия мекунед, шумо беихтиёр ба тарбия ва эъмори ҷомеа даст мезанед”.
Дар мазмуни ҳадиси Паёмбари ислом (с) омадааст: Ҳар яки шумо ба манзалати чӯпоне сарпарасти хонаводаи худ ҳастед. Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки пошхурии оилаҳо чанд омил дорад 1) Таҳаммулпазир набудани зану шавҳар, зеро дар ҳар як хонадон хоҳ нохоҳ камбудӣ ҷой дорад, аҷиб он аст зан ин камбудиро дар хонаи худашон таҳаммул мекунад, аммо дар хонаи шавҳар қабул намекунад. 2) Дахолати бастагони домод ё келин дар зиндагии ҷавонон, ки ин ҳам хатарнок аст. 3) Арақхўрӣ ё майзадагӣ ба давомоти оила таъсири манфии худро мегузорад. 4) Муҳоҷирати меҳнатӣ-ҳол он ки ин амал дар тамоми кишварҳо мушоҳида мешавад, аммо ҷои нигаронӣ дар он аст, ки баъзе ҷавонон баъди муҳоҷир шудан ҳамсар фарзандон ва ҳатто волидайни худро ба дасти фаромўшӣ месупоранд. Тааҷҷуб он аст, ки оилаҳое хонавайрон мешаванд, ки бахташонро худашон меёбанд ва зиндагии якҷояи онҳо дер давом намекунад. Бояд ҳар як инсони солим ва оқил ба тақдири бахташ беэътиноӣ накунад.
Оила такягоҳи аслии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъияти инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тану рўҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеъаи инсонӣ барои башарияти будааст. Дар тўли таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳамаи дину мазҳабҳо чун падидаи ѓайри таѓйирёбанда ба шумор мерафтааст. Аз дидгоҳи шариати исломӣ, охирин дини тавҳид ва яккахудоӣ бошад, оила дар таҳқиқу рушд ва инкишофу тараққии ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим дошта, ислоҳи оила дар ислоҳи ҷомеа ва фасоди оила дар фасоди ҷомеа муассир ба ҳисоб меравад. Чун оила нахустин ҳалқаи силсилаи ҷомеаи башарист, бунёди ин ҳалқаи муҳими ҷомеаи башарӣ аз назари ҳикмати илоҳӣ, шариъати исломӣ ва мазҳаби роиҷи ҳанафӣ, ки мардуми тоҷик ба он пайрав ҳастанд, мебояд бо назардошти камоли масъулият дар бақодории он сурат гирад.
ҳар яки мо бояд бидонем, ки асоси муносибатҳои оилавиро тарбияи шоистаи фарзандон ташкил медиҳад. Оила яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаю давлат ва парваришгоҳи аслии насли башар маҳсуб мегардад. Арзишҳои анъанавии оилавӣ, меҳру муҳаббат, садоқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ агар таъмин нагардад, ҷомеа рӯ ба таназзул мениҳад. Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.”
Хомўшов ҷамолиддин- сардори Раёсати фатвои Маркази исломӣ