الصفحة الرئيسية المقالات ТАРҒИБИ ИЛМУ ДОНИШ ДАР «ХИРАДНОМАИ ИСКАНДАРӢ»-И АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ

ТАРҒИБИ ИЛМУ ДОНИШ ДАР «ХИРАДНОМАИ ИСКАНДАРӢ»-И АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ

ТАРҒИБИ ИЛМУ ДОНИШ ДАР «ХИРАДНОМАИ ИСКАНДАРӢ»-И АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ
2024-09-06
377

     Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

         Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия намудани инсонҳост.

         Аз ибтидо то интиҳо, аз оғоз то анҷом мақсади шоир аз нишон додани моҳияти илму дониш ва ақлу заковати инсон иборат мебошад.

         Албатта, ҳар гоҳ ки дар ҷомеа мардум аз илму дониш баҳравар мегарданд, муносибати одамон нисбати зиндагӣ рангинтар, гуворотар мешавад.

         То навишта шудани “Хирадномаи Искандарӣ”-и Ҷомӣ бисёр адибон симои Искандарро тасвир кардаанд. Ҳар яке аз ин адибон мувофиқи дониши худ нисбат ба Искандар ва симои ӯ муносибати худро нишон додаанд.

          Ба ақидаи Мавлоно Ҷомӣ, ҳар гоҳ ки шоҳ аз чашмаи илму маърифат ва хирад бархӯрдор шавад, он гоҳ фурӯтан, хоксор, дӯстдори халқу кишвар мешавад.

          Ҷои шубҳа нест, ки Искандар шоҳи золим, забткор буд. Аз рӯи тасвири Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ мо бештар ҳарбу зарб, қатлу ғорат, хунрезӣ ва дигар хислатҳои пасту зишти шоҳонро мебинем. Аммо, дар асари Абдураҳмони Ҷомӣ мо тантанаи хирад, заковат ва инсони комилро мебинем, ки саропо бомаърифат ва хирадманд аст. Чӣ тавре ки маълум аст, унвони достон ғояи онро муайян мекунад. Мавлоно Ҷомӣ хостааст, ки ба воситаи бузургии худ шоҳони бедодгарро тарбия намояд. Тамоми ҷараёни амалиёти Искандар ободкунӣ, сулҳхоҳӣ, маърифатомӯзӣ мебошад.

         Абдураҳмони Ҷомӣ шоиронеро, ки дар мавриди Искандар асар офаридаанд, ӯро ситоиш намудаанд, эътироф мекунад. Аммо мақсади Ҷомӣ дигар аст. Ӯ гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки танҳо хирад, ақли солим, дониш метавонад, ки инсонҳоро аз ҳама балоҳои азим эмин нигоҳ дорад. Ӯ мегӯяд:

Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ,

Диҳам маснавиро либоси навӣ.

          Ӯ достони худро либоси нав мепӯшонад, қаҳрамони худро ба олами маърифат мебарад, ба дасти ӯ ҳикмати бузургонро медиҳад ва ӯро парвариш мекунад.

         Мақсади Мавлоно Ҷомӣ тарбияи инсон, инсони комил аст. Ба андешаи бузургон, инчунин Ҷомӣ барои он ки инсон дар зиндагӣ пешпо нахӯрад, бадӣ накунад, аз ҷаҳлу ҷоҳилӣ дур бошад, ӯ бояд роҳнамо, насиҳатгар, устод, омӯзгор дошта бошад. Ӯ дар ин бора чунин андеша дорад:

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Зи дил сар занад сирри дониш нахуст,

Ки бар даступо кор гардад дуруст.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

        Ҷомеае, ки бошандагонаш ба омӯзиш, парвариш ва фарҳангу дониш эътибор намедиҳанд, мамлакат хароб мегардад, кишвар, ватан пеш намеравад, таназзул меёбад.

          Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки худ марди фозил муаллими панду ахлоқ аст, ба ин масъала диққати махсус ва хеле ҷиддӣ медиҳад. Ҷомӣ дар ин ҷиҳат нисбат ба пешгузаштагонаш мақсади худро боз ҳам васеътар, мукаммалтар ифода кардааст, ӯ қадам ба қадам қаҳрамони худ-Искандарро тарбия мекунад, ба роҳи рост раҳнамун месозад.

            Ӯ илму ҳикматро муқаддас мешуморад. Ҳар инсон бояд дар мавқеи худ ҳаким ва табиби дилҳо бошад. Ба андешаи шоир агар шоҳ донову хирадманд набошад, ӯ дар нуқтаи пасти ҷаҳолат қарор мегирад. Аз чунин шоҳ корҳои баду зулму ситам бармеояд.

Агар шоҳи даврон набошад ҳаким,

Бувад дар ҳазизи ҷаҳолат муқим.

Аз ӯ шеваи ҷаҳл хезад ҳама,

Аз ӯ меваи зулм резад ҳама.

Аз ӯ хатти бад комгорӣ бувад,

Насиби хирад хоксорӣ бувад.

          Абдурраҳмони Ҷомӣ баҳри иҷрои мақсади инсондўстонаи худ шеваи махсусро интихоб мекунад. Худи унвони достон мақсади иншои онро муайян мекунад.

          Чунин ба назар мерасад, ки сухани Ҷомӣ барои тарбияи тамоми гурӯҳҳои асри худаш зудтар ва тезтар рафта мерасад. Сухани Ҷомӣ бештар ширинтару лазизтар ва нишонрастар аст. Худи Ҷомӣ дар офаридани ин асари бузург роҳу равиши дигарро пеш гирифта, хонандаи азизи худро огоҳ кардааст, ки бо ҳиммати қавӣ ба маснавӣ либоси нав мепӯшонад. Шоир мегӯяд, ки мақсади ман афсона гуфтан нест, балки аз он хирадномаҳое, ки аз Искандар расидааст, ба як ришта донаҳои гавҳар кашидан мебошад. Аз такрори қиссаҳои куҳан асрори сухани пурҳикматро гуфтан беҳтар аст. Сухани пурҳикмат инсонро ба роҳи омӯзиши илму дониш равона мекунад. Дониш бошад, ҷону дили инсонро зебу зинат медиҳад:

Зи роҳи хирад хат чу берунӣ аст,

Ба каф хома ангушти афзунӣ аст…

Нашуд зоеъ андар талаб ранҷҳош,

Зи имкон ба феъл омад он ганҷҳош.

Ба имдоди устоду ҳамкор низ,

Бидонист асрори бисёр чиз.

Бале, ҳикмат он аст пеши ҳаким,

Ки бар роҳи дониш шавад мустақим.

Ба нури дили поки ҳикматпараст,

Барад пай ба ҳар чиз аз инсон ки ҳаст…

Кашад хома дар дафтари обу гил,

Зи дониш диҳад зевари ҷону дил.

        Ба ақидаи Мавлоно Ҷомӣ барҷо будани замину замон вобаста ба адлу инсофи одамон аст:

Садои хуш аст ин куҳан тоқро,

Ки адл аст маъмури офоқро.

Зи адл аст ин гӯи гардон ба пой,

Зи адл аст ин тангмайдон ба ҷой.

Агар адл набвад, намонад ҷаҳон,

Ба ҳам дарравад ошкору ниҳон.

          Искандари Абдураҳмони Ҷомӣ аз дигар Искандарҳо бо он фарқ мекунад, ки аз китоб, илм, хирадномаҳои Арасту, Афлотун, Суқроту Буқрот ва дигар бузургон баҳра мебардорад. Дар натиҷа Искандар шамшер ба замин мегузорад, аз зӯроварӣ даст мекашад, хунрезиро барҳам мезанад, рӯ ба тавба мениҳад, ба бунёдкорӣ машғул мешавад.

          Дар ҳамаи ин ташаккулёбии рафтор, гуфтори Искандар сухани пурҳикмати устод, омӯзиши илмҳои замона аҳаммияти бузург пайдо кардаанд.

           Дар охир Искандар на шоҳи бедодгар, балки олими тавоно, шахси бомаърифат ва хирадманд ба камол мерасад. Акнун Ҷомӣ ба мақсади худ ноил мешавад.

            Аввалин коре, ки Искандар дар мамлакат барқарор мекунад, ҷорӣ кардани адлу инсоф аст, ки андаке болотар оиди ин масъала сухан рафт. Ҷомӣ дар боби тарбия ва таълим сухан ронда, ибтидо ва бунёди онро аз оила ҷустуҷӯ мекунад.

            Мавлоно Ҷомӣ офтобест, ки аз чеҳраи ӯ олам мунаввар гаштааст. Сабаби ин дар он аст, ки ӯ ҳамаи илмҳои замонаро омӯхтааст. Ӯ шамъест, ки зулмотро мунаввар мекунад, роҳи инсонҳоро равшан месозад. Ана ҳамин хислату хусусиятро ӯ ба дигарон талқин менамояд. Асоси ғоявии достон ақл, адл, нур, хирад, маърифат, устод, шогирд, муаллим ва мактаб аст.

          Ҳар гоҳ, ки офаридгор ин чизҳоро насиби кас мегардонад, ӯ хушбахттарин одами рӯи замин мегардад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر