الصفحة الرئيسية المقالات ОДОБУ АҲКОМИ РОҲ

ОДОБУ АҲКОМИ РОҲ

ОДОБУ АҲКОМИ РОҲ
2024-10-05
262

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

          Бояд донист, ки қавонини Ислом тамоми ҷанбаҳои зиндагиро фаро гирифтааст. Дини Ислом барои ба танзим даровардани ҳаёти мардум тавҷиҳоти муфиду созандае равона карда, аҳкоми мушаххасеро муқаррар намудааст. Ислом дини охирини осмонист ва то охири дунё шариати ҷовидона мемонад.

Фуқаҳои Ислом дар таълифоти худ дар бораи аҳкому одоби роҳ, китобҳо навишта, садҳо рисола ва мақолаҳо тадвин намудаанд. Зимни навиштаҷоти хеш, аз ҷумла чунин мегўянд: Роҳи мусалмононро танг кардан ҷоиз нест, балки бояд чизҳои зараррасонро аз роҳҳо дур карда, ифлосиҳо аз он бардошта шавад. Ҷоиз нест, ки инсон дар замини мулкии

худ коре кунад, ки ба мардум нохушӣ эҷод намояд. Масалан дар назди дарвозааш курсие бисозад, ки роҳи мардумро танг намояд ва ё оби бомаш дар рўи роҳгузарон бирезад. Ҳамчунин барояш раво нест, ки ба таври доимӣ мошини худро дар роҳе гузорад, ки он барои гузаштани омма муқаррар шудааст.

           Донишмандон мегўянд: Ҷоиз нест барои ҳеҷ фард, то чизеро аз хонааш берун намуда, дар роҳи умумӣ гузорад. Дар роҳҳои умумӣ ниҳол шинондан, сохтмон намудан, хандақ кандан, ҳезум ниҳодан, забҳ намудан, хокистар ва ё ахлот андохтан ва монади инҳо манъ аст, зеро ин кор ба тамоми роҳгузарон зарар мерасонад, аз ин рў, ин ҳамаро Ислом ҳаром гардонидааст, то аз он дурӣ ҷўем.

           Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Мусалмон касест, ки мусалмонон аз дасту забонаш дар амонанд. Ва муҳоҷир касест, ки аз чизҳое дурӣ ҷўяд, ки Худованд манъ кардааст» (Ривояти Муттафақ).

           Ҷои дигар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Имон ҳафтоду чанд ё шасту чанд шоха дорад. Афзали он Ло илоҳа иллаллоҳ аст ва пасттарини он дур кардани зарар аз роҳ. Ҳаё яке аз шохаҳои имон аст» (Ривояти Муттафақ).

            Вақте Ислом мефармояд, то зарар ва наҷосати ҳиссӣ аз роҳ бардошта шавад, ҳамчунин дур кардани зарари маънавӣ савоби беҳтар дорад. Ин кор бо чанд намуд сурат мегирад, масалан аз айбҳои мардум чашм пўшидан, ба мардум зарар нарасонидан, сирри онҳоро пўшидан ва ѓайра. Худованд мефармояд: 

           «Ва касоне, ки мардон ва занони мусалмонро бесабаб зарар мерасонанд, болои худ тўҳмат ва гуноҳи бузургеро таҳаммул кардаанд» (сураи Аҳзоб, ояти 57).

          Бояд гуфт, роҳ дар Ислом василаи осонӣ ва кушодагист. Онро барои осонии кори мардум дар ҷамъият месозанд. Аз зебоиҳои ин дини ҷовидона ва шариати накў он аст, ки ҳамаи таълимот ва дастуроти худро барои овардани оромӣ, саодат ва роҳати ҷамъият равона намудааст, то мардум танҳо Худовандро ибодат намуда, машѓули тоати ў бошанд. Роҳ, ки яке аз макони гаштугузори мардум аст, Ислом барои он таълимоти махсус намудааст. Барои роҳ одоберо муайян намуда, низоми нишастан дар онро муайян кардааст, ҳуқуқи роҳсозон ва роҳгузаронро ба таври равшан баён намудааст.

           Паёмбари Акрам (с) ҳамеша барои тоза кардани роҳҳо ва ҷойҳои умумӣ аз ҳама гуна ифлосиҳо ва чизҳои зараровар раҳнамоӣ мекарданд. Ў дар ҳадисҳои зиёдаш баён фармуда, ки дур кардани чизи зараровар аз роҳ, яке аз нишонаҳои имон, аз хислатҳои накў ва рафтори наҷиб аст.

           Роҳ воситаи хидмат ба мардум аст ва фоидааш ба ҳамаи роҳгузарон мерасад. Чун истифодабарандагони роҳ чӣ пиёдагардон ва чӣ саворон, бародарони мусалмони мо мебошанд. Ба эшон хидмат намудан аз ахлоқи ҳамида аст, чун хидмати мусалмон яке аз нишонаҳои мусалмонӣ ва намунае аз хислатҳои наҷиби исломист.

           Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Тамоми амалҳои умматонамро ба ман нишон доданд, ҳам хубиҳо ва ҳам бадиҳоро. Ман аз ҷумлаи амалҳои хуби онҳо дур кардани зарарро аз роҳ дидам. Дар амалҳои бади онҳо ман туфи дар масҷид афкандаро, ки дураш намекунанд, дидам» (Ривояти Муслим).

           Ҷои дигар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ман дар биҳишт мардеро дидам, ки болои дарахте аз як паҳлў ба паҳлўи дигар мегашт ва ин ҳамон дарахтест, ки он дар роҳ мардумро азият медод ва ў онро канда буд» (Ривояти Муслим).

           Дар ривояти дигари Имом Муслим омадааст: «Марде аз назди шохаи дарахти дар роҳбуда гузар намуд ва гуфт: Ба Худо савганд, инро аз роҳи мусалмонон дур мекунам, то ба онҳо зарар нарасонад ва дохили ҷаннат шуд».

           Дар Бухорӣ ва Муслим дар боби адаби фард ҳадисе омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ба рўи бародарат табассум кардан барои ту садақа аст. Амри маъруф ва наҳйи мункар карданат барои ту садақа аст. Ба марди роҳгумкардае роҳро нишон додан барои ту садақа аст. Ба марди нобино роҳнамоӣ кардан барои ту садақа аст. Санг, хор ё устухонеро аз сари роҳ бардоштан барои ту садақа аст. Аз паймонаи худ ба паймонаи бародарат об рехтан барои ту садақа аст».

           Агар ин ҳама савоби бузург барои касе бошад, ки аз роҳи мардум чизҳои зарароварро дур мекунад, пас барои он касе, ки дар роҳи мардум чизҳои зарароварро меандозад, чӣ сазое дода мешавад? Он касе, ки дар роҳҳо ва ҷойҳои омма ахлот меандозад, хусусан дар байни ҳамсоягон бояд ба ин ҳадиси Паёмбар назар дошта бошад, ки мефармоянд: «Ҳар кӣ ба мусалмонон дар роҳ зарар мерасонад, барояш лаънат воҷиб мешавад» (Ривояти Табаронӣ).

          Дар Саҳеҳи Муслим омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Аз ду кори лаънатшуда парҳез намоед. Гуфтанд: Эй Расулаллоҳ, он ду кадом аст? Фармуданд: Он касе, ки дар роҳи мардум, ё дар соягоҳи онҳо таҳорат мешиканад».

          Дини мубини Ислом ба пайравони худ адаби волои роҳ гаштан дар

роҳро омўзонидааст, то онҳо оромона, бообрў, бе зарар, бе ѓурур ва бе ифтихор, бо садои паст ва каломи хуш роҳ гарданд ва бо ҳар кӣ вохўранд, салом диҳанд. 

           «Ва бандагони Худо касонеанд, ки дар роҳ ором мегарданд ва чун ҷоҳиле ба онҳо сухане гўяд, ба ў салом мегўянд» (сураи Фурқон, ояти 63).

           Мусалмон дар роҳ ба мўҳтоҷон кўмак мерасонад, гумшудагонро роҳ нишон медиҳад, ба мазлумон ёрӣ медиҳад, аз кори бад бозмедорад, хурдсолонро таҳқир намекунад, калонсолонро ҳурмат мекунад, касеро масхара намекунад ва кореро ба чашми таҳқир наменигарад.

          Вақте роҳ аз байни хонаҳо мегузарад ва хонаҳо барои роҳгузарон кушода аст ва имкон дорад даруни онҳоро бубинанд, Ислом ба пайравони худ амр мекунад, то чашмони худро нигоҳ доранд ва ҳурмати хонаводаҳоро ҳифз кунанд ва сирри онро фош накунанд ва нафсро аз шаҳвати ҳаром ва ниятҳои бад боздоранд. Зеро нигоҳ қосиди бадиҳост ва ҳар кӣ нигоҳашро озод гузошт, гирифтори ҳасрату надомат хоҳад гашт. 

         Яке аз намунаҳои одоби роҳ дар Ислом, ин ошкор намудани салом аст дар байни мардум, ки он аз як тараф далели муҳаббату баробарӣ ва улфат аст, дар миёни мусалмонон ва аз тарафи дигар боиси дарёфти аҷру савоб аст аз ҷониби Парвардигор. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Шумо дохили ҷаннат намешавед, то ин ки имон оред ва имон намеоред, то ин ки ҳамдигарро дўст доред. Оё шуморо ба чизе далолат накунам, ки агар онро ба ҷо оред, ҳамдигарро дўст медоред? Саломро дар миёнатон ошкор намоед» (Ривояти Муслим).

         Ибни Умар ҳамеша ба хотири дарёфти савоб ба бозорҳо рафта, ба мардум салом медоданд. Аз ҳама таассуфовар он аст, ки ин одоби исломӣ аз бозорҳо, роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нобуд шуда истодааст. Мардум аз назди ҳамдигар мегузаранд, бе ин ки ба ҳам салом гўянд ва кор ба ҷое расидааст, ки танҳо ба шиносон салом мегўянд, ин ҳам бошад, ба лафзҳои гуногуни ѓайриисломӣ. Саломи исломӣ чунин аст, ки саломдиҳанда «Ассалому алайкум» бигўяд ва тарафи дигар дар посух «Ваалайкумус-салому ва раҳматуллоҳ» бигўяд. Барои саломдиҳанда як савоб ва барои посухдиҳанда 99 савоб дода мешавад. Аз нигоҳи фиқҳӣ салом додан суннат ва ҷавоби он воҷиб аст. Илова бар ин дар сарчашмаҳои мазҳаби ҳанафӣ  салом додан ҳамчун нишонаи имону адаб, пайдо шудани меҳру муҳаббат дар байни ҳамдигар, баракат дар хонадон, сабаби дохил шудан ба биҳишт, инчунин касби  савобу аҷр, ибодат ва ризоияти Худованд ва дигар ҳикматҳову фазилатҳои нек мебошад. 

         Лозим ба тазаккур аст, ки баъзеҳо дар роҳҳо ва кўчаҳо нишастанро одат кардаанд, эшон дониста бошанд, ки ахлоқи исломӣ онро манъ мекунад, зеро ин кор аз набудани маданият ва ба пастҳимматӣ дарак медиҳад. Вале агар илоҷе набошад, ақаллан ба ин таълимоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам диққат диҳанд, ки мефармоянд: «Шумо ҳаргиз дар роҳҳо нашинед». Гуфтанд: Эй Расулаллоҳ, мо чорае надорем ва бояд барои сўҳбати ҳамдигар дар роҳ бишинем. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Агар чорае ѓайри нишастан дар роҳро надошта бошед, пас ҳаққи роҳро адо намоед». Пурсиданд: Ҳаққи роҳ кадом аст? Фармуданд: «Чашмҳоро пўшидан, озор надодан, саломро ҷавоб додан ва амри маъруфу наҳйи мункар кардан» (Ривояти Муттафақ).

           Ҳамчунин Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худованд битарсед ва суханони дуруст гўед. Худованд корҳоятонро дуруст намуда, гуноҳҳоятонро мебахшад. Ва ҳар кӣ тоати Худо ва Паёмбарашро кард, дар ҳақиқат, ба комёбии бузурге ноил шудааст» (сураи Аҳзоб, оятҳои 71-72).

Дар охири андешаҳоям аз Худованд барои худам ва барои шумо омурзиш металабам. Барои он кӣ ба комёбии омурзишталабон бирасед, аз Худованд ҳамеша омурзиш бихоҳед.

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.12.2024

أكثر
الفجر06:02
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر