ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳифзу ҳимояи ватан дар Ислом ҷойгоҳи хоссе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имруз соҳиби давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва тавонистанд асрҳои аср ҳамаи муқаддасот ва марзу буми ин Ватани азизро ҳифозат карда ба мо мерос гузоранд. Таълимоти дини мубини Ислом низ мусалмононро ба дўст доштани Ватан ва зодгоҳи худ ташвиқ менамояд, зеро дўст доштани Ватан аз суханони худи Паёмбари раҳмат сарчашма мегирад. Беҳтарин далел дар ин маврид ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос мебошад, ки Паёмбар (с) њангоми њиљрат ба Мадина ба сўи Макка (ки зодгоҳашон буд) хитоб карда фармуданд:
«Эй Макка, чї ватани хушбуй ва дўстдоштание барои ман ҳастї, агар қавмам маро аз ту бадарға намекарданд, ғайр аз ту дар ҷои дигаре сукунат намекардам». (Ривояти Тирмизӣ).
Агар Расули Худо (с) ватани худро дўст намедошт, ҳаргиз чунин суханеро намегуфт ва ҳар инсони оқилу бофаҳме дар ин гуфтори Паёмбар (с) назар кунад дар он муҳаббати ватанро дар беҳтарин ва зеботарин лафзҳо дарк хоҳад кард. Аз ин лињоз, яке аз ҳуқуқҳои мусалмонї ин аст, ки мусалмон дар ҳар сарзамине, ки бошад муҳаббати ватанро дар қалби худ дошта бошад ва барои њимояи марзу буми он саъйу кўшиш кунад.
Адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ин амалӣ намудани фармудаи шариат аст, зеро Худованд фазилати муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби беандоза муқаррар сохтааст. Ҳифзи ватан шараф аст ва онҳое, ки хизмати Ватан-модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабҳо бедорхобӣ мекашанд ё дар сарҳадот аз убури ашхоси ҷиноятпеша ҷилавгирӣ мекунанд, гӯё фарзу суннатро иҷро кардаанд.
Имрӯз, ки бо Фармони Сарвари давлат маъракаи сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад, ҳар як ҷавон бояд дар ин амри хайр бетарафу бетафовут набошад. Зеро ҷавон бо рафтан ба хизмати Ватан дар баробари адои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат, инчунин соҳиби аҷру подоши азиме аз ҷониби Парвардигори карим мегардад. Зеро Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси худ мефармоянд: «Шахсе, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми ватанаш бедорхобӣ мекашад, ҳаргиз чашмҳои ӯ дар оташи ҷаҳаннам намесӯзанд».
Рӯй тофтан аз хизмати ҳарбӣ оини ҷавонмардӣ нест ва чунин амалро хиёнат ба Ватан метавон арзёбӣ намуд. Хушбахтона аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро имрӯз давлати мо муқтадир гашта, барои адои хизмат ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем.
Дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд: «Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!»
Муфассирон мегӯянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед. Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – сафарбар кардани ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандӯстист. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.
Фарзандони шуҷоъу далери Ватан чун сипари боэътимод ҳар зарра хоки марзи кишварро муҳофизат менамоянд. Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
Худованд ватану кишвари моро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ дорад, ба ҳамаи марзбонону сарбозон далериву ҷасурӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ато намояд, ба мардуми кишвар тавфиқу комёбӣ насибу рӯзӣ гардонад.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر