الصفحة الرئيسية المقالات ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БО АХЛОҚИ ҲАМИДА

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БО АХЛОҚИ ҲАМИДА

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БО АХЛОҚИ ҲАМИДА
2025-07-12
27

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          Ҳамду сано Худовандро ва дуруду салом бар Паёмбари гиромии Ислом (с) ва бар олу асҳобаш бод.

Дар пешрафти ҷомеа баланд бардоштани нерўи зеҳнии ҷавонон нақши босазое дорад. Чун ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд ва шаклгирии фарҳанги имрўзаву ояндаи кишвар аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд фаъолияту назарҳои онҳо мавриди таҳқиқ қарор бигиранд. Суботу назми фазои динии кишвар ва ҳамзистии арзишҳои гуногуни инсонӣ дар қаламрави кишвар аз худи ҷавонҳо сахт вобаста аст. Аз ҳамин хотир дар кадом руҳия тарбия ёфтани онҳо масъалаи муҳими фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат қабл аз ҳама ба ин қишри ҷомеа, ҳамчун насли ояндасоз ҳам аз ҷониби волидайн ва ҳам устодон бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Ҳадафи таълимоти ислом дар самти тарбияву парвариши инсон гуногунҷабҳа буда, собитқадам ва соҳибирода ба воя расонидани мўъминро дар баробари мушкилоти зиндагӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа меҳисобад. Дини мубини Ислом дини сулҳу раҳмат буда, дар ҳеҷ замоне бар хилофи равиши зиндагии мардум ҳукми худро лозим надонистааст. Ҳамеша барои  саодати мардум ва ҷомеаи башарӣ беҳтарин роҳи зиндагиро раҳнамоӣ менамояд.

Худованди карим барои ҷавонон як нерўи ҷисмонӣ ва фикрие додааст, ки аз калонсолон хеле бартарӣ доранд. Агарчи калонсолон дар илму таҷриба аз онҳо пештаранд, вале ѓолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон  метавонанд ба он даст зананд. Бидуни шак, ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозанд. “Дар ҷавонӣ тавба кардан нашъаи пайѓамбарист” мегўянд бузургони мо. Аз ин рў, дар ҷавонӣ ба амали неку созандагӣ машѓул шудан хуб корест.

Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, хабар додааст, ки яке аз он ҳафт тоифае, ки рўзи қиёмат, рўзе, ки ба ҷуз сояи раҳмати Худо ҳеҷ сояи дигаре вуҷуд надорад, онҳоро Худованд дар зери сояи худ мегирад, ҷавонест, ки дар ибодати Худо нашъунамо ёфтааст.

Баъзе аз ҷавонони имрўзаи мо гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот фирефта шудани онҳо ба равияҳои гуногуни ифротӣ аст. Агар мо ҳамин тавр ҷавононро ба ҳоли худ гузорему онҳо ба ин ё он равияҳои ифротӣ гараванд, бидуни шак, ҳам ахлоқи онҳо вайрон мешавад, ҳам рафторашон ва ҳам ақидаашон ва ин намуд равияҳо имрўз чихеле, ки ҳамагон огоҳӣ дорем хеле зиёд буда, моро ҳамчун фарди ҳамин ҷомеа бетараф гузошта наметавонад. Аз ин лиҳоз, нагузорем, ки нохалафоне ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созанд. 

Ҳазрати Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бархе  роҳнамоиҳои худро ба ҷавонон равона мекарданд. Он Ҳазрат (с) ба Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, фармуданд:

 «Эй ҷавон, ман туро як­чанд панде биомўзам: (ҳу­дуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ўро дар рў ба рўят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷўӣ аз Худо ёрӣ биҷў. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ ша­ванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида на­метавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту на­виштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд ма­гар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бар­дошта шуда­анд ва но­ма­ҳо хушк шудаанд». (Ривояти Тирмизӣ)                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                   

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар бораи тарбияи ҷавонон ва баланд бардоштани нерўи зеҳнии ҷавонон чунин гуфтанд: “Барои дастгирӣ намудан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ  кардани ҷавононе, ки ба чунин мушкилот гирифтор шудаанд, лозим аст, ки мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, падару модарон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, густариши донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, дарку омўзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини Ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондўстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд”.

Оре, фарзандон амонати сангине мебошанд, ки аз ҷониби Худованд ба падару модар супорида шудаанд. Онҳо ояндасозони ҳар ҷомеа маҳсуб мешаванд ва хубу бади ҷомеа ба чигунагии тарбияи онҳо вобаста аст. Саъдии бузургвор дар мавриди тарбияи фарзанд мегўяд:

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,

Писарро хирадмандӣ омўзу рой.

Ки гар ақлу раъяш набошад басе,

Бимириву зи ту намонад касе.

Аз ин ҷо равшан мегардад, ки масъулияти падарону модарон хеле сангин аст, чунки сарнавишти ҷомеа ба дасти онҳост, зеро хонавода мисли як мадрасае аст, ки афроди ҷомеа дар он тарбият мешаванд ва падару модар дар он мадраса нақши муаллимро доранд.

Пас солимии ҷомеа ба чигунагии фаъолияти ин маркази тарбиявӣ ва муаллимҳои он вобаста аст. Яъне агар  хонавода муҳити солим дошта бошад ва падару модар худ аз маърифати комил бархурдор бошанд, метавонанд афроди солим ва муфидеро равонаи ҷомеа созанд, вагарна фарзандони ҷавон тарбиянаёфта ба ҷомеа ворид хоҳанд шуд.

Бешак ҳар падару модар фарзанди худро дўст медорад ва мехоҳад, ки фарзандаш ахлоқи хуб дошта бошад, аз падару модар итоат кунад ва ҳамчун шахсияти муфиде барои ҷомеа ба бор ояд. Аммо ин чиз фақат ба хостан намешавад, балки барои амалӣ шудани ин хостаҳо ва орзуҳо бояд падару модар вазифаи худро дар баробари фарзандон ва ҷомеа бишносанд ва мувофиқи он амал кунанд.

Хушбахтона бо лутфи Худованди меҳрубон мо пайрави оине ҳастем, ки беҳтарин тавсияҳо ва роҳнамоиҳоро дар тамоми масоили зиндагӣ баён кардааст. Хусусан дар масъалаи тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои волидайн, дини муқаддаси Ислом таъкиди хосе дорад ва беҳтарин ва саҳеҳтарин равишҳои тарбиятиро нишон дода, хурдтарин масъалаҳо ва дақиқтарин нуктаҳоро дар ин мавзуъ баён доштааст. Ҳамчунин дар ин оини муқаддас барои тарбияи саҳеҳи фарзандон подошҳои дунявӣ ва ухравӣ ва барои тарбияи ғалати онҳо ва саҳлангорию бепарвоӣ нисбат ба тарбияи фарзандон муҷозоти сангине дар назар гирифтааст.

Дар манобеи исломӣ равишҳои фаровоне дар мавриди тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои волидайн гуфта шудааст, ки мо барои тўлонӣ нашудани баҳс ба зикри баъзе аз он кифоя мекунем:

Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мефармоянд:

“Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро дуруст ва саҳеҳ тарбия  кунед то Худованд гуноҳҳони шуморо бибахшад”.

      Асосгузори мазҳаби ҳанафия - Имом Абуҳанифа ба фарзандаш - Ҳаммод хитоб карда мегўяд: Фарзандам! Худованд туро ба роҳи рост иршоду таъйид  кунад. Мехоҳам туро чанд васият кунам, ки агар онҳоро ба ёд орӣ ва дар амал пиёда кунӣ умедворам ки иншоаллоҳ саодати дунё ва охиратро ҳосил кунӣ.

      Инҷо баъзе аз васиятҳои Имом Абуҳанифаро мехоҳем барои ҷавонон пешниҳод намоем.

      Имом мегўянд: Ба панҷ ҳадисе, ки аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис интихоб кардам, амал кун:

  1. Дору мадори тамоми аъмол бар ният аст ва подоши ҳар шахс мутобиқи нияти ў хоҳад буд.
  2. Аз аломатҳои диндории як шахси мусулмон ин аст, ки корҳои лояънӣ  ва бефоидаро тарк кунад.
  3. Ҳеч яке аз шумо то ҳангоме ки мусулмони комил наметавонад бошад, ки он чиро барои худаш меписандад, барои бародари мусулмонаш низ биписандад.
  4. Ҳалолу ҳаром ошкор аст ва дар миёни он ду масоили зиёде муштабеҳ аст, ки бисёре аз мардум онро намедонанд, пас касе, ки аз чизҳои шубҳанок парҳез кунад, дину обрўяшро маҳфуз доштааст ва касе, ки дар чизҳои шубҳанок бияфтад, дар ҳаром афтодааст, монанди чўпоне, ки рамаашро дар атрофи киштзор мечаронад, анқариб ба киштзор дохил хоҳанд шуд. Сипас фармуданд: «Огоҳ бош! Ҳар подшоҳ ҳудуде дорад. Огоҳ бош, ки ҳудуди Худованд ҳамон чизҳоест, ки иртикоби онҳоро бар бандагонаш ҳаром кардааст. Огоҳ бош! Дар ҷисми инсон тиккаи гўштест, ки агар дуруст шавад, тамоми ҷисм дуруст мешавад ва агар фосид гардад, тамоми ҷисм фосид мегарад. Огоҳ бош, ки он қалб аст».
  5. Мусулмони комил касе аст, ки мусулмонони дигар аз дасту забонаш солим бимонанд.

     Инчунин Имом фармуданд: “Фарзандам дар тамоми корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кўшиш кун, ки ҳалол бихурӣ”.

Дар ҳақиқат яке аз сабабҳое, ки боиси бадхулқӣ ва дар ниҳоят бероҳагии ҷавонон мегардад, риоят нашудани ростӣ ва дурустӣ дар касбу даромад ва ба даст овардани ризқу рўзии ҳалол аз тарафи падару модар мебошад. Агар ба таърихи бузургони дину миллат назар кунем мебинем, ки волидайни онҳо дар тарбияи онҳо қабл аз ҳама ба ҷиҳатҳои гуногуни ахлоқии худ таваҷҷўҳ доштаанд ва яке аз ин ҷиҳатҳо пок нигоҳ доштани луқма будааст. Агар сари дастархони фарзандон нони ҳалол бибарем ҳатман баракати он дар идомаи тарбияти онҳо таъсири мусбат хоҳад гузошт. Луқмаи ҳалолро сарчашмаи донишу ҳикматҳо ва манбаи ишқу муҳаббат донистаанд ва дар баробари он луқмаи ҳаромро сарчашмаи кинаву ҳасаду ғафлат.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин маврид гуфтааст:

   Илму ҳикмат зояд аз луқмаи ҳалол,

  Ишқу риққат ояд аз луқмаи ҳалол.

 Чун зи луқма ту ҳасад бинию дом,

        Ҷаҳлу ғафлат зояд онро дон ҳаром.

Дар ҳақиқат баъзе аз рафторҳо ба зиндагии мо таъсири бисёр муҳим  доранд ва агар нисбати онҳо таваҷҷуҳ надошта бошем оқибатҳои ногуворе хоҳад дошт. Пас бояд нисбат ба рафтору кирдори худамон диққат дошта бошем ва ҳамеша тавсияҳои Қуръону суннат ва бузургони мазҳабу миллатро дар бораи оқибат ва натиҷаи корҳо дар назар бигирем, то мабодо бо рафтори носанҷидаи худ ба худамон ва атрофиёнамон зарар нарасонем.

Нуқтаи муҳимми дигаре, ки набояд онро фаромўш созем, ин ғанимат шумурдани фурсатҳои тарбиявӣ аст. Ин фурсатҳо аз назари илми ахлоқ ва тарбия бисёр муҳим буда, бепарвоӣ нисбати ин фурсатҳо дар кори тарбияи ҷавонон халали ҷиддӣ ворид мекунад. Ба ҳамин хотир бузургон дар бораи истифодаи муносиб аз фурсатҳои тарбиявӣ таъкид намуда, онро омили муҳимми муваффақиятҳо дар ин замина донистаанд.

وقت الصلاة في طاجيكستان

12.07.2025

أكثر
الفجر03:28
الظهر12:40
العصر18:00
المغرب19:59
العشاء21:29
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر