Ҳуқуқ ва масъулияти мутақобили волидайн ва фарзандон
Ҳуқуқ ва масъулияти мутақобили волидайн ва фарзандон
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ عَلَيْهَا مَلَائِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَّا يَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ [٦٦:٦]
«Эй касоне, ки имон овардаед, худатон ва касонатонро аз оташе, ки сўхтании он мардум ва сангҳост, ҳифз кунед». («Таҳрим»; 6).
Масъулияти падару модар дар мавриди тарбияти фарзандон
-
Фарзандон мавҳибати Худованд ҳастанд ва падарону модарон амонатдори онҳо мебошанд.
- Саъй намоед, то муҳаббати Худованд ва Пайғамбари гиромӣ (с)-ро дар дили онҳо ҷой диҳед.
-
Бо имон ва ахлоқу одоби динию иҷтимоӣ онҳоро ошно намоед.
- Бҳтарин равиши тарбияти онҳо пойбандии падару модар ба покию парҳезгорӣ аст.
- Ниёзмандиҳо ва орзуҳои моддию маънавии машрўъи онҳоро то ҳадди имкон бароварда намоед.
- Аз тавҳин ва таҳқири онҳо ба хусус дар ҳузури дигарон парҳез кунед.
-
Дар интихоби дўст ва шарики зиндагӣ онҳоро роҳнамоӣ намоянд.
-
Дар мавриди хариди либос ва ғайра миёни онҳо адолатро риоя кунанд.
- Муҳаббати самимӣ ва мантиқии падару модар онҳоро аз муҳаббати дурўғини дигарон бениёз менамояд.
- Аз лағзишҳои онҳо чашмпўшӣ кунад ва дар сурати такрор дар хилват насиҳаташон намояд.
-
Бо муҳаббат ва шавқу эҳтиром ба онҳо эътимод ва бовариро дар онҳо эҷод кунанд.
- Гоҳе онҳоро ба намози ҷумъа ва маҷлисҳои динию фарҳангӣ бибаранд.
- Онҳоро бо Қуръон ва равиши зиндагии Расули Худо (с), инчунин бо суханон ва андарзҳои бузургон ошно намоянд.
-
Дар ҳузури онҳо аз ҷангу ҷидол дурӣ кунанд.
-
Падару модар ҳамчун дарахт ва фарзандон низ меваи он ҳастанд ва албатта дарахти солим меваи солим медиҳад.
-
Дар сиришти онҳо парҳез кардан аз исрофро парвариш диҳанд.
-
Бо мактаби онҳо иртибот дошта ва бо муаллимону мураббиёнашон дар тамос бошанд.
- Онҳоро аз мутолиа ва нигоҳ ба китобҳо ва филмҳои зарарнок ва бефоида боздоранд.
- Онҳоро ба таҷрибаҳои зиндагии худ ошно созанд.
-
Дар умури дину дунё онҳоро масъулиятшинос тарбият намоянд.
-
Номи неку ва ё лақаби муносиб барои онҳо интихоб кунанд.
- Онҳоро ба ёдгирии илму дониш ва ҳунар водор намоянд ва дар омода сохтани имконоти рушду шукуфоии истеъдодҳояшон саъйу талоши худро дареғ надоранд.
-
Имконот ва васоили истироҳат ва дилхушии машруъ ва муносиб бо синни онҳоро фароҳам намоянд.
-
Ба тағзия ва беҳдошти онҳо таваҷҷуҳ намуда фоидаҳои ҳифзи саломатии рўҳу бадан ва беҳдошти муҳитро ба онҳо биёмўзад.
-
Эҳтиром ба калонсолон ва кумак ба заъифону беморонро ба онҳо ёдовар шаванд.
-
Дар интихоби муаллим ва мураббӣ барои авлоди худ дилсўзона иқдом намояд.
- Ҳангоми сафар бо онҳо фурсатро ғанимат шумурда аз маназараҳои зебои табиат ва асрору пандҳои маконҳои таърихӣ фарзандони худро огоҳ созанд.
-
Ба онҳо биёмўзанд, ки бо бародарону хоҳарони худ ва ҳамсолону ҳамнавъонаш содиқ ва меҳрубон бошанд.
-
Раҳму шафқат бо зердастонро ба онҳо биёмўзанд.
-
Ба онҳо биёмўзанд, то ҳамвора фазилати умури ухравиро бар умури дунявӣ муқаддам бидоранд ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаро бар манфиатҳои фардӣ бартарӣ диҳанд.



