Паём-қутбнамои зиндагии мардум

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, он ҳуҷҷати асосии Стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта, сокинонро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Дар паёми навбатии Пешвои миллат вазъи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат матраҳ гардида, нақшаву ниятҳои судманди Ҳукумати кишвар барои минбаъд иброз карда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми имсолаи худро аз вазъи сиёсати хориҷӣ оғоз карда, аз раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи «ҷанги сард» ва ҳамлаҳои ғайриинсонии террористону ифротгароён, ки дар ин давра дар гӯшаҳои гуногуни олам доман густурд, изҳори нигаронӣ карданд.
Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё фарогири низоъву нооромӣ ва мавриди ҳамлаҳои террористиву ифротӣ қарор гирифта, хатарҳои афзояндаи терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҷомеаи ҷаҳониро бештар ба ташвиш овард.
Пешвои миллат идомаи минбаъдаи ин ҳолатро боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам маънидод карда, бетараф набудани Тоҷикистонро дар ин раванди пурпечутоб зикр доштанд ва аз аз тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мубориза бар ин зуҳуроти ҳалокатовар ёдовар гаштанд.
Қайд гардид, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзуи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез баргузор хоҳад гашт.
Ин тадбири хирадмандонаи Пешвои миллат намунаи олӣ ва барҷастаи инсондӯстӣ буда, мавқеи кишвари моро дар ҳаллу баррасии масъалаҳои глобалӣ инъикос месозад ва воқеияти давлати сулҳхоҳ ва ваҳдатпарвар будани Тоҷикистонро собит менамояд.
Имрӯзҳо боиси таассуф аст, ки як гурӯҳи ноогоҳу бехабар аз асли дину шариат зери парчами ислом ва номи ин дини муборак амалҳои ваҳшиёна ва ғайриинсониро ба анҷом расонида, амнияту суботро дар ҷомеаи ҷаҳон халалдор месозанд. Ин иддаи аз Худову дин ноогоҳ, ки ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро бо истифода аз номи дини мубини мо анҷом медиҳанд, ҳам ҷони ҷавони худро қурбонии роҳи ҷаҳолат намудаву ҳам хуни ҳазорон мардуми беҷурмро бе ягон баҳонаву асос рехта истодаанд.
Ташвишовар он аст, ки ин доми фалокатбор ба ҷомеаи мо низ бетаъсир намонда, як гурӯҳ аз ҷавонони содаву ноогоҳи моро фирефтаи худ кардааст. Ҳамин аст, ки тайи солҳои охир гароиши ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бештар ба чашм расид.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро лозим аст, ки ба ҳама гуна ҳодисаҳои ҷамъият бо чашми дил назар андохта, ҳушёриву зиракиро набояд аз даст диҳем. Дар тарбияи дурусти ҷавонон бояд ҳамдастӣ кард ва ҳақиқати исломро, ки бунёд ба иттифоқиву сарҷамъӣ ва ваҳдату ҳаммаромӣ дорад, ба онҳо омӯзем ва нагузорем, ки зеҳни ҷомеа, хоса ҷавонони моро ҳар гуна андешаву афкори носолими ғайр фаро гирад.
Мансурҷон Назиров,
имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Конибодом
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر