АҚИДАИ МОТУРИДӢ, МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ИСЛОМИ АСИЛИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Мардуми Осиёми Марказӣ, алалхусус мардуми шарифи Тоҷикистон ҳазорсолаҳост, ки дар ақидаи аҳли сунат ва ҷамоат ва мазҳабӣ ҳанафӣ амал карда истодаанд ва дар зери таъсири ин мазҳабу ин ақида ҳаргиз фитнаву дасисае дар ҷомеаи мо вуҷуд надошт.
Пайғамбар (с) дар ҳадиси шариф фармудаанд, ки «зуд аст, ки уммати ман баъд аз ман ба ҳафтоду се гурӯҳ тақсим мешаванд, ҳамаи ин гурӯҳҳо дохили ҷаҳаннам мешаванд, магар як фирқа. Пурсида шуд аз Расули Худо, ки ё расуллалоҳ, киёнанд он фирқаи наҷотёбанда? Гуфтанд, ки манам ва пайравони мананд».
Имрӯз ба назар мерасад, дар муҳити динии Тоҷикистон дар зери либоси аҳли суннат ва ҷамоат барои фиреби мардуми Тоҷикистон таблиѓу ташвиқ намудани мазҳаби шиаи имомӣ аз ҷониби гурӯҳи террористии ҲНИТ “дар зери коса нимкосаеро” мемонд.
Хиёнати ин ҳизб ба миллати тоҷик, ба ақидаи Мотуридӣ, ба мазҳаби ҳанафӣ ва дар маҷмӯъ ба дини мубини ислом дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон исботи худро ёфт ва маруми мусулмони кишвар аз ғояҳои ифротию террористии ҲНИТ огоҳ гардиданд.
Аз ҷониби роҳбарону пайравони ҲНИТ дар мисоли Қиёмиддини Ғозиву паравони ӯ рӯирост тарғибу ташвиқ гардидани ақидаи бегона боиси вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Зеро Қиёмидинни Ғозиву ҳамроҳонаш шарм накарда, мазҳаби худро фурхтанду боз дигаронро ҳам ба ин роҳ “ҳидоят” мекардагӣ шуданд.
Дар урфият мегӯянд: «Гург фақат пӯсташро иваз мекунад». Аз ин лиҳоз, дар чунин шароити мураккаби идеологии ҷаҳонӣ моро мебояд ҳамаи арзишҳои асили миллию динии худро эҳтиёт ва ҳифз намоем. Нагузорем, ки чанд нохалафе рахна дар андешаву ақидаи мо зананд.
Хузайруддин Давлатов, имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر