Главная Статьи АҚИДАИ МОТУРИДӢ, МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ИСЛОМИ АСИЛИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ

АҚИДАИ МОТУРИДӢ, МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ИСЛОМИ АСИЛИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ

АҚИДАИ МОТУРИДӢ, МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ИСЛОМИ АСИЛИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ
2018-02-26
3189

Мардуми Осиёми Марказӣ, алалхусус мардуми шарифи Тоҷикистон   ҳазорсолаҳост, ки  дар  ақидаи    аҳли  сунат  ва ҷамоат   ва  мазҳабӣ  ҳанафӣ амал карда истодаанд ва дар зери таъсири ин мазҳабу ин ақида ҳаргиз фитнаву дасисае дар ҷомеаи мо вуҷуд надошт.

Пайғамбар (с) дар  ҳадиси  шариф  фармудаанд, ки  «зуд аст, ки  уммати  ман баъд аз ман  ба ҳафтоду се гурӯҳ тақсим мешавандҳамаи  ин  гурӯҳҳо  дохили ҷаҳаннам мешавандмагар як фирқаПурсида   шуд  аз  Расули Худо,  ки ё расуллалоҳкиёнанд он фирқаи наҷотёбандаГуфтандки  манам  ва  пайравони   мананд».

Имрӯз ба назар мерасад, дар  муҳити   динии Тоҷикистон дар зери  либоси    аҳли  суннат  ва  ҷамоат  барои фиреби мардуми  Тоҷикистон  таблиѓу     ташвиқ намудани мазҳаби шиаи имомӣ аз ҷониби гурӯҳи террористии ҲНИТ “дар  зери  коса  нимкосаеро”  мемонд.

Хиёнати ин ҳизб ба  миллати тоҷик, ба ақидаи Мотуридӣ, ба мазҳаби ҳанафӣ ва дар маҷмӯъ ба дини мубини ислом дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон исботи худро ёфт ва маруми мусулмони кишвар аз ғояҳои ифротию террористии ҲНИТ огоҳ гардиданд.

Аз ҷониби роҳбарону пайравони ҲНИТ дар мисоли Қиёмиддини Ғозиву паравони ӯ рӯирост тарғибу ташвиқ гардидани ақидаи бегона боиси вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Зеро Қиёмидинни   Ғозиву ҳамроҳонаш шарм  накарда, мазҳаби худро фурхтанду боз дигаронро ҳам ба ин роҳ “ҳидоят” мекардагӣ шуданд.

Дар урфият мегӯянд:  «Гург фақат пӯсташро иваз мекунад».  Аз ин лиҳоз, дар чунин шароити мураккаби идеологии ҷаҳонӣ моро мебояд ҳамаи арзишҳои асили миллию динии худро эҳтиёт ва ҳифз намоем. Нагузорем, ки чанд нохалафе рахна дар андешаву ақидаи мо зананд.

Хузайруддин  Давлатов, имомхатиби   масҷиди  ҷомеи деҳоти Ҳоити ноҳияи  Рашт 

Время намаза в Душанбе

19.05.2025

Подробнее
Фаджр03:31
Зухр12:40
Аср17:47
Магриб19:45
Иша21:15
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее