الصفحة الرئيسية المقالات ҲИЗБГАРОӢ ВА ТАФРИҚА АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

ҲИЗБГАРОӢ ВА ТАФРИҚА АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

ҲИЗБГАРОӢ ВА ТАФРИҚА АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ
2018-03-28
3109

Парвардигори оламро ҳамд ва ситоиш мекунем, ки ӯ розӣ шуд, Ислом дине бошад ва ба василаи он моро як маҷмӯаи воҳид дар роҳи мустақим қарор дод ва дастур дод, ки бародарвор дӯстдори ҳамдигар бошем ва моро аз тафриқа ва ихтилоф дар дин барҳазар дошт. Ва салот ва салом бар Расули амин (с), ки баъд аз худ ҳуҷҷати қотеъ ва далели равшанро бар ҷой гузошт, чизе, ки ҷуз ҳалокшудагон аз он мунҳариф намешаванд. Ва дуруд ва салом бар хонадони покаш ва бар асҳоб ва ёронаш.

Дар замони муосир ба назар мерасад, ки балоҳое ҷомеаро фаро гирифта, саркашӣ ва нофармониҳое мунташир гашта ва ҷомеаи исломӣ ва мусулмонон дучори тафриқа ва табдил ба гурӯҳҳо, фирқаҳо ва ҳаракатҳои гуногун гаштаанд. Бештари мусалмонон саргардон ва ҳайрон шудаанд, намедонанд ба кадом гурӯҳ пайравӣ кунанд. Ин тафриқа ва ҳизбгароӣ дар Ислом ҷамол ва зебоии онро тира сохта, монеи пешрафти муслимин шудааст. Оё Ислом ҳамин аст? Ҳукми ихтилоф ва тафриқа ва ҳизбгароӣ дар дин чист? Роҳи раҳоӣ аз ин дарди сӯзнок чист?Оё ҳизбҳои исломӣ ва гурӯҳҳои исломии муосир бар сироти мустақим қарор доранд ё ҷузъи фирқаҳои гумроҳ аз ҳафтоду ду фирқа мебошанд?

Ихтилоф ва тафриқаву ҳизбгароӣ аз Ислом нест, балки аз ҷумлаи чизҳое аст, ки Худованди мутаъол ва Расулаш аз он наҳй ва онро ҳаром хондаанд ва мефармоянд: “Аз мушрикин мебошад, онҳо ки динашонро мутафарриқ карда ва табдил ба гурӯҳҳо шудаанд, ки ҳар кадом ба ончи дошт, хушҳол буд” (сураи Рум, 31-32). Ва дар ҷои дигар мефармояд: “Чун касоне набошед, ки баъд аз он ки оёти равшан барояшон омад, мутафарриқ шуданд ва ихтилоф карданд, барои онҳо азоби бузурге мебошад” (сураи Оли Имрон, 105). Ва мефармояд: “Онҳо, ки дини худро тафриқа карданд ва ба гурӯҳҳо табдил шуданд, дар ҳеҷ ту бо онҳо нестӣ” (сураи Анъом, 159). Худованди таъоло мефармояд: «Ин роҳи рости ман аст. Аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои дигар пайравӣ накунед, ки боиси тафриқа шудани шумо аз роҳи Худованд хоҳад шуд. Ин чизе аст, ки шуморо ба он амр мекунам, умед аст, ки тақво пеша гиред» (сураи Анъом, 153). Тафсири ин ояти карима дар ҳадиси Ибни Масъуд (р) омадааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) бо дасташ хате кашид, он гоҳ фармуд, ин роҳи мустақими Худост, сипас аз рост ва чап он хатҳои дигарро кашид, он гоҳ фармуд, ин роҳҳои дигар аст, ки бар ҳар кадоме аз онҳо шайтон қарор гирифтааст ва ба сӯяш даъват мекунад. Сипас ин оятро хонд: Ин роҳи рости ман аст аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои дигар пайравӣ накунед (ривояти Аҳмад). Ҳузайфа писари Ямон (р) гӯяд: Мардум дар мавриди хайр аз Расулуллоҳ (с) саволе мекарданд, вале ман аз шар ва бадї мепурсидам аз тарси ин ки мабодо дучори он шавам, арз кардам: Расули Худо, мо дар ҷоҳилият дар шар будем, Худованд ин хайрро бар мо ирсол дошт, оё баъд аз ин хайр ва ҳидоят шарре хоҳад омад? Дар ҷавоб фармуд: Оре, гуфтам оё баъд аз он шар хайр хоҳад омад? Фармуд: Бале, вале дар он навъе олудагӣ вуҷуд дорад. Арз кардам, ки олудагии он дар чист? Фармуд: Қавме хоҳад омад, ки ба ғайр аз ҳидояти ман дигаронро роҳнамоӣ мекунанд, баъзе аз масоилашон маъруф ва баъзе дигар аз он мункар аст. Гуфтам: Оё баъд аз он хайр шарре хоҳад омад? Фармуд: Бале, даъватгароне ҳастанд, ки бар дарвозаҳои ҷаҳаннам қарор доранд, ҳар кас даъвати онҳоро бипазирад, ӯро дар он меандозанд. Арз кардам: Эй расули Худо (с), онҳоро бароямон сифат кунед. Фармуд: онҳо аз ҷинси мо ва бо забони мо сухан мегӯянд. Гуфтам: Агар онҳоро ёфтам, чї дастуре дар он маврид ба ман медиҳед? Фармуд: Бо ҷамоати муслимин ва пешвояшон бош. Гуфтам: Агар мусулмонон ҷамоат ва пешво надошта бошанд. Фармуд: Дар он сурат аз ҳама гурӯҳҳо ва фирқаҳо дурӣ гузин, агарчи лозим бошад, бар решаи дарахти газ бигиред ва то вақти мурдан зиндагиро ба ин сурат идома диҳед. Эй Ҳузайфа, агар дар ҳоле ки бар решаи дарахти газ гирифта бимирӣ, бароят беҳтар аз он аст, ки то ба яке аз онҳо пайравӣ кунӣ (ривояти Бухорӣ).

Имом Табарӣ (р) мефармояд: Замоне мардум пешво надошта бошанд ва ба ҳизбҳо ва гурӯҳҳо ҷудо шаванд, набояд яке аз онҳоро пайравӣ кард, балки бояд дар сурати имкон ба хотири тарс аз афтодан дар шар аз ҳолати онҳо дурӣ кард. Пайғамбар (с) безор аст аз касе, ки дар дин тафриқа ва ҳизб эҷод мекунад (Имом Аҳмад).

Таълимоти Ислом ихтилофу тафриқа ва ҳизбгароиро ба сароҳат наҳй карда бар ҳаром будани он далолат менамояд ва соҳибашро ба ҷаҳаннам таҳдид мекунад ва баён медорад, ки роҳи ҳақ як аст - сиротулмустақим.

Файзулло Саъдуллоев,

имомхатиби масљиди мањаллаи

Маяковскийи ш. Душанбе

وقت الصلاة في طاجيكستان

18.05.2025

أكثر
الفجر03:32
الظهر12:40
العصر17:46
المغرب19:44
العشاء21:14
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر