Хидмат ба Ислом чист?
Хидмат ба Ислом чист?
Ҳамд Худоеро, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест ва дуруди беинтиҳо ба пешвои мо- ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
Дар ҷомеаи мо имрӯз нафарони зиёде мегӯянд, ки мехоҳем ба Ислом хидмат кунем. Аммо каманд шахсоне, ки воқеан дарк кунанд, асли хидмат ба Ислом чист ва инсон бо чӣ коре метавонад хидмати арзандае барои рушду равнақи ин дини барҳақ ба ҷо орад.
Пеш аз он ки инсон ба коре ҳиммат бандад, бояд нахуст нияти худро пок созад ва роҳи дурустро барояш интихоб кунад.
Мо, мусалмонон, ҳар шабонарӯз зимни хондани сураи “Фотиҳа” мегӯем:
اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ [١:٦]
“(Худоё) моро ба роҳи рост ҳидоят кун!”.
Бале, ҳар фарди муъмин аз Худо мехоҳад, ки ӯро ба роҳи рост ҳидоят кунад. Роҳи рост-роҳи паёмбарону саҳобагон, роҳи дӯстони Худо, роҳи мардуми солеҳу некӯкор! Роҳе, ки Худо аз он хушнуд аст ва инсон дар ин роҳ комёб хоҳад шуд!
Яъне, пеш аз он шахсе мехоҳад хидмате барои Ислом анҷом диҳад, бояд аввал Худои худро бишносад. Худои якка ва ягонаро бидуни шакку шубҳа, бе шарику беҳамто шинохтан ва гаравидан ба Ӯ марҳилаи нахустин ва аслии Ислом аст ва рукнҳои имон аз он сарчашма мегирад.
Шинохтану пайравӣ намудан аз Паёмбари акрам - ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар мусалмони комил аст.
Хидмат ба Ислом - ин сари вақт ва саҳеҳу дуруст ба ҷой овардани ибодатҳои баданӣ, аз қабили намозу рӯза аст.
Агар мусалмони сарватманд ва соҳиби нисоб бошад, бо пардохтани закот,ки аз ҷумлаи ибодатҳои молӣ маҳсуб мешавад, хидмате барои Ислом мекунад. Дар ин кор чанд ҳикмате ҳаст. Аз як тараф, худи закотдиҳанда фармудаи Худоро ба ҷой оварда, моли худро ҳалол мекунад, аз ҷониби дигар мардуми муҳтоҷу мискин, толибилм ва ғайра, ки Худованд дар Қуръон зикр кардааст, аз он баҳраманд шуда, дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ барқарор мешавад.
Омӯхтани илмҳои динӣ ва дунявӣ ва омӯзонидани дигарон низ аз ҷумлаи беҳтарин хидмат ба Ислом аст. Зеро илм нур асту ҷаҳл торикӣ ва инсони соҳибилму донишманд монанди офтоби тобон аст, ки дигарон аз илми ӯ баҳраманд мешаванд. Одами нодон бошад, монанди нобиноест, ки ҳар лаҳза хафви раҳгум задану гумроҳ шудан дорад.
Омӯзонидани илм ва тарбияи хуб додани фарзандони худ ҳам хидмати олӣ ба Ислом аст. Зеро падару модар барои фарзанд масъул асту пагоҳ барои он пеши Аллоҳ ҷавоб мегӯяд. Фарзанде, ки хушахлоқу ботарбия ба камол расида, Қуръонро бесаҳву хато хонда, маънии онро дарк кунад, аз аҳодиси Расули акрам - ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва аҳкоми фиқҳӣ огоҳии комил дошта бошад, илмҳои дунявиро низ хуб аз бар намояд, воқеан ифтихори падару модар хоҳад буд. Аммо, баръакс фарзанди бадахлоқу нохалаф, ҷоҳилу нодон барои волидайн мояи шармсорӣ ва озурдагӣ аст.
Хидмати дигар ба Ислом - ин муҳаббат ба ватани худ, ба ҳамдину ҳамқавмони худ аст. Мусалмони комил бояд доим саъй кунад, ки нафърасони ҷомеа бошад. Бо забону амал барои ободкориву созандагӣ, иттифоқу якдилӣ кӯшад. Агар тавонад, сангеро аз сари роҳ дур кунад, ниҳоле шинонад, роҳе ё купрӯке созад, сари ятимеро сила намояд, дармондаеро дастгирӣ кунад, ба аёдати беморе ва ё маҳбусе равад, вайронаеро обод бисозад.
Агар наметавонад, кӯшиш кунад, то ба ободкорию амалҳои неки мардуми дигар халал ворид насозад.
Хидмат ба Ислом – ин дурӣ ҷӯстан аз фитнаву раҳгумзании мусалмонон ва парҳез аз барангехтани ихтилофу низоъ ва кинаву адоват байни онҳост. Зеро фитнаю ихтилоф ва ошӯбу исён чун оташи сӯзандаест, ки ба зудӣ ҳама ҷоро фаро гирифта, сабаби хонахаробии одамон, вайронии шаҳру деҳот, хунрезӣ ва бева мондани занону ятим шудани кӯдакон мегардад.
Хидмат ба Ислом – ин эҳтироми падару модар ва риояти ҳаққи онҳост. Мусалмоне, ки хидмати шоиста ба падару модар мекунад, ба ризои Худои таъоло ва Паёмбари Исломро мушарраф гардида, ду ҷаҳони хешро обод месозад ва подоши ин амали худро аз фарзандонаш низ мебинад. Вале озордиҳандаи падару модарро ҷуз хорию залилӣ дар дунёву охират подоши дигаре нахоҳад буд.
Хидмат ба Ислом – пос доштани эҳтироми саҳобагони Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва саллам, хулафои рошидин, модарони муъминон ва аҳли байти ҳазрати Набии акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), пешвоёни дин, соҳибони мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат, олимон ва дӯстони Худост.
Хидмат ба Ислом– дурӣ ҷӯстан аз амалҳои зишту ҳаром ва шубҳанок ба монанди дурӯғу буҳтон, ғайбату шаҳодати бардурӯғ, зинову рибо, шаробу маводи мухаддир, луқмаи ҳаром ва таҳқиру озори дигарон аст.
Хулоса, хонандаи азиз, ҳар амалу гуфторе тибқи шариати Ислом ба вуқуъ мепайвандад ва инсонро аз куфру ширк, мардумозорию залолат, беҳаёиву қабоҳат нигаҳ медорад, хидматест барои Ислом, ки шахс подоши сазовори онро пеши Холиқи хеш дармеёбад.
Аз Худои ягона дуову масъалат дорем, ки моро ба он чизе, ки дӯст медорад ва аз он розӣ ҳаст, муваффақ гардонад! Омин!
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر