Ҳикоят аз «Бӯстон»-и Саъдӣ Гуфтор дар баёни тарбияти авлод

Ҳикоят аз «Бӯстон»-и Саъдӣ
Гуфтор дар баёни тарбияти авлод
Писар чун зи даҳ баргузашташ синин,
Зи номаҳрамон гӯ фаротар нишин.
Бари пунба оташ нашояд фурӯхт,
Ки то чашм бар ҳам занӣ, хона сӯхт.
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Ки гар ақлу ройаш набошад басе,
Бимирию аз ту намонад касе.
Басо рӯзгоро, ки сахтӣ барад
Писар, чун падар нозукаш парварад.
Хирадманду парҳезгораш барор,
Гараш дӯст дорӣ, ба нозаш мадор.
Навомӯзро зикру таҳсину зеҳ,
Зи тавбиху таҳдиди устод беҳ.
Ба хурдӣ дараш заҷру таълим кун,
Ба неку бадаш ваъдаву бим кун.
Биёмӯз парвардаро дастранҷ,
В-агар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ.
Макун такя бар дастгоҳе, ки ҳаст,
Ки бошад, ки неъмат намонад ба даст.
Ба поён расад кисаи симу зар,
Нагардад тиҳӣ кисаи пешавар.
Чӣ донӣ, ки гардидани рӯзгор,
Ба ғурбат бигардонадаш дар диёр.
Чу бар пешае бошадаш дастрас,
Куҷо дасти ҳоҷат барад пеши кас.
Надонӣ, ки Саъдӣ макон аз чӣ ёфт,
На ҳомун навашту на дарё шикофт.
Ба хурдӣ бихӯрд аз бузургон қафо,
Худо додаш андар бузургӣ сафо.
Ҳар он кас, ки гардан ба фармон диҳад,
Басе барнаёяд, ки фармон диҳад.
Ҳар он тифл, к-ӯ ҷаври омӯзгор
Набинад, ҷафо бинад аз рӯзгор.
Писарро накӯ дору роҳат расон,
Ки чашмаш намонад ба дасти касон.
Ҳар он кас, ки фарзандро ғам нах(в)ард,
Дигар кас ғамаш хӯрду овора кард.
Нигаҳ дор зи омезгори бадаш,
Ки бадбахту бераҳ кунад чун худаш.
Сияҳноматар з-он муханнас махоҳ,
Ки пеш аз хаташ рӯй гардад сиёҳ.
Аз он беҳамийят бибояд гурехт,
Ки номардияш оби мардон бирехт.
Писар, к-ӯ миёни қаландар нишаст,
Падар гӯ: «Зи хайраш фурӯ шӯй даст.
Дареғаш махӯр бар ҳалоку талаф,
Ки пеш аз падар мурда беҳ нохалаф».
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر