الصفحة الرئيسية المقالات Маҳкум шудани қатлу зўроварӣ аз нигоҳи дини мубини ислом

Маҳкум шудани қатлу зўроварӣ аз нигоҳи дини мубини ислом

Маҳкум шудани қатлу зўроварӣ аз нигоҳи дини мубини ислом
2018-08-10
2670

Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки оилаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо чунин амали нангине, ки дар таърихи 29.07.2018 дар ноҳияи Данғара содир шуд, муаррифӣ шуд. Оилаи тоҷик яке аз оилаҳои дорои фарҳанги тарбиявии баланд шинохта шуда, фарзандони мо – бештар ҷавонон дар бисёр мавридҳо аз сабаби ахлоқу рафтори намунавӣ доштанашон мавриди ситоиш мегарданд. Миллати тоҷик бошад, дар ҷаҳони сайру саёҳат ҳамчун мардуми меҳмондӯст пазируфта шуда, кишвари мо – Тоҷикистони меҳмоннавозу меҳмондӯст муаррифӣ гардидааст.

Ҳамла ба сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ ва кушта шудани онҳо аз тарафи як идда қотилону ҷинояткорон ва хоинону разилон амали ғайриинсонӣ ва манфур буда, зидди ҳама гуна ахлоқу фарҳанг ва таълимоти динӣ ва ҳам дунявӣ мебошад. Ҳар шахсе, ки дар вуҷудаш як зарра имону виҷдон ва раҳму шафқат дошта бошад ин амали нанговарро инкор мекунад.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ва нутқу маърӯзаҳои худ гаштаву баргашта таъкид кардаанд, «Тероризм ватан, миллат ва дин ва мазҳаб надорад». Ва ҳамчунин дар баромадҳои худ аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус дар Созмони Милали Муттаҳид аз дини мубин Ислом ҳимоят карда гуфтаанд «Тероризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом иртиботе надорад». Дар партави ин андешаҳои хирадмандонаи Сарвари давлат инро бояд таъкид кард, ки дини мубини Ислом дини таҳаммулпазирӣ, башардӯстӣ ва сулҳпарвар буда, қатлу куштор, адовату душманӣ, зулму ғоратгарӣ ва хушунатгароиву зўровариро қатъиян маҳкум менамояд ва инсониятро ба дӯстию бародарӣ, адолатпарвариву росткорӣ, ватандўстию ободкорӣ, сулҳу ваҳдат ва эҳтироми риояи ҳуқуқи ҳамдигар ҳидоят мекунад.

Қатлу куштор ва хушунаткориву зўроварӣ бо асли таълимоти сарчашмаҳои дини мубини Ислом - Қуръон ва аҳодиси набавӣ, инчунин бо таълимоти мазҳаби фиқҳии Имоми Аъзам, Абӯҳанифа, ки мазҳаби суннатии аксарияти мутлақи аҳолии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, тамоман  мухолиф мебошад. 

Дар баробари ин, Қуръони карим касонеро ки ба қатлу зўроварӣ ва хушунатгароиву ғоратгарӣ даст мезананд ва ба халқу ватани худ ва он ҷамьияте, ки якҷо бо онҳо зиндагӣ мекунанд, хиёнат карда, нияти бад ва ғаразҳои нопок доранд, шадидан маҳкум намуда, қотили як инсони бегуноҳро қотили тамоми башарият ва баръакс, наҷот бахшидани як инсонро аз хатари марг наҷотбахши тамоми инсоният баҳогузорӣ кардааст, чунон ки дар ояти 32-юми сураи Моида омадааст: «Ҳар касе як инсонеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардуми ҷаҳонро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби ҳаётбахшӣ ва наҷоти як инсоне шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро наҷот дода, ҳаёт бахшидааст».

Дар сураи «Наҳл», ояти 90-ум дар ин боб чунин таъкид шудааст: «Ҳамоно Худованд ба инсофу некӯкорӣ ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз беҳаёӣ ва кори нописандида ва зулму ғораттарӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳад, то бувад ки шумо пандпазир шавед». 

Дар ҳадисҳои Пайғамбари Ислом низ аз ҷониби фарди мусулмон содир шудани қатлу зӯроварӣ манъ карда шуда, оид ба сангинтарину вазнинтарин гуноҳ будани қатли ик инсони бегуноҳ чунин гуфтааст. «Қасам ба он зоте, ки ҷони ман ба дасти ӯст, ҳамоно гуноҳи қатли як инсони бегуноҳ дар назди Худованд аз гуноҳи аз байн бурдани дунё вазнинтару сангинтар мебошад». Ва ҳамчунин Пайғамбари Ислом дар ҳадиси дигараш гуфтааст: «Ҳар шахсе, ки ҳампаймонеро ба қатл бирасонад, ҳаргиз бӯйи биҳиштро намеёбад, дар ҳоле, ки бӯйи биҳишт аз масофаи чиҳилсола роҳ дарёфта мешавад» (Ҳампаймон гуфта шахсеро меноманд, ки сарфи назар аз мансубияти динӣ,  – насронӣ бошад ё яҳудӣ ва ё мансуб ба ҳар дине, ки бошад – тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба он шахс аз тарафи давлат амнияташ кафолат дода шудааст). 

Умуман, аз қатлу куштор ва таассубу зӯроварӣ дурӣ ҷустани ҳар як инсон ва бо таҳаммул рафтору муносибат кардан бо тамоми мардуми сайёра, иборат аз мусулмон ва ғайри мусулмон аз ҷумлаи хусусиятҳои умдаи таълимоти Қуръону аҳодиси набавӣ ва мазҳаби таҳаммулпазири имоми Аъзам, Абӯҳанифа мебошанд, ки дар тўли садсолаҳо ҳамчун меъёри иҷтимоӣ дар тарбияи ахлоқӣ ва таҳкиму таҳаввули ҳувияти миллии мардуми шарифи тоҷик нақши калидиро ба иҷро расонидаанд. Сарчашмаи дигари суннатии тарбияи ахлоқии мардуми тоҷик, бидуни шубҳа, адабиёти оламшумули ниёгони мо ба шумор меравад. Аз Одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда то шоирони муосир аз тариқи тарғибу ситоиши инсондӯстиву накукорӣ, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву адолатхоҳӣ ва дигар фазилатҳои нек дар тарбияву камолоти маънавии тоҷикон саҳми бузург гузоштаанд. Дар баробари ин, дар ин сарчашмаҳо ҳама гуна гуфтору пиндор ва кирдори баду зишт, аз ҷумла қатлу куштор, хиёнаткориву ғоратгарӣ, ифротгароиву мардумозорӣ, таассубгароиву тундрафторӣ дар муносибат бо пайравони дину мазҳабҳои дигар танқид ва манъ карда шудааст. Мазмун ва мундариҷаи таълимоти ноби ахлоқии Қуръону аҳодиси набавӣ дар адабиёти классикии тоҷик, алалхусусус, дар маснавиҳо ва ғазалу рубоиёти шоирони классикии мо ба таври хеле ҷаззобу дилнишин инъикос ёфта, бо як усули ба фаҳму дарки хонанда мувофиқ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Бад-ин маънӣ, назми классикии тоҷик хазинаи панду андарзҳое мебошанд, ки бевосита аз матни Қуръону аҳодиси набавӣ маншаи ғоявӣ гирифтаанд ва дар тӯли қарнҳо мардуми шеърдӯсту адабпарвари тоҷикро ба касби ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ даъват менамоянд. 

Чӣ тавре ки мебинем, яке аз ғояҳои асосии таълимоти дини мубини Ислом, манобеи таълимоти фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ ва адабиёти  классикии тоҷик, ки дар тӯли беш аз 1000 сол ҳамчун сарчашмаҳои диниву суннатии тарбияи ахлоқиву маънавии мардуми шарифи тоҷик хизмат намудаанд, - тарбияи инсони аз ҳама ҷиҳат комилу фозил, тазкияи нафси инсон ва пок сохтани он аз ҳама гуна разолати ахлоқӣ мебошад.

Бинобар ҳамин, ҷалби таваҷҷуҳи мардум, алалхусус, ҷавонону наврасон ба омӯзиши таълимоти манбаъҳои суннати тарбияи ахлоқӣ – аз ҷумла, расоилу ашъори пурҳикмати мутафаккирону шоирони классикии тоҷик, барои пешгирӣ намудани хатари рахнаи қатлу ғоратгарӣ, хушунатгароиву тундрафторӣ ба мафкураи мардуми аслан сулҳдӯсту таҳаммулпарвари Тоҷикистон муҳим мебошад. 

 Наҷотзода М. муовини Директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

                                                                          Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر