Ниҳоли душманӣ баркан...
Ҳодисаи нангине ки дар авохири моҳи июл руй дод, ҳодисае буд басо нанговар, пуртаассуф ва такондиҳандаи ҷамъияти осоиштаи Тоҷикистон.
Якчанд ҷавони авбош ва тарбиянодида ба саёҳони хориҷӣ дарафтода онҳоро дар хуни худ ғарқа намуданд, ки дар натиҷа худ ҳам ба хуни худ ғарқа шуданд.
Ин ҳодисаи гӯшношунид, ки ҳамла ва қатли саёҳони хориҷӣ буд ба мо бозгӯ намуд, ки дар миёни ҷамъияти мо ҳанӯз сарфи назар аз синну сол, ҳастанд ҷавононе, ки на танҳо дониши диниву дунявӣ надоранд, балки қодир ба куштану пора кардани инсонҳои бегуноҳ ҳастанд.
Агар ин афрод заррае аз дини худ бохабар мебуданд, пас медонистанд, ки мувофиқи қонуни ислом ҳар як нафаре, ки бо иҷозати давлатдорон (виза) ба сарзамине дохил мешаванд, сарфи назар аз дину оин ва нажоду мазҳаб дар амон ҳастанд ва рехтани хун, обрӯ ва ғорати моли эшон дар ислом мамнӯъ аст.
Таърихи ислом ба мо бозгӯ менамояд, ки вақте байни мусалмонон ва душманони онҳо ҷангу даргирӣ ба вуқӯъ мепайваст, мусалмонон ҳаргиз хуни заифон, кӯдакон, занон, пиронсолон ва роҳибони дайру савмааҳо ва касоне, ки ба ҷанги онон наёмада буданд, намерехтанд. Инчунин вақте Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва саллам гурӯҳеро ба ҷанг ва ё ба дифоъ аз марзу бумҳои исломӣ эъзом медоштанд, бар он гурӯҳ аз ҷанговарон таъкид медоштанд, то хуни афроде, ки дар боло зикрашон рафт рехта нашавад, магар дар ҳоле, ки афроди мазкур бар қатли мусалмонон бархезанд.
Ин саёҳоне, ки бо бераҳмии том ба қатл расиданд, сокинони осоиштаи давлатҳое буданд, ки бо мо ё равобити ҳасана доранд ва ё ҳадди ақал бо мо душман набуданд. Пас ин қатл бо кадом сабаб ва далоиле тарҳрезӣ шуда, ки ақлҳоро карахт намудааст?
Ҳар як шахси соҳибфаросат ва соҳибиродат аз ин кирдори ноҷавонмардона шарм медорад ва ранҷ мекашад.
Солҳо буд, ки аз кишвари мо ба номи як давлати ором дар арсаи ҷаҳонӣ ёд мешуд. Ин амну осоиш пас аз соҳибистиқлолӣ барои мо ба осонӣ ба даст наомада аст. Он ба ивази фитнаву бародаркушӣ, ба ивази хуни ҳазорон бегуноҳ моро ба даст омад. Ҳанӯз қишри миёнсоли ҷомеа ноамниҳои пас аз ҷангиро фаромӯш накардаанд. Ҳанӯз садои нолаҳои модарони фарзандгумкарда аз гӯши онҳо нарафтааст.
Он якчанд нафар ҷавони хоме, ки раҳм бар ҷони он сайёҳон ва раҳм бар ҷони ҷавони худ накарданд, мардумро ба фикри гузаштаи начандон дур афканданд. Моро андешае дар сар меояд, ки ин ҷавононро дар ин синну сол, ки мебоист пайи таҳсил, ободкорӣ ва рушду нумӯи ҷомеа мебуданд, чи водошт то даст ба ин ҳодисаи гӯшношунид зананд. Нафароне, ки дар ин синну сол даст ба қатлу куштор мезананд ва қодиранд касонеро қатлу пора кунанд, ки барояшон зараре нарасондаанд ва ҳатто онҳоро намешиносанд, ба ваҳшонияти зиёди тасаввурнопазир қодиранд.
Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта чунин афроде арзи вуҷуд доранд, ки мисли гург миёни галлаи гӯсфандонанд ва бар сар пӯсти гӯсфанд кашидаанд ки бинанда иштибоҳан онҳоро гӯсфанд гумон мекунад. Ҳамчунин ёру рафиқон, ҳамсоягон, ҳамсинфони ин ҷавонон чун кирдори ваҳшиёна ва одамхории ононро шуниданд, шояд ангушти таҳайюр ба дандон гиранд, ки онҳоро кӣ гумон кардаанд ва дар асл кӣ будаанд.
Ин ҳодиса бори дигар падару модаронро ҳушдор медиҳад, то дар тарбияи фарзандони худ ба мусолаҳакорӣ роҳ надиҳанд ва бепарвоиро канор гузоранд. Фарзандон ниёз ба насиҳат ва тарбияи дуруст ва назорати қатъӣ доранд, то бозичаи дасти ҳар бадхоҳу нохалаф нагарданд. Агар имрӯз мо падару модарон фарзандонро хайрхоҳона тарбия нанамоем ёфт мешаванд мураббиёни бадхоҳ, ки онҳоро ба манфиъати худ мағзшӯӣ намоянд ва доғи дили волидайн ва ҷамъият гардонанд. Ҳар падару модар ба фарзанди навзоди худ ба муҳаббати тамом назар дӯхта таманнои он мекунад, ки ин фарзанд дар оянда боиси сарбаландӣ ва номбардорашон гардад.
Падар дар кӯдакӣ бо шавқи беш дасти писар гирад,
Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Ҳеч падару модар намехоҳад, ки нахли умраш меваи фосид бор оварад ва бармаҳал хазон гардад. Имрӯз падару модари ин ҷавононе, ки даст ба ин ҷинояти хунин заданд ва бадномӣ ба ҷамъият ва доғи абадӣ дар дили волидайн ниҳоданд, шояд дар андешаанд, ки дар куҷо хато карданд ва чи корҳое метавонистанд бикунанд, аммо накарданд.
Бузургон беҳуда нафармудаанд:
Фарзанд ҳамон беҳ, ки халаф бод,
Гар нохалаф аст, бигӯ талаф бод.
Бамаврид аст, то бори дигар таъкид намоем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барои миллати мо гарон ба даст омадааст. Барои нигаҳдорӣ ва эҳтиёти он ҳар як нафар вазифадор аст, чи ба воситаи тарбияи дурусти фарзандон, чи бо ватандӯстӣ, чи бо тарғиби некӣ, чи бо пешгирии бадӣ ҳиссаи худро гузорад.
Шайх Саъдӣ барҳақ фармуда:
Сари чашма тавон гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, натвон гузаштан ба пил.
Аз Худованди Маннон таманнои он дорем то сулҳу осоиштагии моро бардавом гардонад то ҷамъияти азияткашидаи мо дубора бозичаи дасти ин гуна афроди бераҳму ваҳшӣ ва хунхор қарор нагирад.
Ҷамолиддин Хомушов
Сармутахасиси Раёсати фатво.