Девони об дар аҳди Сомониён
Обро метавон нахустин ва муҳимтарин омили шаклгирии тамаддун донист. Агар ба ҳавзаҳои аслии зуҳур ва ҳузури тамаддуни башар бинигарем, метавонем ба хубӣ мушоҳида кунем, ки бидуни истисно тамоми тамаддунҳои башарӣ дар канори рӯдҳои бузург шакл гирифтаанд. Аз ҷумла тамаддунҳои дурахшони ҷаҳони бостон дар соҳилҳои Нил, Даҷла, Фурот, Ганг, Хуанхе, Янстзи зуҳур карду ба авҷ расид, ки таърихи башарӣ бе омӯзиши онҳо камрангу тасаввурношуданист. Вобаста ба ҳамин вақте ки аз аввалин донишҳои инсонӣ огоҳ мешавем, аён мешавад, ки он низ ба об ва моҳияти он иртибот дорад. Ниёгони мо – ориёиҳо дар ин ҷода пешгом будаанд. Чархаи об дар табиат ва обшиносӣ (гидрология) аз нахустин донистаниҳои онҳо будааст. Барои баҳрабардории бештар аз рӯдҳову обҳои зеризаминӣ аҷдоди мо таъсисоте ба вуҷуд овардаанд, ки бархе аз осори он то кунун мушоҳида мешавад, ки корезҳо, садҳо, обанборҳо, канал, нақб ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Ин ҳунари ниёгони моро муаррихони зиёде таҳсин кардаанд. Арабҳо, ки дар биёбон зиста, иншооти обии онҳо нисбатан содатар буд, ҳангоми мушоҳидаи низоми обёрии Марв чунон мутаасир шуданд, ки дар Баср наҳре канда онро Мурғоб номиданд. Даҳҳо обшиносонро арабҳо аз Сиистон ҳамроҳи худ ба нимҷазираи Арабистон бурда, барои обёрии воҳаи Макка аз донишу андӯхтаҳои онҳо истифода кардаанд. Арабҳо фаровонии обҳои сарзамини моро дида, ин мулкро Мовароуннаҳр (он сӯйи рўд) хонданд, ки боз ҳам ба обу обшор будани ин хиттаи сабз далолат мекунад.
Маҳз баҳрагирӣ аз фунуни обу обшиносӣ имкон дод, ки на танҳо обҳои аз кўҳу камар сарозер шуда маҷрои нав пайдо кунанд, балки обҳои зеризаминӣ низ ба хубӣ истихроҷ гашта, сукунатгоҳҳои ҷадиди одамонро ба миён оварад. Дар баробари ин нуқтаи дигарро бояд зикр кард ва он ҳам баҳсу ҷидол ва ҳатто ҷангу пайкор бар сари об дар гузари таърих аст. Инро ба назар гирифта, аҷдоди мо барои тақсими мунсифонаву одилонаи об муқаррароту қавонини тозаро эҷод карданд.
Борҳо дар кутуби таърихӣ роҷеъ ба даҳ девони машҳури Сомониён сухан ба миён омада, аз девони об хеле кам ёдоварӣ мешавад. Ошноӣ бо манобеи ин давра нишон медиҳад, ки дар канори дигар идораву мақомоти давлатӣ ҳамеша як ниҳоде барои тавзеи одилонаи об низ вуҷуд доштааст. Дар баъзе музофоти давлати Сомониён, ки масъалаи таъмини об душвор буд, идораи маҳаллӣ бо номи девони об таъсис меёфт, ки вазифаи он тақсими одилонаи об миёни кишоварзон буд. Аз ҷумла дар Марв, ки таъмини об масъалаи ҳаётӣ буд, намояндагони ин девон ҳамеша ҳузур доштанд. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар минтақаи Марв, ки аз се самт онро биёбон иҳота карда буд, тақсими дурусти захираҳои обӣ гарави амнияти сиёсӣ ва иқтисодии воҳа буд. Дар асри Х садде, ки дар ин ҷо бунёд гардид, тамоми Марв ва музофоти атрофи онро бо об таъмин мекард. Миёни шаҳри Марв ва садди маъруф деҳаи Зарқ мавҷуд буд, ки дастгоҳи идории девони об дар ин ҷо тақсимшавии одилонаи обро ба чанд наҳр назорат мекард. Ҷаҳонгарди араб Мақдисӣ дар нимаи дувуми асри Х аз шаҳру деҳоти Хуросону Мовароуннаҳр дидан карда, таъкид мекунад, ки илова бар нозирони девони об як фармондеҳи низомӣ бо ҳазорон навкари кироя аз ин иншооти муҳим нигаҳдорӣ мекарданд. Мақдисӣ истилоҳи девони наҳрро дар нисбати ин ниҳод ба кор бурдааст.
Хоразмӣ дар асари худ «Мафотиҳу-л-улум» аз фаъолияти девони об дар Марв ёдовар шуда, чанд истилоҳи марбут ба девони обро низ тазаккур додааст. Аз ҷумла, буст, ки паймонае буда, ки тавассути он зарф андозаи обро муайян мекардаанд. Истилоҳи дигар кастабзуд аст, ки Хоразмӣ онро шакли арабишудаи ибораи “кост ва афзуд” ба маънои коҳишу афзудани захираҳои обӣ донистааст. Он дафтарест, ки хироҷи тамоми касоне, ки молики об ҳастанд, дар он сабт мешавад ва аз миқдори афзунӣ ё камии хироҷ ва таҳаввул ёфтани исме ба исме дигар хабар медиҳад. Дар фарҳанги форсии доктор Муин ин истилоҳро кастафзуд (кост ва фузуд) зикр кардаанд. Вожаҳои дарғот, варғ, мазрақот, тароз, файкал ва ғайра низ маъмул буда, баъзе аз он то кунун дар миёни тоҷикон истифода мегарданд. Пас аз ҳуҷуми арабҳо вожаҳои арабӣ ва пас аз вуруди оммавии туркҳо вожаҳои туркӣ ҷойгузини истилоҳҳои форсии тоҷикӣ гардиданд. Аз ҷумла, истилоҳҳои қудуқ, ариқ, туман, орчин ва ғайра ворид карда мешаванд, ки дар миёни тоҷикон низ маъмул гаштаанд.
Дар минтақаҳои сукунати тоҷикон (Хуросону Мовароуннаҳр) номи садҳо шаҳру деҳа ба обу иншооти обӣ вобаста буд. Варағсар, ки дар Суғд (наздикии Самарқанд) ҷойгир буд, аз ҷумлаи чунин мавзеъҳост. Чунин ба назар мерасад, ки ин девонро ҳанӯз Сосониён ба вуҷуд овардаанд ва дар низоми идории онҳо девоне бо номи “кастпазуд” вуҷуд доштааст. Ин ниҳод дар умури идораи одилонаи об, тақсиму нигаҳдорӣ ва мараммати каналҳо, навбатбандӣ, лойрӯбӣ ва танзими робитаи миёни кишоварзону моликон масъул будааст. Мироб, ки дар давраи исломӣ онро амиру-л-моъ меномиданд, дар ихтиёри худ садҳо корманду нигаҳбону омил дошта, намегузоштааст, ки дар кори муҳимтарин ниҳоди иқтисодии кишвар халал ворид шавад.
Мизони гирифтани хироҷу дигар молиёти кишоварзӣ дар баъзе минтақаҳо ба миқдори масрафи об вобастагӣ дошт. Об ва таъмини замини кишоварзон дар асрҳои миёна ончунон муҳиму сарнавиштсоз буд, ки соли неку бадро асосан ба фаровонии ин неъмат дар он сол вобаста медонистанд. Ҳамин тавр, аҷдоди мо ҳазорон сол фарҳанги дурусти истифодаи обро ба роҳ монда, дар ин ҷода ба комёбиҳои бузург ноил гардиданд. Имрӯзҳо ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддии камобӣ дучор омада, масъалаи таъмини об ба яке аз проблемаҳои башарӣ табдил ёфтааст. Масъалагузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба об ва захираҳои обӣ ва фарҳанги дурусти истифодаи об бо ташаббуси хирадмандони Пешвои миллати тоҷикон идомаи мантиқии ҳамин сиёсатҳост.
Сайфулло МУЛЛОҶОНОВ,
мудири Шуъбаи омӯзиши маъхазҳои исломӣ
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ