الصفحة الرئيسية المقالات Заминаҳои тарбияи солими фарзанд

Заминаҳои тарбияи солими фарзанд

Заминаҳои тарбияи солими фарзанд
2018-09-07
2612

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳамеша дар таваҷҷуҳи аҳли башар будааст, ин тарбияи фарзанд ва чигунагии роҳҳои он мебошад. Бархе аз мардумони олам, аз ҷумла тоҷикон аз қадимулайём барои тарбияи дуруст ва солими фарзандони худ панду андарз менавиштанд ва онҳоро ба роҳи рост, омӯхтани илму дониш,накукорӣ, анҷом додани амалҳои хайру савоб, эҳтироми калонсолон ҳидоят мекарданд. Бинобар ин, дар суннати ниёгони мо аз рӯзи таваллуд ба тарбият ва таълими кӯдак аҳамияти хосса медоданд ва ин суннати дерина ва устувор то имрӯз идома дорад.

Тарбияи дурусту солими кӯдак бояд аз даврони дар батни модар будан ва рӯзи таваллуди ӯ оғоз бигирад. Модари ҳомила дар навбати аввал дар бораи саломатии худ ва баъдан дар бораи саломатии тифли дар батнаш буда фикр бикунад ва аз парастории махсус бархурдор бошад. Аз ин рӯ, таъмини модар ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди таваллуди кӯдак бо маводи ғизоӣ, муҳайё сохтани фазои орому осоишта, дар вақташ гузаронидан аз муоинаи тиббӣ ва меҳру муҳаббати самимӣ барои модару кӯдак ҳатмист. Дини мубини ислом, ки арзишҳои волои инсониро тарғиб мекунад, дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимми зиндагии мусулмонон ба масъалаи тарбия, нигоҳубин ва парастории кӯдакон низ дахл кардааст. Аз ҷумла, дар ояти 233-юми сураи «Бақара»-и Қуръони карим омадааст: «Ва модарон бояд ки ба фарзандони худ ду соли тамом шир диҳанд. Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст. Ва бар ҳеҷ кас – ба ҷуз қадри тавоноии ӯ – воҷиб карда намешавад; модарро ба сабаби фарзандаш ранҷ набояд дод ва на падарро ба сабаби фарзандаш».

Имрӯз бояд падару модарон ҳам аз суннатҳои устувори гузашта ва ҳам аз равандҳои муосири тарбия ва таълимро дар тарбияти фарзандони худ истифода намоянд. Имрӯз дар кишвари мо ду ниҳоди вижае мавҷуд аст, ки барои таълиму тарбияи кӯдакон аз ҷониби давлат роҳандозӣ мегардад: муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

Дар муасссисаҳои томактабӣ кӯдакон аз якунимсолагӣ то ба мактаб рафтанашон ҷалб мегарданд ва аз ҷониби мураббияҳо нигоҳубин ва парасторӣ мешаванд. Дар ин муҳит, ҷаҳонбинии кӯдак аллакай   шакл гирифта, муносибат бо кӯдакони ҳамсоли худ ва калонсолонро ёд мегирад ва барои тарбияи дурусту солими онҳо дар баробари ин ниҳоди томактабӣ нақши падару модарон ва аҳли хонавода хеле муҳим аст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кӯдак аллакай ба омӯхтани фанҳои мухталиф, ки барои вусъат ёфтани ҷаҳонбинии ӯ мусоидат мекунад, машғул мешавад. Ҳар ҳафта дарсе бо номи «соати тарбиявӣ» низ сурат мегирад, ки барои такомул ёфтани шуури ҷамъиятии кӯдакон такони ҷиддӣ мебахшад.

Ба назари мо, равишҳои зер барои таълиму тарбия кӯдакон дар мактаб муассир аст:

  1. Нисбат ба мактаб ва муаллим бардошти мустбат дошта бошад.

Бояд падару модар дар бораи таҳсили худ, ки дар замони гузашта сурат гирифта буд, лаҳзаҳои хотирмони рӯзгори худро ба кӯдакони хеш ҷолиб ва мароқовар нақл кунанд, то дар зеҳни фарзандон нақш бандад. Ин амал гоҳе ба таври мустақим ва бештар ба гунаи ғайримустақим ба фарзандон кӯмак мекунад, то эҳсоси мусбате, ки аз нақли волидон дар баданаш ба вуҷуд омада буд, дар амал татбиқ созад. Ва ӯро ҳамеша ба омӯхтан ва анҷоми корҳои хайр ҳидоят месозад.

2. Албатта, кӯдаконро дар айёми хурдӣ аз суҳбатҳои хонаводагӣ, ки ба калонсолон хос аст, дур дошт. Зеро дар ин ҳолат кӯдакон ба гапҳое, ки ба онҳо марбут нест, машғул мешаванд ва ба истилоҳ то андозае ғайбатчӣ калон мешаванд, ки салоҳи кор нест.   

Вале дар баробари ин ба кӯдакон бояд иҷоза дод, то дар баҳсҳое ширкат кунанд ва назари худро баён созанд. Бояд калонсолон дар ин гуна ҳолатҳо дар сари суфра мавзӯъҳои ҷолиб ва мавриди алоқаро матраҳ созанд, то кӯдакон ҳам баҳра баранд ва ҳам тарзи муносибат ва муоширатро ёд гиранд, ки ин гуна таълим дар мактаб вуҷуд надорад. Ин гуна сӯҳбатҳо натанҳо ба ташаккули зеҳни кӯдак, балки барои шаклгирии шахсияте замина фароҳам меоварад, ки дар ҷомеаи мо зарур аст.

3. Фарзанд бояд дар масири муваффақият қарор дода шавад. Кӯдакон ҳам мисли калонсолон, вақте ки ба муваффақияте ноил мегарданд, рӯҳашон болида мешавад, аз кори кардаи худ ифтихор мекунанд. Бояд падару модар ба завқу салиқаи кӯдаки худ нигоҳ карда, онҳоро дар масири ин гуна муваффақиятҳо қарор диҳанд. Бояд кӯшиш кард, ки муваффақиятҳо рӯзона сурат гиранд. Дар ин сурат ин гуна кӯдакон ҳам дар хона шоду масрур ва дар мактаб муваффақ мешаванд. Бинобар ин, падару модарон ҳамеша ба кӯдаки худ талқин намоянд, ки муваффақият рӯъё набуда, дастнорас нест. Агар ба коре пайваста ва пайгирона саъю талош варзед, муваффақият ҳамеша дастрас мегардад.

4. Тамаркузи ҳавос. Кӯдакон ҳамеша бояд ҳушу ҳавоси худро дар як ҷо мутамарказ кунанд. Дар ин сурат зеҳни кӯдак мустаҳкам мешавад ва хотирааш қавӣ мешавад. Яке аз роҳҳои мустаҳкам кардани зеҳни кӯдак баёни дуруст мебошад. Барои бақувват шудани хотира кӯдак аз замони 4-5 солагияш шоҳбайтҳо ва шеъру оёти кӯтоҳи қуръониро азбар намояд. Ин амал барои ифодаи дурусти баён ва рангин шудани ибрози назари ӯ мусоидат мекунад. Падару модар бояд ин равишро бар фарзандони худ талқин кунанд, то ба одати фарзанд табдил шавад. Ташвиқи ин кор барои камол ёфтани зеҳни кӯдак такони ҷиддӣ медиҳад.  Дар баробари ин, кӯдакро ба бозиҳое машғул дошт, ки ҳам аз лиҳози ҷисмӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ барои камол ёфтани ӯ мусоидат намояд.

5. Коҳиш додани тарс аз шикаст. Албатта, ҳар муваффақиятеро дар пай шикасте хоҳад буд. Ин қонуни табиат аст ва он ҷои гурез ҳам нест. Вақте падару модар ба кӯдак масъулияти хеле зиёд бидиҳад, нигаронӣ ва тарси ӯ бештар мешавад. Аз ин рӯ, бо эҳтиёт барои анҷом додани амале, ки аз ӯ хоста шудааст, кор мегирад. Бинобар ин, волидон ба кӯдак бомулоҳиза, бо диққати хос анҷом додани корро талаб карда, инчунин ба тозагии ҷиҳози мактабӣ, озода ва тозагии либосро ба кӯдакон талқин намоянд, то ин ба одати доимӣ ва хуби онҳо табдил ёбад.

6. Густариш додани маркази таваҷҷуҳи кӯдакон. Инсон ҳарчи бештар бидонад, ҳамон қадар ниёзмандӣ ва гароиши ӯ ба доништан бештар мешавад. Такмили идрок ва тафоҳум дар мағз сабаби лаззати маънавӣ мешавад ва бадан беш аз ғизо хирад талаб мекунад. Ҳарчи доманаи дониш густардатар бошад, заминаҳои зиёдтареро метавон ба он изофа намуд. Вақте фарзанди шумо ақидаҳо ва назари худро озодона баён мекунад, ин амал баёнгари тафаккури вусъатёфтаи ӯ мебошад. Вале ҳангоме ки фарзанд калон мешаваду ду ҷумларо дуруст баён карда наметавонад, пас маълум мешавад, ки дар кӯдакӣ ба ӯ аҳамият дода нашудааст. 

7. Ташвиқи истеъдодҳои махсус.Ҳар кӯдак дорои завқу салиқаи хос мебошад.  Аз ин лиҳоз, падару модар бояд ин завқу салиқаи фарзанди худро ба инобат бигирад, то ин ки дар самти муайяне ӯ ба муваффақиятҳо ноил гардад. Агар ба ҳунаре моил бошад, бояд кӯшиш намояд, фарзандаш онро ёд гирад, то дар оянда нафъаш ба ҷомеа бештар расад. Албатта, ин корҳо чунон сурат гиранд, ки ба хондани фарзанд монеа эҷод накунанд. Дар ин сурат метавон ба муваффақият ноил гардид. Агар ниҳоят танбалу корношоям бошад, бояд талқин кард, ки ҳунаре омӯзад, то дар зиндагии ояндаи ӯ ба кор ояд.

8. Ташвиқи халлоқият ва кунҷковӣ. Аслан кӯдакон кунҷков мешаванд, ҳама чизро донистан мехоҳанд ва мехоҳанд чизеро, ки дидаанд шабеҳашро бисозанд ва ин василаи кашшофӣ дар онҳо халлоқиятҳоеро ба вуҷуд меоварад. Биноан, падару модар ба рушди табиии онҳо бояд таконе диҳанд, онҳоро ташвиқ кунанд, ки кунҷкову зирак бошанд. Ин хусусият зеҳни кӯдак ва ҷаҳонбинии ӯро густарда месозад. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» зикр мекунад, ки ман ҳангоми кӯдакиям нисбат ба кӯдакони дигар кунҷковтар будам, ба ҳама чиз аҳамият медодам, сабаби ба вуҷуд омадани резтарин ва бузургтарин ҳодисаҳоро меҷустам ва ба олам бо чашми дигар менигаристам. Ҳамин хусусият маро нависанда кард. Аз ин рӯ, падару модарро зарур аст, ки фарзандони худро насиҳат кунанд, ки ба муҳити атроф, кӯчаву бозор, рӯйдодҳои олам бод иди хос назар андозанд ва хулосаҳо бароранд.

9. Ёд додани муносиботи ҳасана миёни одамон. Яке аз роҳҳои дуруст тарбия кардани фарзанд, пеш аз ҳама ба роҳ мондани равиши комилёри муносибат миёни одамон, хусусан калонсолон аст. Албатта, барои кӯдакон муҳити атроф ҳар рӯз тағйир меёбад. Муҳимтарин василаи иртибот ин муносибати падару модар бо фарзанд мебошад, ки тарзи муомиларо ёд мегирад, ки дар ягон мактаб таълим дода намешавад. Ҳарчанд солҳои охир дар баъзе мактабҳо фанне бо номи «Одоби муоишират» ба вуҷуд омад, вале бузургтарин мактаб дар ин самт худи ҳаёт аст. Инсон бо инсонҳои гуногун вомехӯрад, ҳар касс феълу одати ба худ хос дорад, баъзе хислаташон нарму бомулоҳиза, бархеи дигар дурушту бадхӯ. Кӯдак аз ин ду хислат бардошт мекунад, вале бояд падару модар бояд ӯро талқин кунанд, ки аз некаш тӯша бигар ва аз бадаш ҳазар кун. Ин панду насиҳат, ки аз ҷониби падару модар ба фарзанд дода мешавад, якумрӣ аст, ки инро фарзанд на аз ҷониби муаллим ва на хешу ақрабо   гирифта метавонад.

Дар ин марҳалаи камол бояд кӯдак бештар бо китоб робита бошад, ки аз лиҳози маънавӣ ботини ӯро комил созад ва хирадашро афзун намояд. Бояд фарзанд дар ин марҳала сухани падару модар, пайвандон, ҳамсоягон ва онҳое, ки бо ӯ дар робита ҳастанд, гӯш карда тавонад. Боҳавсала бошад ва дар ниҳоят мустақилона  фикри худро баён карда тавонад.

10. Аз омӯзгорон баҳра ҷӯяд. Азбаски аз 6 –солагӣ то 15- солагӣ дар мактаб таҳсил мекунад ва бештар бо омӯзгор робита дорад, бисёр суолҳои худро, ки ба нақшаи таълим дахл доранд, аз муаллим ё муаллимаи худ бипурсад. Бояд суолҳо пухта ва мантиқӣ бошанд, ки атрофиёнро низ ҷалб кунад. Дар ин сурат омӯзгор ҳам кӯшиш мекунад ва ба суоли додашуда посухи муҳками илмӣ бидиҳад ва ҳамеша худро омода хоҳад кард, ки аз ҷониби хонандагон ба ӯ суол медиҳанд ва бояд мусаллаҳ буд. Дар ин марҳала наврасону бачагон, ки каме бузург шуда, то андозае ақли салим доранд, дар баробари омӯхтани улуми муқаддамотӣ, бояд ба арзишҳои миллии худ, аз ҷумла боварҳову эътиқодоти падару модаронашон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то аз усули дин ва фаризаҳои асосии дини ислом огоҳ ва бохабар бошанд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2011 дар суханронии худ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфта буданд: «Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад».

Вале суоли матраҳ инҷост, ки чаро бархе аз ҷавонони мо имрӯз ба равияву ҷараёнҳои ифротӣ ҷалб мешаванд. Коршиносон ва мутахассисон ба ин пурсиш посухҳои гуногун, аз ҷумла, дуруст ба роҳ намондани низоми маориф, вазъи нокифояи иҷтимоӣ  ва фақр додаанд. Вале ба назари мо сарчашмаи ин ҳама ба фақри маънавии ҷавонон дахл дорад, ки ба муҳити хонавода бастагӣ дорад. Чун падару модарон аксаран ба таълиму тарбияи дуруст ва солими фарзандонашон аҳамият намедиҳанд ва онро ба дӯши давлату Ҳукумат мегузоранд. Албатта, давлату Ҳукумат дар асоси асноди меъёрии ҳуқуқӣ тамоми шаҳрвандони кишварро бо таҳсили ройгон фаро гирифтааст, ки бештар ба таълим марбут аст. Бояд дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумат падару модарон низ ба тарбияи фарзанде, ки аз батни онҳо ба вуҷуд омадааст, эътибор диҳанд ва онҳоро ба роҳи рост, хизмат ба халқу Ватан тарбият намоянд. Дар сурати ғайр, дар кишвари мо сафи иртиҷоиёну ифротиён афзоиш хоҳад ёфт, ки барои амният ва якпорчагии Ватани мо хатари ҷиддӣ дорад.

Чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин хатарро гирифт? Албатта, аз ҷониби Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати милл- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дастуру супоришҳои вижа дода шуда, кор ҷоннок гардид. Вале барои пурра иҷро шудани ин дастуру супоришҳо дастгирии ҳамаҷонибаи мардум, хусусан фаъолон, пирони рӯзгордида, муаллимон, шахсони обрӯманди диёр  зарур аст, ки пеши роҳи ин селоб гирифта шавад. Ва муҳимтар аз ҳама, кӯдакро дар айёми кӯдакӣ дурусту солим тарбия кард, ки дар навҷавонӣ ба роҳи хато ва каҷ наравад.

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.11.2024

أكثر
الفجر05:45
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:07
العشاء18:37
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر