الصفحة الرئيسية المقالات Пешрафту тараққиёти кишвар – дастовардҳои даврони истиқлолият

Пешрафту тараққиёти кишвар – дастовардҳои даврони истиқлолият

Пешрафту тараққиёти кишвар – дастовардҳои даврони истиқлолият
2018-09-07
3037

Бисту ҳафт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Дар дарозои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 27 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард.

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Вай тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

16 ноябр барои халқи тоҷик бо он хотирмон аст, ки дар ин рӯзи соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаинтихоби тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем.

Яке аз самтҳои афзалияноки сиёсати мо ин буд, ки Тоҷикистон дар доираи байнидавлатӣ шинохта ва бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба монанди Созмони ҳамкорӣ ва бехатарӣ дар Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони «Конфронси исломӣ» пазируфта шуд. Бояд ёдовар гардид, ки нақшаи Пешвои миллат аз рӯзҳои авали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданаш барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, дар баробари муаммоҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо террозизму экстримизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробарии давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайра ҷалб кардааст.

Дар таърихи навини Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари эътироф гардидаи давлатӣ, балки чун Пешвои аслии миллӣ ташаккул ёфтааст. Ин боиси хушҳолӣ ва ифтихори баланди  ҳар як шаҳрванд аст. Маҳз тавассути ҷидду ҷаҳди беандозаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарориву пойдории сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ имконпазир гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор гирад.

Танҳо бо ибтикори бузург ва меҳри беандозаи ватану ватандорӣ ва ифтихор аз гузаштагони хеш 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500- солагии Хуҷанд,  2700- солагии шаҳри Кӯлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом - Имом Аъзам, Ҷомиву Туѓрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон аз нав зинда кардани номи гузаштагон, шоирону олимон ва расму оинҳои миллӣ яке аз  корнамоиҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи «Наврӯз», «Меҳргон», Рӯзи «Шашмақом», «Рӯзи фалак», «Рӯзи китоб», «Рӯзи Парчами миллӣ», «Рӯзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Дар даврони истиқлолият Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод- аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қурони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ѓаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Ташабусҳое, ки Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир пешниҳод менамоянд, баёнгари он аст, ки Президенти кишвар ҳамеша дар фикри некуаҳволии мардум мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи ками таърихи давраи Истиқлолият дар самти расидан ба ҳадафҳои асоситарини марҳилаи ибтидоии рушд-таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба дастовардҳои бузург ноил гашт.

Баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз омилҳои муҳими тарақиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон аз тарафи роҳбари давлат ба ин нобасомониҳо ки монеаи тарқиёти давлат ҳамчун воҳиди ягона мебошад, эътибори махсус дода шуд ва сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим» байни қисмҳои шимолии давлат ва марказ бо кандани ду нақб-нақби «Анзоб» ва нақби «Шаҳристон» оѓоз гардида, он бомуваффақият анҷом ёфт ва ба истифода дода шуд. Инчунин роҳи Қулма-Қароқурум, нақби аѓбаи Чормаѓзак, роҳи оҳани Қурѓонтеппа–Кӯлоб –қисми зиёди душвориҳои коммуникатсиониро аз байн бурд.

Таъминоти истиқлолияти энергетикӣ – ин яке аз роҳҳои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва давра ба давра баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мебошад.

Дар асри ХХ аҳолии кураи Замин се маротиба зиёд шуд, истифодаи оби тоза дар соҳаи коммуналӣ-маишӣ бошад, 9 бор зиёд гашт. Аз рӯи маълумоти Ташкилоти милали муттаҳид беш аз ду миллиард аҳолӣ дар кураи Замин аз нарасидани оби тоза азоб мекашанд. Агар захираи оби Осиёи Миёнаро 100 фоиз гӯем, 55 фоизи ҳиссаи онро обҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Боз як далели дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамараи захираҳои об эътироф гардидани Тоҷикистон, эълон гардидани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти сиёсии доманандори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия мебошад. Таълиму тарбия дар фаъолияти Пешвои миллат аз роҳи ҳидоятҳои ҳокимона, раҳнамуниҳои хирадмандона ва тавсияҳои судманд сурат мепазирад. Ин нуктаҳои ҳакимона ва андешаҳои баланд дар сутури китобҳо ва мақолаҳои таърихию сиёсӣ, матни суханрониҳо ва паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун гавҳари тобнок медурахшанд ва ба ҷону замири хонанда ва шунаванда сафою равшанӣ мебахшанд.

Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Бинобар ин яке аз нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. НОБ-и «Сангтӯда-2», як қатор нерӯгоҳҳои хурд дар мӯҳлатҳои наздиктарин ба кор медароянд. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон бо суръат идома доранд. Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак ва нақби Шаршар ба истифода дода шуданд. Сохта ба истифода додани роҳи оҳан низ, минтақаҳои дохили ҷумҳуриро ба ҳам пайваст гардонида истодааст.

Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.

Чунонки таъкид гардид, ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва сарвари давлат пайваста талош меварзид, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.

Хушбахтона, чунин рӯз ҳам фаро расид: 27 июни соли 1997 дар Москва – пойтахти Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Зеро Худо фармудааст «Ва-с-сулҳу хайр».

Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Озодии виҷдонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

«Ва Худоро аз он чи ситамгорон мекунанд, бехабар мапиндор; ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рӯзе мавқуф медорад, ки дар он чашмҳо хира шаванд» (Сураи Иброҳим, ояти 42).

Ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбиқ ва риояи қатъии конуни мазкур расму ойинҳо ва маъракаороиҳо ба тартибу низом ва меъёри муқарраршуда дароварда шаванд.

Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерӯю дониши худро дареғ намедоранд.

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар баробари ин ҳама, ба мо муяссар гардид, ки бо пуштибониву дастгирии самимонаи мардуми шарифи кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ватани худ барқарор намуда, барои зиндагии осудаи халқамон шароити мусоид фароҳам созем.

Ҳоло дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем.

Дар ин лаҳзаҳо, ки ба ҷашни мубораки истиқлолият омодагӣ мегирем, зикри ин дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон амри зарурӣ мебошад.

Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро, дар маҷмӯъ, ба таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ намудааст.

Бинобар ин, бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд.

Яъне, онҳо пеш аз ҳама, ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд.

Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Абдураҳмон Мавлонов,

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر