الصفحة الرئيسية المقالات “Паймони миллии Тоҷикистон” – душмани миллати тоҷик аст, на моли миллат

“Паймони миллии Тоҷикистон” – душмани миллати тоҷик аст, на моли миллат

“Паймони миллии Тоҷикистон” – душмани миллати тоҷик аст, на моли миллат
2018-09-10
2672

Тибқи иттилои расонаҳои ахборотӣ рўзи 10-уми сентябри соли 2018 дар пойтахти ҷумҳурии Полша шаҳри Варшава маросими ба имзорасии декларатсияи эътилоф таҳтиунвони “Паймони миллии Тоҷикистон” аз тарафи Ҳизбу созмонҳои манфиатҷўю фитнаангез,ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, баргузор гардид. Ин нишасти навбатӣ  чун нишастҳои қаблӣ боз як дасиса ва найрангбозиҳои душманони миллати тоҷик аст, ки сулҳу оромӣ, ободию тараққии кишвари азизамонро дидан намехоҳанд. Бо таъсиси ин паймон Кабирӣ ва ҳаммаслакони хиёнаткору ватанфурўшаш мақсад доранд, ки дар ватани орому осудаи тоҷикон  «саҳифаи нави» ихтилофу парокандагиро боз кунанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои шуми худ ноил шаванд.  Кабирӣ шарм надошта гуфтааст: «Эътилоф моли миллат аст на аз чаҳор созмонеки онро имзо карданд». Инҷо суоле пеш меояд, ки ба ин хоини миллат кӣ ҳақ додааст, то аз номи миллати тоҷик сухан гўяд, дар сурате, ки мардуми тоҷик натиҷаи хиёнатҳои Кабирӣ ва  ҳаммаслакони ўро борҳо дидаанд.

       ҳар як фарди солимфикр ба хубӣ медонад, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолият бо роҳбарию ҷонфидоии Пешвои миллат аз як кишвари ҷангзада ва қашшоқ ба як кишвари ободу орому пешрафта табдил ёфт.  Вале мутаассифона ин гурўҳи ҳасуд ва бозичаи хоҷагони хориҷ ин ҳама рушду тараққӣ ва хонаи ободи тоҷикро дида наметавонанд ва боз мехоҳанд, ки чун гузашта кишвари азизамонро мисли Сурияву Ироқу Афғонистон ба майдони ҷангу куштори мардуми бегуноҳ табдил диҳанд.

Агар ба ҷаҳони имрўз назар афканем, мебинем, ки ҳама бадбахтӣ ва фоҷиаҳое, ки дар кишварҳои олам, хусусан дар давлатҳои исломӣ ва мусулмоннишин рух дода истодаанд, аз ҳамин гуна паймонҳо ва эътилофҳои фитнаангезону шайтонсифатон маншаъ гирифтаанд. ҳар як фарди ҷомеа бояд ба хубӣ дарк кунад, ки дар ҷомеаи ноором мардум аз раҳмати илоҳӣ маҳрум мешавад. Агар мехоҳем аз раҳмати Худованд маҳрум нашавем, бояд пеши роҳи фитнаву тафриқаро бигирем ва барои ҳифзи суботу амнияти ҷомеаи хеш саҳмгузор бошем, зеро сулҳу осоиш сабаб мешавад, ки Худованд раҳмату баракати худро бар мардум нозил мекунад.

Дар қуръони карим ва суннати набавӣ далелҳои фаровон мавҷуд аст, ки инсонҳоро аз фитна ҳушдор дода, канорагирӣ аз онро амр кардаанд. Пайғамбари гиромии ислом (с) оид ба оқибати ногувори фитна чунин фармудааст: «Фитна хоб аст, Худо лаънат кунад касеро, ки онро бедор месозад».

         Хушбахтона мардуми шарафманди  тоҷик, ки як бор заҳри ин гуна паймону эътилофҳоро чашидаанд, дигар ҳаргиз ба суханони Кабириву ҳаммаслакони хоинаш бовар нахоҳанд кард ва дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, кишвари ободу зебои Тоҷикистонро мисли гавҳараки чашм ҳифз хоҳанд кард.

Сармутахассиси Раёсати фатво

Хомўшов ҷамолиддин

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر