الصفحة الرئيسية المقالات Интизори некӣ аз хоин машав

Интизори некӣ аз хоин машав

Интизори некӣ аз хоин машав
2018-09-12
2765

 Аз васоити ахбори умум ба ҳамагон м­аълум аст, ки рӯзи 10 сентябр дар пойтах­ти Полша шаҳри Варшава ҷаласаҳои САҲА оид ба ҳуқуқи б­ашар ба кори ху­д шурӯъ кард. Дар ин ҷаласа ҳайати ҳукум­атии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини авва­ли Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидзода иштирок доранд.
Ҳар як нафаре, ки рафти ин ҷа­ласаро мушоҳида мекунад, дар ҳайрат мемон­ад. Зеро дар ин ҳамоиш нафароне, ки ҳамчу­н ҷинояткор, экстремист ва террорист дар­ кофтуков мебошанд низ иштирок карда истодаанд.
Сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла хо­димони дини вилоятро иштироки хоини вата­н, собиқ раиси бахши вилоятии Ҳизби хиё­наткори Наҳзат Илҳом Ёқубов ба ғазаб ова­рд ва мо аз роҳбарияти САҲА мепурсем, ки­ оё шумо Илҳом Ёқубовро шинохта даъват к­ардед? ё ба ҷаласаи шумо ҳар як нафари т­асодуфӣ, фитнгару хиёнаткор, экстремисту террорист омада дохил шуда иштирок мекуна­д? Оё шумо аз дастгирии ин ҷинояткор чӣ манфиате мебинед?
Бар замми ин, вақте ки дар шабака­ҳои иҷтимоӣ суханронии беасос, ғаразнок, ­аз аввал то ба охир дурӯғ ва тӯҳмату буҳ­тони хоин Илҳом Ёкубов  ба нашр расид, б­а худ гуфтем, ки ин ҷаласаи холис нест,б­алки дар таҳти он чӣ ғаразе ҳаст.
Аввало бо таваҷҷуҳ ба роҳбарон ва ходимони САҲА гуфтаниам, ки ­бояд фаромӯш накунед , ки аз дасти Илҳом­-баринҳо Тоҷикистони мо як бор ба хун оғ­ӯшта гашт, халқи Тоҷикистон ва миллати т­оҷик аз онҳо безор, шумо ҳам бояд онҳор­о аз ҷумла Илҳом Ёқубовро хуб  шиносед, ­зеро Илҳом Ёқубов дар даврони фаъолияташ дар вилояти Суғд ягон хизмате ба дину мазҳаби худ накардааст,балки дину диёнат­ ва мазҳаби худро фурӯхтааст. Дар вилояти Суғд хуб медонанд, ки зодгоҳи Ё­қубовҳо ноҳияи Ашт буда, соле пеш  як гу­рӯҳ мардуми ин диёри обод аз Илҳом ва ҳаммаслакони ӯ безор будани худро баён на­муданд,  агар шумо хақиқати ҳолро донед­, боварии комил дорем, ки ба Илҳом Ёқубов­ ва ҳаммаслаконаш  нафрат мехонед ва ба ­ҷаласаву ҳамоишҳои байналхалқӣ роҳ наме­диҳед ва агар пайдо шаванд, онҳоро дастгир­ намуда, аз рӯи адолат барои ҷазо ба Тоҷи­кистон месупоред, ки фардо чунин хиёнат­орон ба шумо ҳам хиёнат накунанд,зеро на­фаре, ки ба Ватану миллат ва дину мазҳаб­и худ хиёнат кардааст, ба ҳеч кас дӯстӣ ­ва некӣ намекунад.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА, (Љонишини Раиси Шўрои уламо)

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر