Чаро тэт ҳни эътилоф ташкил мекунад?
Мегӯянд, ки беҳтарин омӯзгор худи зиндагӣ ва таҷрибаи он аст. Мутаассифона, на барои ҳамаи табақаҳои гуногуни одамон таҷрибаи ҳаёт сабақ шуда метавонад.
Созмони террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо вуҷуди ташкилоти зиёновару тахрибкор эълом шуданаш то кунун дар хориҷи кишвар тухми кинаву адоват мекорад ва ба ҷойи тавбаю омурзиш роҳҳои нав ба нави зиёнрасонӣ ва бадкорӣ нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистонро меҷӯяд.
Ончунон ки аз васоити ахбори омма огоҳ шудем, дар рӯзи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки барои ватан ва миллати тоҷик аз муқаддастарин ҷашнҳост, боқимондаҳои ин ҳизби мамнӯъ дар пойтахти Лаҳистон – шаҳри Варшава якҷо бо се гурӯҳи кисагии дигар эътилофи наверо бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.
Ба зери эъломияи ин паймон роҳбарони чор созмони тахрибкор - раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, ки аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон дар чандин ҷиноятҳо, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатии соли 2015 айбдор шуда, дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дорад, имзо гузоштаанд.
Мардуми ғаюри тоҷик бояд бидонанд, ки барои Кабириву ёронаш ин иттиҳод барои он зарур буд, то ки фаъолият карданашон аз номи ин созмони нав дар Аврупо осонтар шавад. Зеро бисёре аз ташкилоту созмонҳои аврупоӣ бо ин ҳизби мутаассиб, ки худро бо парчами Ислом пардапӯш кардааст, аз рӯи эҳтиёт муносибат мекарданд, чун таҷрибаи бадкориҳои “Давлати исломӣ”-ро хуб медонистанд.
Ҳайратовар ин аст, ки бо вуҷуди гӯиё “олим”-у “фозил” будани дигар намояндагони созмонҳои ҳамроҳшуда онҳоро Кабирӣ ба доми худ кашида тавонист. Аммо ягона одами каму беш боақл ҳамин Додоҷон Атовуллоев будааст, ки зери сояи як ҳизби террористӣ, яъне ҲНИ” даромаданро кори нодуруст шуморидааст. Созмонҳое, ки бо ТЭТ ҲНИ эътилоф ташкил намуданд, бехабар аз онанд, ки онҳо ба сифати як воситаи идеологӣ, ҳамчун як асбоби пардапӯшкунанда барои наҳзатиён хизмат хоҳанд кард. То ин дараҷа содаву гаранг будани ин созмонҳо касро ба ҳайрат меорад.
Як ҳақиқати бебаҳс ҳамин аст, ки дар ҳеҷ давру замоне исломиёни сиёсӣ, онҳое, ки барои бунёди як кишвари мазҳабиасос мубориза мебаранд, наметавонанд бо аҳли илму фазл, демократҳову дунявиандешон созиш карда бошанд.
Дар доираи тасаввури наҳзатиён ин гуна иттиҳод намегунҷад. Онҳо танҳо муваққатан метавонанд дӯстони дигарандеш дошта бошанд, аммо на доимӣ. Дӯстони ҳампаймон барои наҳзатиён то вақти расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон лозим аст, на аз ин бештар.
Ин созмонҳо бояд хуб бидонанд, ки ин наҳзатиёни мутаассиб ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳанд гузошт, ки касе донотар аз онҳо дар паҳлӯяшон бошад.
Ҳамин тавр, ин иттиҳод зоҳиран нав намояд ҳам, ботинан хасакӣ, танҳо барои иҷрои ғаразҳои наҳзатиён лозим шудааст. Барои Тоҷикистону ҳадафҳои волои Пешвои миллат ва мардуми он мисли дони ҷав арзиш нахоҳад дошт. Чунки миллати тоҷик он миллате нест, ки наҳзатиён онҳоро як бор ба доми фиреби худ кашида буданд, балки имрӯз онҳо аз оби зулоли истиқлол нӯшида, дарси истиқлолро хондаанд ва аз меваи амнияту сулҳу суботи Ватан баҳра гирифтаанд.
Маҳмуд Сангалиев,
сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ