Ҷамъияти тоҷикони Миср: чаҳор наҳзатӣ байни худ паймони хоинони наҳзатиро ба имзо расониданд. Ё худ чаро «Кабириҳо» баҳри ноором сохтани кишвар талош доранд?
Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаммаслаконаш барои рӯйпуш намудани нокомиҳояшон чанд гурӯҳро аз сафи аъзоёни худ таъсис дода, чашми мардумро бо ин гуруҳчаҳо, ки аъзоёни ҳар яки он аз 5 нафар зиёд нестанд, хок пошидан мехоҳанд. Рафти ҷаласаи дирӯза ин гуфтаҳоро бори дигар тасдиқ намуд. Онҳо барои пур намудани ҷойҳои нишасти ширкаткунандагон, ҳамсар ва фарзандони худро ба он ҷо ҷалб намуда буданд. Бо ин тартиб, муассисони ин гуруҳҳое, ки дар паймон имзо гузоштанд, аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд.
Ҳадафи асосии «кабириҳо» аз ташкили чунин ҷамъомадҳо — ин манқуртсозии аъзоёни боқимондаи наҳзатиҳо ва бо ваъдаҳои “ояндаи фиребанда” ҷалби ҷонибдорон мебошад. Ҳамаи ин талошҳо барои нишон додани “неруи қалбакӣ”-и хеш дар назди хоҷагони худ ва таъмин намудани ояндаи созандаи фарзандони худ дар шаҳрҳои аврупоӣ роҳандозӣ карда мешаванд. М.Кабирӣ чунин зикр намуд: “Мо мардуми таҳҷойӣ мебошем”. Бале, онҳо мехоҳанд худ дар нозу неъмати Аврупо ишрат намуда, барои расидан ба ҷоҳу ҷалол (пулу мансаб) мардуми шарифи Тоҷикистонро ба солҳои хунини 1992 -1997 бикашанд.
Дар ин мубориза бояд тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамдасту ҳамандеша бошанд ва фаромуш накунем, ки ин ҳизби ифротиву террористӣ ҳаргиз рушду пешрафти моро намехоҳад. Ҷиноятҳои содиркардаашон онҳоро маҷбур сохтанд, ки ватанро тарк намуда, ба кишварҳои дур фирор кунанд. Маълум аст, ки ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзат аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ мешавад. Агар «кабириҳо» ба ташкилоти худ чи номе, ки эҷод накунанд, ҳамоно асли моҳияти фаъолияти ононро маҳз тарғиби ғояҳои инқилоби исломӣ ташкил хоҳанд дод, на чизи дигар.
На танҳо гуруҳҳои алоҳида, ҳатто пайравонашон дигар ба Кабириву наҳзат бовар надоранд. Маҳз дар ҳамин шароит Кабирӣ маҷбур шуд, ки аз ҳисоби аъзоёни худ чанд гуруҳи пароканда таъсис диҳад ва зери номҳои мухталиф бори дуюм дар атрофи худ муттаҳид намояд, то ки минбаъд низ «салтанат»-и худро идома диҳад.
Дар конфронси САҲА дар Варшава ҳама метавонад ширкат ва суханронӣ кунад. Аз он ба сифати минбари калидии сиёсӣ ном бурдан ғайри қобили қабул аст. Аз ҷониби дигар, САҲА ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ дар бозиҳои геополитикӣ бевосита ё бавосита шарик аст ва дар пайи минбар додани раҳбарияти наҳзатӣ манофеи худро меҷўяд.
Нишасти гуруҳҳои ифротӣ дар Варшава ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит кард, ки ҳадафи аслии эътилофи ин чаҳор нафар наҳзатии ифротӣ на ба манфиати ҷомеа, балки дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои хоҷагонашон аст, ки ба ин восита мехоҳанд ба андешаи солими ҷомеаи тоҷик вируси худро паҳн намоянд.
Ин чаҳор гуруҳ, агарчи фаъолияти худро мустақил мешуморанд, вале дар асл ҳама зери чатри наҳзат фаъолият дошта, гуё бо ҳам эътилоф намуданд. Ҳарчанд эътилофи онҳо, дурустраш – “Паймони хоинони наҳзатӣ” заррае наметавонад ба сиёсати имрузаи кишвари мо таъсире расонад.
Ҷамъияти тоҷикони Миср ҳадафҳои нопоки ин «эътилофгарон»-ро хуб дарк намуда, барои аз байн бурдани ин паймонгарон бо андешаҳои созанда ва ҳисси тафаккури миллӣ мубориза мебарад.
Ҷамъияти тоҷикони Миср