Зулм аз дидгоҳи шаръ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Зулм яке аз нописандидатарин корҳо назди Худованд ва бандагони муқаррабаш маҳсуб мешавад. Худованди мутаол инсониятро аз ин амали зишт барҳазар дошта, ба сароҳат онро манъ кардааст. Чунонки дар Қуръони азимушшаън фармуда: “Пас, вой бар ситамкорон аз азоби дардовари қиёмат!” (Сураи “Зухруф”, ояти 65).
Инчунин ҷои дигар Парвардигори оламиён ҳушдор медиҳад: “Лаънати Худо бар ситамгорон аст”. (Сураи “Ҳуд”, ояти 18).
Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ уммати худро аз зулму ситам барҳазар дошта фармудаанд: “Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст”.
Зулм дар асли худ риоя накардани ҳуқуқи дигар махлуқот ва таҷовуз аз ҳадро мегӯянд. Азбаски анвои ҳуқуқ мухталифанд, анвои зулму ситам низ мухталифанд. Пас ҳар нафаре, ки ҳуқуқи махлуқоти Худоро риоя намудааст, ба ин маъност, ки худро аз зулму ситам нигоҳ доштааст. Чунонки дар ривоёти ҳадис омадааст: “Аксари васияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми ба сакароти мавт гирифтор шуданаш, барпо доштани намоз ва адои ҳуқуқи ончи дар зери дасти кас қарор дорад иборат буд. Инро ҳатто ҳангоме такрор мекард, ки ҷонаш ғарғара мекард ва забонаш суханашро дуруст баён карда наметавонист”.
Худи Паёмбари Худо саллалоҳу алайҳи ва саллам намунаи накӯе барои риояи ҳуқуқи махлуқоти аёну ноаён буданд. Чунончи Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу фармуданд: “Барои истинҷо бароям санг биёвар ва устухону саргини хушк наёр”. Ҳангоме ки ҳазрати Абӯҳурайра (р) сабаби манъ будани устухону саргини хушки ҳайвонотро пурсид, чунин посух гирифт: “Зеро он ду аз таоми ҷинҳо мебошанд”.
Яке аз саҳобагони бузург Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чунин ривоят мекунанд: “Намояндагони ҷинҳо назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада чунин гуфтанд: Эй Пайғамбари Худо! Уммататро аз истинҷо кардан бо устухон, саргини хушки ҳайвонот ва лахчаи хокистар манъ бикун, зеро ин чизҳоро Аллоҳ таоло ризқи мо гардонидааст. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мутобиқи талаби онҳо истеъмоли ин чизҳоро дар истинҷо манъ кард”.
Аз ин ҳадис бармеояд, ки риояи ҳуқуқи љинҳо, ки мо онҳоро намебинем ва ба вуҷудашон имон дорем, воҷиб аст. Пас чи гуна як шахси соҳиби ақл ва идрок метавонад ҳуқуқи ҳамнавъони худро поймол намояд ва ба онҳо зулму ситам намояд.
Аз ҳама бадтарин зулм, зулми инсон нисбат ба Парвардигораш аст ва он ин аст, ки инсон Офаридгори худро нашиносад ва ба Ӯ бовар надошта бошад. Худованд ширки ба худро бузургтарин зулм шумурда мефармояд: “Ба Худо ширк маёвар, ки ба ростӣ ширк ситаме бузург аст”. (Сураи “Луқмон”, ояти 13).
Ва инчунин Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам рӯзе ба ёронаш фармуд: “ Оё медонед, ки муфлис чї касе аст? Гуфтанд: Дар миёни мо муфлис касе аст, ки пулу моле надошта бошад. Он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Муфлис дар миёни умматам касест, ки ба рӯзи қиёмат бо намозу рӯзаву закот меояд, дар ҳоле, ки инро дашном дода ва инро ба зино муттаҳам сохта ва моли инро хўрда хуни инро рехта ва инро задааст ва ба ин ҳам аз ҳасанот ва некиҳояш дода мешавад. Агар ҳасаноташ қабл аз адои ҳуқуқ, ки бар вай аст, тамом шавад, аз гуноҳонашон гирифта шуда ва бар дӯшаш ниҳода шуда ва сипас ба оташ афканда мешавад”. (Ривояти Муслим ва Тирмизӣ).
Хулоса ҳар касе ақли худододиро кор фармояд, аз зулм мепарҳезад, чунки дар ҳадиси қудсӣ омадааст: “Эй бандагонам ман зулм ва ситамро бар худ ҳаром кардаам, онро дар миёни шумо ҳам ҳаром сохтам, пас ба якдигар зулм ва ситам накунед”.
Ҳар шахси оқил аз зулму ситам дурӣ ҷуста, бояд пуштибони ситамкорон набошад. Худованд ҷумлагиро ба роҳи рост ҳидоят фармояд.
Ҷамолиддин Хомўшӣ