الصفحة الرئيسية المقالات Фиреб ва хиёнат аз нигоҳи Ислом

Фиреб ва хиёнат аз нигоҳи Ислом

Фиреб ва хиёнат аз нигоҳи Ислом
2018-11-02
2703

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Қуръони карим аз мусулмонон тақозо мекунад, ки тамоми рафтору кирдори инсон тибқи дастуроти Худованд ва Расули Ў, саллаллоҳу алайҳи ва саллам анҷом дода шаванд. ҳалол аз ҳаром, фосиқ аз зоҳид, мусулмон аз дурўя, рост аз дурўғ ва ахлоқи нек аз ахлоқи бад ҷудо карда шавад.

Бузургтарин дурўғ он аст, ки инсон суханеро ба Худо ё Пайғамбар (с) ё шариат нисбат диҳад, дар ҳоле ки худ медонад чунин нест ва ин гуна афрод дар қуръони карим ва дар ривоятҳои Паёмбар (с) сахт мазаммат шудаанд. Аз ҷумла, дар қуръони карим дар бораи касоне, ки худро намояндаи Худо мегирифтанд ва суханони навиштаи худро ба Худо нисбат медоданд чунин омадааст: «Вой бар онҳое, ки суханеро бо дастони худ менависанд ва сипас мегўянд ин аз тарафи Худо аст, то онро ба баҳои каме бифрўшанд. Вой бар онҳо аз он чи ба дасти худ навиштанд ва вой бар онҳо аз он чи ки аз ин роҳ ба даст меоранд». (Сураи Бақара ояти 79). Ин кор метавонад дар ҳар асру замоне аз тарафи пайравони ҳар дину оине сурат бигирад. Чи басо афроди ҳилагару маккоре, ки барои расидан ба ҳадафҳои шуми худ, дини Худоро дигаргун нишон диҳанд ва мардумони зиёдеро ба гумроҳӣ кашонанд, ки ин қабеҳтарин дурўғ аст: «Пас кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурўғ бандад, то аз рўи нодонӣ мардумро гумроҳ кунад».

ҳамагон шоҳиданд, ки аз ҷониби чунин як гурўҳи динӣ, дини мубини ислом ҳамчун васила ва сипар истифода шуда, онҳо баҳри расидан ба ғаразҳои худ аз ҳеҷ чиз, ҳатто аз пешпо задани муқаддасоти динӣ парҳез намекунанд. Чунин истифодаи ғаразноки дини мубини ислом дар Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон, Яман ва дигар кишварҳо натиҷаи талхи худро нишон дод.

ҳақиқатан мо шоҳиди онем, ки баъзе гурўҳҳои динӣ, дини мубини Исломро ба нафъи худ истифода бурда, оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои шарифро чунин тафсиру таъвил мекунанд, ки кас дар ҳайрат мемонад. Ин падида барои мусулмонон хатари ҷиддӣ дорад, зеро бо фиребу найранг, бо маънидодкунии ғаразноки аҳкоми шариат метавон одамонро гумроҳ намуда, онҳоро ба вартаи ҳалокат афканд.

Магар дар муборизаи сиёсӣ, ки мақсадаш расидан ба сари қудрат аст, истифодаи номи Ислом ҷоиз аст? Ин дурўғи маҳз ва намунаи истифодаи шариат дар расидан ба ғаразҳои шахсӣ ва гурўҳӣ мебошад.

Дурўғгўён тибқи фармудаи қуръони карим аз ҳидояти Худованд маҳрум ҳастанд: «Худованд касеро, ки исрофгар ва дурўғзан бошад ҳидоят намекунад». (Сураи ғофир ояти 28). Ва низ ин китоби осмонӣ онҳоро аз доираи муъминон берун медонад: «Фақат касоне дурўғпардозӣ мекунанд, ки ба оятҳои Худо имон надоранд ва онон худ дурўғгўёнанд».

Аз Расули Худо (с) ривоят шуда, ки фармуд: «Дурўғ чи ҷиддӣ ва чӣ шўхии он дуруст нест…» .

Аммо ҷангандозӣ, ки фитнагарию эҷоди ошўб дар ҷомеа аст, дар қуръони карим бадтар аз куштор муаррифӣ шудааст. (Сураи Бақара оятҳои 191 ва 217). Афроди ҷангандоз дар ҳар маҳаллу минтақае, ки набошанд оромишу осоиши ҷомеаро барҳам мезананд ва дар миёни одамон тухми кинаву адовату душманӣ меафкананд. Ин кор аз гуноҳони кабира ба ҳисоб омада, ҷазои дунявию ухравии дарднок дорад.

Талаби дунё тавассути ҳасадхўрӣ, тамаъкорӣ, дурўғгўӣ аз номи дину мазҳаб, эҷоди фитна охир ба тафриқаву ҷангандозӣ оварда мерасонад. ҳазрати Анас мегўяд: ҳеҷ гоҳе набуд, ки Паёмбар (с) ба мо хутба хонад, магар ин ки дар он мегуфт: «Имон надорад он, ки амонат надорад. Ва дин надорад он, ки паймон надорад» (Байҳақӣ).

Паёмбар (с) хиёнатро яке аз аломатҳои ошкори нифоқ хонда, фармудаанд: «Нишонаи мунофиқ се аст: Чун сухан гуфт дурўғ мегўяд, чун ваъда дод хилоф мекунад ва чун амонатеро гирифт хиёнат мекунад, ҳарчанд рўза гирад ва намоз хонад ва даъвои мусулмонӣ намояд» (Муттафақун алайҳ).

Худованди мутаъол дар ин маврид мефармояд:

 «Эй касоне, ки имон овардаед, Худо ва Паёмбарро хиёнат макунед ва амонатҳоятонро хиёнат макунед, дар ҳоле ки худ медонед» (Анфол 27)

Бинобар ин моро зарур аст, ки аз чунин хислатҳои мазмум ва манфур, аз чунин гурўҳҳои ба ном «динӣ ё исломӣ» дурӣ ҷуста, ба ҳар гуна даъватҳои ба ном «динӣ», ба ваъдаҳои дурўғи бадхоҳон бовар накунаем. Танҳо бо меҳнати ҳалол, бо ҳисси баланди ватандўстиву ободкорӣ метавон ба қуллаҳои мурод расид. ҳасад, тамаъ, дурўғ, фитна ва амсоли инҳо бошад, аз хислатҳои шайтон буда, одамиро гунаҳгору гумроҳ мекунад ва ба вартаи  ҳалокат меафканад.

Мо бояд ба ин масъалаҳо муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, бениҳоят эҳтиёткор бошем. Кўшиш намоем, ки душман моро ғофилгир накунад. Фаромўш накунем, ки шайтон дар камин аст ва дар қалъаи мустаҳками ҷомеаи тоҷикон рахна меҷўяд. Мо бояд ҳама чун як тан дар атрофи Пешвои тоҷикони олам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, сулҳу субот, тинҷиву оромии ватанамонро нигаҳбон бошем.

Сармутахассиси Раёсати фатво

Сангалиев Маҳмуд

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر