الصفحة الرئيسية المقالات Нақши мазҳаби Ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ

Нақши мазҳаби Ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ

Нақши мазҳаби Ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ
2018-11-09
2876

Мазҳаби ҳанафӣ монанди нури дурахшон аз Кӯфа ба сӯи Ироқ ва сарзаминҳои Форс, Афғонистон, Ҳинду Чин, Осиёи Миёна ва Қазоқистон, Озарбойҷону Миср, Мағрибу Андалус, Булғористону Юнон, Туркия ва дигар кишварҳои Аврупо густариш ёфт. Дар тӯли таърих ҷомеаҳо ба мазҳаби ҳанафӣ таваҷҷуҳи хоссе доштанд. Ин мазҳаб аз даврони хилофати Ҳорунуррашид мабнои дастуруламали хулафои аббосӣ қарор гирифт. Баъдтар давлати Усмониён, ки муддати шашсад сол ҳукмронӣ намуданд, ин мазҳабро ҳамчун мазҳаби расмӣ дар қаламрави худ эълон намуданд. Ҳукуматҳои Миср, Сурия, Урдун, Ироқ, Лубнон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ дар барномаҳои шаръӣ аз фиқҳи ҳанафӣ пайравӣ намудаанд.

Ба ҳамин шакл фиқҳ ва мазҳаби ҳанафӣ дар таърихи пешрафти кишварҳо ва қонунгузориҳои аксари мамлакатҳои Шарқ таъсири амиқ гузошта ва имрӯз ҳам омили муҳим дар муносибатҳои байни кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ин раванд ба сабаби мағз андар мағзи мардум дар тӯли беш аз ҳазор сол ҷой доштани пайравӣ ба мазҳаби ҳанафӣ, дар зиндагии ҳамарӯзаи оммаи васеъ ҷой доштани иҷрои адои аҳком ва аркони исломӣ бар пояи ин мазҳаб мебошад.

Тоҷикон аз солҳои аввали зуҳури дини мубини ислом ба мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ намуда, миёни дигар миллатҳо аз ҷумлаи хидматгузорони ин дин маъруф гаштаанд. Модари тоҷик аз домони поки худ фарзандоне ба дунё овард, ки дар фазои динии олам ҳамчун ситора дурахшон шуданд. Таъсири  бевоситаи чунин олимони забардаст, ки ворисони воқеъии Паёмбари ислом (с) буданд, боиси ғанӣ гаштани фарҳанги миллии мо шудаанд. Миллати тоҷик имрӯз бо фарзандони фарзонаи худ аз қабили Имом Абӯҳафси Кабири Бухорӣ, ки аз шогирдони бевоситаи Имом Муҳаммад (р) – ёри дувуми Имоми Аъзам (р) маҳсуб мешавад, Имом Бурҳониддини Марғинонӣ-соҳиби китоби машҳури «Ҳидоя», Имом Наҷмуддини Насафӣ –соҳиби китоби «Ақоиди Насафӣ», Имом Баздавӣ, Аллома Алӣ Қорӣ ва садҳо нафар аз бузургон ва донимандони худ ифтихор дорад. Хидмати ин бузургон дар рушду инкишофи фарҳанги миллии тоҷикон басо бузург аст.   

Хизмати бузурги Имоми Аъзам он буд, ки бо таълимоти худ ҷилави таассуб ва ифротгароӣ дар ҳукмро гирифтааст. Таълимоти ӯ дар бораи асли имон ва ҳукм кардан ба куфр имрӯз низ барои ислоҳи шуури динӣ дорои аҳаммият мебошад. Дар замони Имоми Аъзам баъзе равияву фирқаҳо ҳамдигарро ба куфр маҳкум мекарданд. Дар натиҷаи чунин фатвоҳо ҳазорон нафар равшанфикрону олимон ва мардуми оддӣ ҳатто ба марг маҳкум шудаанд, зеро дар даврони пурҷӯшу хурӯши зиндагии Имоми Аъзам ва минбаъд кофир эълон кардан бо ҳукм ба марг баробар буд. Фатвоҳое, ки дар ин мавзӯъ Имом Абӯҳанифа додааст, то андозае пеши роҳи ин падидаро мегирифтанд ва баёнгари хидмати ин фақеҳи бузург дар ҳифзи мақоми инсон мебошанд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ-"Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо" таъкид карда, аз ҷумла гуфтаанд, ки: "Мутаассифона, чунин амали зишт ба баъзе фирқаҳову ҳизбҳои исломии муосир низ хос мебошад, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хатари калон дорад".

Яке аз самараҳои пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон ин аст, ки кишвари мо аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ дар байни давлатҳои ҳанафимазҳаб қарор дорад ва пайравӣ аз ин мазҳаб омили густариши муносибатҳои нек бо ин ҳамсоякишварҳо мегардад.

Пайравӣ аз як мазҳаб яке аз сабабҳои амну субот дар ҷомеа буда, инсонро аз изтироб ва шакку шубҳа дур месозад. Ҳамчунин дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ва ба вуҷуд овардани ҳисси эҳтиром нисбат ба бузургон ва гузаштагон нақши арзандае дорад. Борҳо дида шуда, ки бархе аз ҷавонони камогоҳ ба сабаби надоштани маълумоти кофии динӣ ва дур будан аз тарбияи ахлоқӣ нисбат ба бузургони гузашта суханони тавҳиномез мегӯянд. Сабаби ин гуна амалҳои нораво дар он аст, ки ин ҷавонон аз ҳақиқати мазҳаб огоҳии комил надоранд ва таърихи гузаштаро ба таври кофӣ намедонанд. Ин амр боиси ба вуҷуд омадани низоъ ва ихтилоф дар ҷомеа шуда ва касоне, ки дар пайравӣ аз мазҳаб таассуб ва ифрот доранд, ин ихтилофро дучанд месозанд. Барои рафъи ин гуна мушкилот насли ҷавони ноогоҳро аз ҳақиқати мазҳаб ошно сохта, онҳоро бо равиши неку ва боҳикмат панду андарз бояд дод.  Аз тарафи дигар, насли калонсол  бо равиши хирадмандона дар тарбияи насли наврас бикӯшанд ва таассубу хушунатро канор бигузоранд, чунки ба кор гирифтани равиши нарм ва неку дар вақти панду андарз боиси пайдо гардидани муҳаббату меҳрубонӣ мегардад ва ин равишро танҳо касоне анҷом медиҳанд, ки дорои сабру тақво ҳастанд. Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар хусуси нақш ва аҳамияти яккамазҳабӣ мефармояд:

Роҳи обо рав, ки он ҷамъият аст,

Маънии тақлид забти миллат аст.

Нақш бар дил маънии тавҳид кун,

Чораи кори худ аз тақлид кун.

Аз якоинӣ мусалмон зиндааст,

Пайкари миллат зи Қуръон зиндааст.

Дини мубини ислом, ки ҷузъе аз фарҳанги миллии мардуми мо ба шумор меравад ва аксари кулли мардуми ҷумҳурӣ эътиқодманди ин дини муқаддас мебошанд, ҳоло дар замони ҷаҳонишавӣ, ки давраи бархӯрди тамаддунҳо ва ихтилофҳои эътиқодӣ ва мазҳабӣ, пайдоиши равияҳои гуногуни ғайрианъанавӣ дар кишвар мушоҳида мегардад, қарор дорад. Бинобар ин, чунин омилҳо барои мардуми кишвар, хоссатан барои диндорони ҷумҳурӣ, ки асрҳои тӯлонӣ эътиқодманди мазҳаби ҳанафӣ дар ақоид ва масоили фурӯъии амалӣ мебошанд, давраи ҳассос ба шумор меравад.

Бинобар пайдоиши фазои мазкур рӯҳониёни машҳури ҷумҳурӣ, уламои дин, пешвоёни маъруфи мазҳаб, зиёиён, олимон, файласуфон ва дигар муҳаққиқонро, ки дар соҳаи дину фарҳанг пажӯҳишҳо доранд, мебояд тамоми қувва, зиракии сиёсӣ ва илму дониши худро барои пайдо намудани роҳҳои пешгирии воридшавии идеологияҳои ғайрианъанавии динӣ дар кишвар ва халалдор насохтани фазои динию мазҳабӣ дар ҷомеа сарф намоянд. Бахусус, масъалаи тарбияи ахлоқии ҷавонон бояд дар мадди аввал гузошта шавад, зеро аксари ҷавонон аз фарҳанги динӣ ва мазҳабии аҷдодонамон, ки асрҳои тӯлонӣ мардуми мо ба он амал мекарданд, бехабар ҳастанд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишвар бисёртар ба идеологияҳои заҳролуди равияҳои ғайрианъанавӣ ва ифротӣ гирифтор мешаванд.

Вазифаи имрӯзаи ҳар фарди кишвари тозаистиқлоли мо такмили савияи илму дониш дар партави арзишҳои миллию мазҳабии мардуми тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, баҳрамандшавии мардум аз таълимоти бузургони илму фарҳанг ва дину мазҳаб, ки ҷиҳати ба камол расондани арзишҳои ахлоқии ҷомеаи муосир мусоидат мекунанд, ба василаи омода намудани барномаҳои мукаммали таълимӣ ва омӯзишӣ бисёр зарур ва саривақтист. Тарғиби фарҳанги динӣ ва дарку омӯзиши арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон боиси беҳтар шудани муҳити ахлоқӣ ва болоравии сатҳи маънавии мардум гардида, дар ҷомеа адлу инсоф, рафтори хубу некро ривоҷ медиҳад, ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ сулҳу осоиш ва ободии ҷомеа вусъат мебахшад.

Ҷамолиддин Хомӯшов,

Сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر