Тарбияи ҷавонон ногузир боқӣ мемонад
Фарзандон амонате мебошанд, ки аз ҷониби Худованд ба падару модар супорида шудаанд. Онњо ояндасозони ҳар ҷомеае маҳсуб мешаванд ва хубу бади ҷомеа ба чигунагии тарбияи онҳо вобаста аст. Аз ин ҷо равшан мегардад, ки масъулияти падарону модарон хеле сангин аст, чунки сарнавишти ҷомеа ба дасти онҳост, зеро хонавода мисли як мадрасае аст, ки афроди ҷомеа дар он тарбият мешаванд ва падару модар дар он мадраса нақши муаллимро доранд.
Пас саломатии ҷомеа ба чигунагии фаолияти ин маркази тарбиявӣ ва муаллимҳои он вобаста аст. Яъне агар хонавода муҳити солим дошта бошад ва падару модар худ аз маърифати комил бархурдор бошанд, метавонанд афроди солим ва муфидеро равонаи ҷомеа созанд, вагарна фарзандони ҷавон тарбия наёфта ба ҷомеа ворид хоҳанд шуд.
Бешак ҳар падару модар фарзанди худро дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки фарзандаш ахлоқи хуб дошта бошад, аз падару модар итоат кунад ва шахсияти муфиде барои ҷамеа ба бор ояд. Аммо ин чиз фақат ба хостан намешавад, балки барои амалӣ шудани ин хостаҳо ва орзӯҳо бояд падару модар вазифаи худро дар баробари фарзандон ва ҷомеа бишносанд ва мувофиқи он амал кунанд.
Мо пайрави оине ҳастем, ки беҳтарин тавсияҳо ва роҳнамоиҳоро дар тамоми масоили зиндагӣ баён кардааст. Хусусан дар масъалаи тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои волидайн, дини муқаддаси Ислом таъкиди хосе дорад ва беҳтарин ва саҳеҳтарин равишҳои тарбиятиро нишон дода, резтарин масъалаҳо ва дақиқтарин нуктаҳоро дар ин мавзӯъ баён доштааст. Ҳамчунин дар ин оини муқаддас барои тарбияи саҳеҳи фарзандон подошҳои дунявӣ ва ухравӣ ва барои тарбияи ғалати онҳо ва саҳлангорию бепарвоӣ нисбат ба тарбияи фарзандон муҷозоти сангине дар назар гирифтааст.
Дар манобеи исломӣ равишҳои фаровоне дар мавриди тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои волидайн гуфта шудааст, ки мо барои тулонӣ нашудани баҳс ба зикри баъзе аз он басанда мекунем: Паёмбари акрам (с) мефармоянд:
“Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро дуруст ва саҳеҳ тарбия кунед то Худованд гуноҳњони шуморо бибахшад”.
Асосгузори мазњаби њанафия - Имом Абуњанифа ба фарзандаш Њаммод хитоб карда мегӯяд: Фарзандам! Худованд туро ба роњи рост иршоду таъйид кунад. Мехоњам туро чанд васият кунам, ки агар онњоро ба ёд орӣ ва дар амал пиёда кунӣ умедворам ки иншоаллоњ саодати дунё ва мохиратро њосил кунӣ.
Инҷо мо баъзе аз васиятњои Имом Абуњанифаро мехоњем барои ҷавонон пешнињод намоем.
Имом мегӯянд: Ба панҷ њадисе, ки аз миёни панҷсад њазор њадис интихоб кардам, амал кун:
Яъне, дору мадори тамоми аъмол бар ният аст. Ва подоши њар шахсе мутобиќи нияти он хоњад буд.
Яъне, аз аломати диндории њар як шахси мусалмон ин аст, ки корњои лояънӣ ва бефоидаро тарк кунад.
Яъне, њеҷ касе аз шумо то њангоме мусалмони комил наметавонад бошад, то он чӣ барои худаш меписандад, барои бародари мусалмонаш низ биписандад.
Яъне, мусалмони комил касест, ки мусалмонони дигар аз дасту забонаш солим бимонанд.
Яъне, њалол ва њаром ошкор аст ва дар миёни он ду масоили зиёде муштабањ аст, ки бисёре аз мардум онро намедонанд. Пас касе, ки дар шубањот биафтад, дар њаром афтодааст. Монанди чӯпоне, ки рамаашро дар атрофи киштзор мечаронад, анќариб ба киштзор дохил хоњад шуд. Сипас фармуданд; «Хабар дор! Њар подшоње њудуд дорад. Хабар дор, ки њудуди Худованд њамон чизњоест, ки иртикоби онњоро бар бандагонаш њаром кардааст. Хабар дор! Дар ҷисми инсон тиккаи гӯштест, ки агар дуруст шавад, тамоми ҷисм дуруст мешавад ва агар он фосид гардад, тамоми ҷисм фосид мегардад. Хабар дор, ки он ќалб аст»
Инчунин Имом фармуданд: Фарзандам дар тамоми корњо нияти худро холис гардон ва дар њар сурат кӯшиш кун, ки њалол бихурӣ.
Яке аз сабабҳое, ки боиси бадхулқӣ ва дар ниҳоят бероҳагии ҷавонон мегардад, риоят нашудани ростӣ ва дурустӣ дар касбу даромад ва ба даст овардани ризқу рӯзии ҳалол аз тарафи падару модар мебошад. Агар ба таърихи бузургони дину миллат назар кунем мебинем, ки волидайни онҳо дар тарбияи онҳо қабл аз ҳама ба ҷиҳатҳои гуногуни ахлоқии худ таваҷҷӯҳ доштаанд ва яке аз ин ҷиҳатҳо пок нигоҳ доштани луқма будааст. Агар сари дастархони фарзандон нони ҳалол бибарем ҳатман баракати он дар идомаи тарбияти онҳо таъсири мусбат хоҳад гузошт. Луқмаи ҳалолро сарчашмаи донишу ҳикматҳо ва манбаи ишқу муҳаббат донистаанд ва дар баробари он луқмаи ҳаромро сарчашмаи кинаву ҳасаду ғафлат. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ин маврид гуфтааст:
Илму ҳикмат зояд аз луқмаи ҳалол,
Ишқу риққат ояд аз луқмаи ҳалол.
Чун зи луқма ту ҳасад бинию дом,
Ҷаҳлу ғафлат зояд онро дон ҳаром.
Дар ҳақиқат баъзе аз рафторҳо ба зиндагии мо таъсири бисёр муҳим доранд ва агар нисбати онҳо таваҷҷӯҳ надошта бошем оқибатҳои ногуворе хоҳад дошт. Умуман ҳар чӣ нохушию нороҳатӣ ба инсон мерасад ба хотири амалҳо ва рафторҳои ношоистаи худи ӯст ва Қуръони карим дар ин маврид мефармояд:
“Ва аз мусибатҳо њар чи ба шумо бирасад, пас, ба сабаби гуноње аст, ки дастњоятон ба амал овардааст. Ва Ӯ аз (кӯтоњињои) бисёре дармегузарад”. (42.Сураи Шӯро, ояти 30)
Пас бояд нисбат ба рафтору кирдори худамон диққат дошта бошем ва ҳамеша тавсияҳои Қуръону суннат ва бузургонро дар бораи оқибат ва натиҷаи корҳо дар назар бигирем, то мабодо бо рафтори носанҷидаи худ ба худамон ва атрофиёнамон зарар нарасонем.
Нуктаи муҳимми дигаре, ки набояд онро фаромӯш созем ин ғанимат шумурдани фурсатҳои тарбиявӣ аст. Ин фурсатҳо аз назари илми ахлоқ ва тарбия бисёр муҳим буда, бепарвоӣ нисбати ин фурсатҳо дар кори тарбияи ҷавонон халали ҷиддӣ ворид мекунад. Ба ҳамин хотир бузургон дар бораи истифодаи муносиб аз фурсатҳои тарбиявӣ таъкид намуда, онро омили муҳимми муваффақиятҳо дар ин замина донистаанд.
Қиёмиддин Насриддинов,
сармутахассиси Кумита