الصفحة الرئيسية المقالات Ҳифзи амнияти ватан таҳкими пояҳои давлатдории миллист

Ҳифзи амнияти ватан таҳкими пояҳои давлатдории миллист

Ҳифзи амнияти ватан таҳкими пояҳои давлатдории миллист
2018-12-05
2972

Сулҳу салоҳ, амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо тариқи саодатмандӣ ва самарабахш наметавон гузаронид.Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст. Зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст.

Мутаассифона, имрӯз баъзе одамон, хусусан иддае аз ҷавонон ношукрии ин неъмат карда, барои нооромии кишвар ба ҳар гуна ҷамоату аҳзоби сиёсии ба ном исломӣ шомил шуда, бо ақидаҳои хом ва мунҳарифи худ дар талош ва ҳаракати нооромии кишваранд. Чунин ҳизбу ҳаракатҳо аз қабили «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Байъат», «Таҳрир», «Ҷамоати таблиғ» ва ғайра аз роҳи рост мунҳарифанд ва дигаронро гумроҳ мекунанд.

Шумо боре ба кишварҳое, ки дар онҷо низоми амн вайрон шудааст, назар андозед, мисли Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ғайра, ба зудӣ хоҳед дид, ки аҳли он кишварҳо ҳаёти осуда надоранд, мактабу бозорҳояшон баста, мардум гурезаву сарсон. Дар чунин кишварҳо доимо эҳсоси хатар аст. Масалан, таркишҳои охирон дар Афғонистон даҳҳо нафар куштаву садҳо захмӣ ба бор овард. Чунин мисолҳоро метавон зиёд овард, ки аз зарурат ва фарзияти тинҷиву оромӣ шаҳодат медиҳанд.

Барқарории амну субот аз заруриётест, ки тамоми аҳли башар бар он иттифоқ доранд, зеро ҳифзи хун, мол, номус, ақл ва дин ба туфайли амну субот амалӣ хоҳад шуд.

Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амну субот ин итоат ва фармонбардории роҳбарон аст. Ба итоату фармонбардорӣ ҳаёти инсон дар ҷамъият аз ҳама ҷиҳат амну ором мегузарад. Мурод аз роҳбарон, давлатдоронанд. Воқеан, он салоҳият ва ободие, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамватанон оварда истодаанд, чунон зиёд аст, ки танҳо шахси муғриз, кӯрнамак ва ношукр онҳоро дида наметавонад.

Дар китоби «Ҷомеу-л-улум» омадааст, ки : «Ба роҳбарон гӯш кардан ва аз эшон итоат кардан, дар ин саодатмандии дунёст. Зеро ба туфайли онҳо масолеҳи бандагон дар зиндагиашон муназзам мешавад ва ба туфайли онҳо дин ва тоати Парвардигорашонро изҳор мекунанд».

Аз тоати роҳбарони давлат баромадан ва алайҳи онҳо мубориза ва ташвиқот бурдан, хоҳ дар дохили кишвар бошад, хоҳ дар хориҷ, ин кор маъсият ва мухолифат аз Худо ва мухолифат аз Паёмбари Ӯст ва низ мухолифат аз ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус мазҳаби ҳанафӣ аст.

Худованд дар ин маврид фармудааст:

 «Эй мӯъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоён (ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!» (Сураи «Нисо», ояти 59).

Фитна хоҳ дар дохили кишвар бошад, хоҳ дар берун, неъмати амнро нест мегардонад. Пас дар натиҷа ҳаёте, ки писандида аст, ба зиндагии танге мубаддал мешавад ва дину диндорӣ аз даст меравад.

Дар кадом кишваре, ки гурӯҳҳои ба ном исломӣ, мисли Ҳизби наҳзати исломӣ, таҳрир, таблиғ ва ғайра ташкил шавад, ҳатман аъзоёни ин гурӯҳҳо кишварро ба хотири ба ҳадафи худ расидан ба харобӣ ва шикаст меоранд, зеро ҳар соҳиби даста худро ҳақ мешуморад. Аммо маълум аст, ки ҳақ дуто намебошад, балки яктост.

(мабошед) аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд; ҳар гурӯҳба он чи назди ӯст, хурсанд аст! (Сураи Рум, ояти 32).

Ояти мазкур далолат ба он мекунад, ки Ислом ҳизбгароиро ҳаром қарор медиҳад, гарчи асҳоби чунин ҳизбҳо аз ҷаҳолат инро қабул надоранд. Воқеан, ношукрии неъмати амн ва вайрон кардани низоми он аз ҷаҳолат аст.

Ҳифзи амонии ватан корест, ки ба ҳар фарди мусулмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем. Пешгирӣ намудани фасоду бадкорӣ, ҳифзи мазҳаб ва ақидаи динӣ танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест ва мо бояд худро канор ва бетараф қарор надиҳем. Ин кори хатост! Мо бояд барои пешгирии ин корҳо аз ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ заррае дур набошем, вагарна дар пеши Худо ҷавоб хоҳем дод. Бинобар ин, мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода барем ва барои амну суботи Тоҷикистон талош варзем. Мо бояд шарр ва бадии аҳли фасод ва аҳли ботилро аз кишвари худ дафъ кунем ва дасти касонеро, ки аз беақлӣ ва ноогоҳӣ ягон кори хилоф мекунанд, бигирем. Танҳо ваҳдат, иттиҳод ва якдилӣ метавонад ватани моро аз бадии ҳар гуна равия, мазҳаб ва ҳизбу ҳарактҳои ботил нигоҳ дорад. 

Бурҳониддин Аминов,

мутахассиси Кумита

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.11.2024

أكثر
الفجر05:44
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر