الصفحة الرئيسية المقالات Баррасии далоили инҳироф ва каҷравии ҷавонон

Баррасии далоили инҳироф ва каҷравии ҷавонон

Баррасии далоили инҳироф ва каҷравии ҷавонон
2019-02-14
2374

Чи иттифоқе барои наслҳои мо меафтад? Чаро инҳирофу каҷравӣ сурат мегирад? Чаро мардум роҳи возеҳ ва мустақимро раҳо мекунанд? Далоиле, ки мунҷар ба инҳирофи ҷомеа ва ба вижа ҷавонон мешавад, чист?

Метавон гуфт, ки аввалин далоили инҳироф: дӯстон ва ҳамнишинони бад ва фосид мебошанд, балки метавон гуфт: ин амр бузургтарин инҳироф аст, чун хеле сахт аст, ки ҷавон ба танҳої мунҳариф гардад, бе тардид касе ӯро ба сӯи инҳироф кашондааст.

Ин суханон бояд дар хона ба ҷавонон гуфта шавад, зеро падарон ва модарон ҳамвора ба фарзандонашон мегӯянд: бо фалон писар нишасту бархост накун! Бо фалон духтар ҳамнишин мабош. Аммо ҷавонон ранҷида ва нороҳат мешаванд: чаро ин гуна бо мо рафтор мекунанд, чаро дунёро бар мо танг ва торик мегардонанд? Вале мутаассифона гумроҳї аз ҳамин ҷо ва ба ҳамин сурат оғоз мегардад.

Хаёли хушбахтӣ

Далели дувум: ҷустуҷӯи хушбахтӣ аст. Бархе аз ҷавонон гумон мекунанд, ки хушбахтӣ дар инҳироф ва каҷравӣ аст. Ба унвони мисол касе маводи мухаддир масраф мекунад, ӯ инсонест, ки дар зиндагї ҳеҷ ҳадафе надорад, пас саъй мекунад бо ҷустуҷӯи хушбахтӣ хаёли зиндагиро фаромўш кунад.

Ин нуктаи бисёр муҳиммест. Шайтон ҳамвора умури дастнаёфтаниро дар баробарат зебо ҷилва медиҳад. Бад-ин маъно, ки он чиро надорӣ, дар назарат зебо ва гуворо ҷилва медиҳад ва ба ту мегӯяд: хушбахтї ин аст. Мумкин аст шахсе ҳамсари бисёр зебо ва хушахлоқ дошта бошад, ки мояи хушбахтии ӯст ва ҳама чиз рӯ ба роҳ аст, аммо шайтон ҳаромро дар назараш меорояд ва он шахс назди зани дигаре, ки мумкин аст дар зебої ва ахлоқ аз ӯ поинтар бошад, биравад зеро шайтон туро бар он медорад, ки он чиро, ки барои ту дастнаёфтанист аз ҳалол, ки дар ихтиёр дорӣ, зеботар ҷилва диҳад. Ин иттифоқ барои бисёре аз ҷавонон меафтад.

Фароғат ва ҳадар додани вақт

Чунон ки фароғат низ аз ҷумлаи сабабҳоест, ки мунҷар ва кашида шудан ба инҳирофу каҷравӣ мегардад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд:

“Ду неъмат аст, ки бисёре аз мардум дар он зарар мекунанд, саломатї ва фароғат”.

Авқоти фароғати писарон ё духтарони ҷавон аз бештарин умурест, ки мунҷар ба фоҷиа мегардад. Мушкили аслии зани азизи Миср, ки худашро дар ихтиёри Юсуф қарор дод, ин буд, ки вақти озоди бисёр дошт. Ҳол бингаред ба авқоти фароғате, ки ин ҷомеа дар он ба сар мебарад:

«Ва (ин хабар ба шаҳр расид) заноне дар шаҳр гуфтанд: ҳамсари азиз, барои комҷӯӣ ғуломи (ҷавони) худро ба сӯи худ мехонад, ба ростӣ муҳаббат (ва ишқи ин ҷавон) дар қалбаш нуфуз кардааст, мусалламан мо ӯро дар гумроҳии ошкор мебинем» (Сураи Юсуф: 30)

Ин дақиқан он чизест, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегўяд: Мусалмон то замоне ки аз мол ва сарват наздаш гаронбаҳо набошад, ба ҳақиқати имон пай намебарад. Њамон гуна, ки дар “асар” омадааст: Рӯзе нест, ки бигзарад ва ба мардум нагӯяд: ман рӯзе тоза ва нав ҳастам ва бар аъмолат гувоҳ мебошам, пас маро ғанимат бишумор, зеро ман то рӯзи қиёмат боз нахоҳам гашт.

Рӯзе, ки мегузарад ва ту ҳеҷ баҳра аз он набурдаї, пас бисёр зарар кардаӣ. нафасҳоят сармояаат ҳаст, пас асоси умрат танҳо “нафасҳо”-ст ва касе, ки нафасҳояшро ҳадар диҳад, ба Худо қасам пушаймон хоҳад шуд.

Бузурге мегӯяд: Ҳар нафас ва ҳар арақе, ки дар ғайр аз тоати Аллоҳ хориҷ шавад, рӯзи қиёмат ба ҳасрат ва пушаймонї табдил мегардад.

Заҳрҳои кушандаи телевизион

Аз дигар далелҳои каҷравии ҷавонон пайгирии каналҳои моҳвораї ва аврупоӣ ва низ мушоҳидаи филмҳои хориҷӣ дар мавриди одоби иҷтимоӣ аст. Пас мушоҳидаи саҳнаҳои интернетӣ аз ҷумлаи далелҳои инҳироф ва каҷравӣ аст. Ҷавон аз ҳад зиёд тамошо кардани чунин саҳнаҳое тасаввур мекунад, ки тамоми дунё шабеҳ ва монанди он чи дида ва муҷассам намудааст, мебошад – аз гуфтани ин амр воқеан мутаассифам – ва ин, ки ҳамаи занон мисли заноне ҳастанд, ки ӯ дидааст, зеро ӯ саҳнаҳоеро дида ва ба мушоҳидаи он одат карда ва акнун бо дигар занон ҳамон гуна рафтор менамояд.

Дар воқеъ ин аз хатарноктарин умурест, ки боиси хашму ғазаби Парвардигор мегардад. Тасаввур кун, ки ту дар муқобили Парвардигор истодаи ва Ӯ тамоми саҳнаҳои лухт ва маъсиятомезеро, ки мушоҳида намудаи дар баробарат ба намоиш мегузорад.

Ҷавонон! Мувозиб бошед, бояд ба худ бигӯед: Ман ҳаргиз ин чунин саҳнаҳоеро тамошо намекунам. Ман намегӯям, ки интернет ва ё каналҳои моҳвораи ҳаром аст, вале дар интернет чизҳое ҳаст, ки метавон онро тасфия ва пок намуд ва дар каналҳои моҳвораи низ умуре ҳаст, ки мешавад онро рамздор кард, вале озодӣ дар тамошои ҳама чиз, ба худат зарар ва зиёни бисёр мерасонад. Ман аз ҷавонон хоҳиш мекунам: Бояд муқовимат кунанд, бояд ба худ «на» бигӯянд.

Эй касе, ки аз инҳироф метарсӣ, ин фармоиши Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро бишнав:

“Ҳамвора фармонҳои Аллоҳро риоят кун, то Ӯ низ туро ҳифз кунад, фармонҳои Аллоҳро риоят кун то Ӯро дар канорат ёбӣ, вақте тақозо мекунӣ, аз Худо бихоҳ, вақте ёрӣ мехоҳи аз Худо ёрӣ ҷӯй”.

Яъне: Коре кун, ки қалбат моломол аз муҳаббати Аллоҳ бошад ва Худовандро меҳвари зиндагият қарор бидеҳ, ба зебоии пайванд ва иртибот бо Аллоҳ бингар. Худованд дар ҳадиси қудсӣ мефармоя: “Бандаам ҳамвора бо навофил ба ман наздик мешавад.... Суннатҳои бисёреро анҷом бидеҳ, ба зикри Парвардигор бипардоз, ду ракъат намози шаб бихон, рӯза бигир ва садақа бидеҳ: то ин, ки ӯро дӯст бидорам, пас вақте ӯро дӯст доштам гўшаш мешавам, бо он мешунавад, чашмаш мешавам, ки бо он мебинад, дасташ мешавам, ки бо он кор мекунад ва пояш мешавам, ки бо он роҳ меравад. мепурсӣ чи гуна? Бад-ин тартиб, ки ҳаромро ба ту нишон намедиҳам, мехоҳӣ каналҳои мубтазали моҳвораиро тамошо кунӣ, наметавонӣ! Агар ҳаромеро мушоҳида намудӣ иҷозаи вуруди онро ба қалбат намедиҳад ва агар қалбат ворид шуд, туро ба фитна намеандозад! Ва агар муртакиби амали ҳароме шудӣ, аз он панд гирифта ва мегӯӣ: Ҳаргиз дубора ин корро анҷом намедиҳам.

Агар хостӣ аз масири инҳирофӣ, ки ҳам акнун ҷомеаро ба коми худ мекашад, наҷот ёбӣ, ба даргоҳи Худованд паноҳ бибар ва вориди қалъаи мустаҳками подшоҳи Субҳон шав.

 

А. Ашўрзод

Ходими дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر