الصفحة الرئيسية المقالات САДДЕ РАХНАНОПАЗИР...

САДДЕ РАХНАНОПАЗИР...

САДДЕ РАХНАНОПАЗИР...
2019-03-01
2566

Мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣпайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 (Дар партави Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси миллӣ ва

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Терроризм ва экстремизм ба шарҳу тавзеҳи луғавӣниёз надошта, ба гурӯҳе ё афроде талаққӣ мешаванд, ки ҳадафу мақсад ва кору фаъолияташон ҷуз тахрибу вайронкорӣ, қатлу куштор, ифроту тафрит, таҷовузу тафзеҳи номӯси занону модарон, тарсу даҳшат, инфиҷору таркиш ва дигар аъмоли қабеҳаву аҳриманӣ нест. Терроризм ва экстремизм бо зуҳуру фаъолияти хеш тавонист чандин давлату кишварҳои ободу тараққикардаро ба хоку хун кашад, ҳазорҳо арзишҳои беназири моддии таърихию фарҳангии башариятро ба коми адам барад ва садҳо ҳазор сокинони осоиштаи кураи заминро бо ваҳшонияттарин ҳолот ба қатл расонад.

Боиси таассуф ва нигаронӣ он аст, ки тайи чанд даҳсолаи ахир аҳзоб, гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ зери ниқоб ва либоси дини поки ислом амал карда, оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавиро ба нафъу коми хеш созгору мутобиқ менамоянд. Гирдбодҳои маргбори даҳшатфканиву ифротӣ аз забари чандин давлату кишварҳои ободу осоишта ва таърихиву бостонӣ убур намуда, аз паси хеш шаҳристону деҳкадаҳои муталошӣ ва махрубро боқӣ гузоштаанд, ки ба ин гуфтори мо яке аз кишварҳои осоиштаву рӯ ба тараққӣ ва таърихиву бостонии Шарқ – Сурия, мисоли рӯшан ва ошкоро шуда метавонад, ки дар сафаҳоти китоби таърих ҳамчун Шом шинохта мешуд. Айни ҳол касе гуфта наметавонад, ки аз ин кишвари зебову бостонӣ макони ободе ё мавзеи бостоние боқӣ монда бошад ё на. Ҳангоми дидани симои зоҳирии Сурия дар наворҳо кас ба риққат меояду ашки шафқату раҳмат гунаҳояшро мешӯяд ва бо худ мегӯяд, ки «ҳамон дасту бозуи тамаддунсозу фарҳангофари башарият чунин харобиву вайрониҳоро низ ба бор меовардааст…».

Мисоли рӯшани дигар ин кишвари ҳаммарзу ҳамҷавори кишвари азизу маҳбубамон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, ки чандин даҳсолаҳост, сокинонаш аз номи дини ислом ва Худову Расул қатли теғ ва тиру тӯп гардида, зиндагии тинҷ ва ҳаёти осоишта барояшон ҳамчун руъё гаштааст. Боиси таассуф он аст, ки тамоми ин «ҷангу ҷидолҳо ва қатлу кушторҳои исломӣ» бо истеҳсол ва қочоқи маводи нашъадор тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Паёми хеш ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди вазъияти мазкур ироа намуда буданд: «Афғонистон ба яке аз бузургтарин минтақаҳои истеҳсол ва қочоқи маводи нашъадор, терроризм ва экстремизми динӣ мубаддал шудааст. Дар ин вазъият мо нисбат ба дигар ҳамсояҳои Афғонистон бештар зарар мебинем» (27.04.2000).

Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои хеш дар барқарор гаштани сулҳу субот ва амнияту осоиш дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба нуктаи муҳим – решакан намудану аз байн бурдани пойгоҳу парваришгоҳҳои террористиву экстремистӣ ва истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ишора менамоянд. 

Ногуфта намонад, ки сулҳу субот ва амнияту оромии кишвари дӯст ва ҳамҷавори мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар тамоми Паёму суханрониҳои Пешвои муаззами миллат инъикос гардидаанд. Пешвои муаззами миллат дар миёни сарони давлатҳои ҷаҳон ягона роҳбареанд, ки боҷуръатонаву далерона барои барқарории сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар Афғонистон ва бо роҳи мусолиматомезу ғайринизомӣ ҳал намудани низоъ дар онро аз ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣталаб намудаанд ва ҳанӯз ҳам барои амалӣ гаштани суботу амнияти он талош доранд: «Тоҷикистон, ки ҳанӯз солҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, сарфи назар аз душвориҳои худ, ҳамеша барои Афғонистони осоишта, сулҳхоҳ ва рушдёбанда садо баланд мекард, имрӯз низ аз паи ин ҳадафҳост» (Паём, 24.04.2010). Масъалаи мазкурро Пешвои миллат дар Паёми навбатӣниз таъкид доштанд: «Мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад» (26.12.2018).

Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ нақши ҳалкунанда доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амнияту бехатарии давлатҳои ИДМ ва Аврупо таъкид доштанд: «Тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷиратиғайриқонунӣ таъмин карда истодааст». Воқеан, садди дар тӯли 1400 километраи хатти марзи Афғонистон ба вуҷуд овардаи Пешвои муаззами миллат ва сохта шудани беш аз сад дидбонгоҳи марзӣ маншаъ аз сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи ӯманшаъ мегирад. Зеро Пешвои муаззами миллат дар мавриди мазкур ҳанӯз аз соли 1999 чораандешӣ карда, дар мавриди бунёди минтақаи амниятӣ атрофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда буданд. Аз ин пешниҳоди хирадмандона ва дурандешонаашон Пешвои миллат дар Паёми соли 2002 низ таъкид доштаанд: «Ҳанӯз соли 1999 ман аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда будам, ки гирдогирди Афғонистон як минтақаи амниятӣ бунёд гашта, пеши ин хатари бузург гирифта шавад» (22.04.2002).

Паси садди мазкур иҷмоу иттиҳоди тамоми ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи дини поки ислом баромадкунанда ба мушоҳида мерасад. Ин тоифаи яъҷуҷону маъҷуҷон дар садади онанд, ки ин садди раҳмониро рахна намуда, кишвари тинҷу ором ва хушу хуррами тоҷиконро ба харобазор табдил созанд ва мардуми осоиштаи онро аз дами теғгузаронида, фазоҳатро дар ҳаққи занону модарони озодаи тоҷик раво бинанд... Ҷамъ омадани даҳшатафканони ДИИШ паси ин сад ва эътилофу пайвастани пайравони ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ба ном исломӣ ва дигар душманону хоинони Ватан ба ин созмони террористӣ, инчунин, зери як парчам ва як ном – «Давлати исломӣ», иҷмоу иттиҳоди онҳо нигароникунанда мебошад. Дар мавриди пайдо шудани даҳшатафканону ифротгароёни ДИИШ дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Пешвои миллат дар Паёми соли 2017 изҳори нигаронӣ карда буданд: «Дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст» (22.12.2017).

Садде, ки Пешвои муаззами миллат дар марзи Афғонистон барои ҳифзу ҳимояи Ватан, сокинони осоиштаи кишвар, номӯси модарону занон ва ҳатто дигар кишварҳои Осиёи Миёна бунёд гузоштаанд, саддест рахнанопазир. Чунки садди мазкурро шермардони Ватан, марзбонони қавиирода ва диловарони бонангу номӯси тоҷик бо як садоқату матонат, меҳру муҳаббат, мардонагиву ҷасорат ва ҳидояту роҳнамоии сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҳифзу ҳимоя менамоянд ва борҳо талоши убур кардан аз сад боиси маҳви даҳшатафканон ва хоинону душманони Ватан гардидааст. Мутмаинан, ин садди раҳмонӣ бо марзбонони содиқу ҷасур ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мустаҳкам ва рахнанопазир боқӣ мемонад. Ногуфта намонад, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ барои рахна намудани сад ва сар халонидан ба Ватани азизамон роҳу усулҳои мутааддиде (таблиғотиву ташвиқотӣ)-ро рӯйи ҷавонон ва насли навраси тоҷик имтиҳон мекунанд, то мағзи онҳоро шустушӯ дода, аз масири рости инсонгароӣ ва ҷодаи ҳаққи дини муҳаммадӣ ба инҳироф кашанд ва бероҳ созанд. Чунки ҷавонон ва насли наврас ояндаи миллат ва неруи пешбарандаи давлат маҳсуб мешаванд ва бо насли солиму тарбиятдидаи ҷавон ҳар миллату давлат метавонад умри дарозу тӯлонӣ бинад.

Аз ин рӯ, барои ба нестӣ бурдани давлату миллатҳо ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ҷавононро ҳадафи асосӣ ва меҳварии худ қарор медиҳанд. Волидонро лозим аст, ки дар наззорати фарзандонашон таваҷҷуҳу диққати бештар диҳанд, то фирефтаи «панду андарз»-ҳои «воизону носеҳон»-и «салафони солеҳ»  нагарданд. Нақши муҳимро дар тарбияи ҷавонон муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ мебозанд. Шӯроҳои деҳот ё комитетони маҳал низ дар тарбияву ҷилавгирии ҷавонон нақши муассир доранд. Пайравӣ ба суханони хирадмандона, роҳнамо ва ҳидоятгари Абармард ва Фарзонафарзанди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани онҳо пойдории солимии насли ҷавонанд. Ногуфта намонад, ки нақши ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат ва неруи пешбарандаи давлат дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат низ инъикос ёфта, дар дастгирии моддиву маънавӣ, таълиму тарбия ва солимии ҷисмиву равонии онҳо таъкидҳо намудаанд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат оиди фирефта нагаштани ҷавонон таъкид доштанд: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر