الصفحة الرئيسية المقالات ОҚИЛ ҲАМОНЕСТ, КИ АЗ СУДУ ЗИЁНИ ДИГАРОН ПАНД БИГИРАД

ОҚИЛ ҲАМОНЕСТ, КИ АЗ СУДУ ЗИЁНИ ДИГАРОН ПАНД БИГИРАД

ОҚИЛ ҲАМОНЕСТ, КИ АЗ СУДУ ЗИЁНИ  ДИГАРОН ПАНД БИГИРАД
2015-09-08
6077

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Сипосу ситоиши беадад Худовандеро сазад, ки ба инсон неъмати илму хирад арзонӣ дошт, дуруду саломи пур аз меҳру муҳаббат бар Расули гиромӣ (с) бод, ки бо ҳарфи “Иқраъ” илму донишро ба ҷаҳониён мунташир сохт.

Инак занги нахустини оғози “Рӯзи дониш” ҳам садо дод ва дар тамоми макотибу омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар соли нави таҳсил шуруъ гардид. Падарону модарон кӯдакони навомӯзи худро бо сад орзуву умед ба даргоҳи илму маърифат гусел намуданд, то ки онҳо дар оянда соҳиби донишу адаб гарданд ва сабаби ифтихори волидайн бошанд. Донишҷӯён бо як шавқу завқи илмомӯзӣ ба муассисаҳои олии кишвар қадам гузоштанд, то аз ин неъмати бебаҳои илоҳӣ баҳравар шуда, ба камоли илму адаб ва ахлоқи олии инсонӣ ноил гарданд.

Яке аз омилҳои асосии рушди инсоният дар паҳнои дунёи кунунӣ омили илму дониш ва саводу ҷаҳонбинии мукаммали имрӯзӣ маҳсуб меёбад. Ҳар гоҳ, ки аз аҳамияти илм ва саводу дониш сӯҳбат шавад, аксаран аз таҷрибаи Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ мисол меоранд. Ва ин комилан дуруст аст. Муаррихон ба ин ақидаанд, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҷопон дар ҳоле қарор дошт, ки як инсон қабл аз супурдани ҷон қарор мегирад. Ҳар чӣ, ки дар хазинаи ин кишвар буд, сарфи илму донишу маълумот шуд. Албатта, расму ойинҳои мардумӣ ва таҷрибаи таърихии давлатдории ин кишвар низ аз омилҳое буданд, ки барои ба по рост шудан ва баъдан рӯ ба тараққӣ овардани ин мамлакати маҷрӯҳ мусоидати комил карданд.

Ҳоло дар харитаи сиёсии олам ду кишваре бо номи Куриё ҳаст, яке шимоливу дигар ҷанубӣ. Аз дидаву шунидаи сайёҳон чунин хулоса мешавад, ки ҳоло аз нигоҳи пешрафт ва сатҳи зиндагии мардум ин ду мамлакат фарқияти замину осмонро доранд. Дар Куриёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳ ба илму маориф афзалияти комил дорад ва ҳамин омил боиси он шудааст, ки дар радифи бузургтарин иқтисодҳои олам қарор гирифтааст. Воқеан, дар кишваре, ки мардумаш рӯ ба илму маориф ва кашфиёту таҳқиқ, рӯ ба андешаи пешрафт ва беҳбуди зиндагӣ тавассути илму дониш доранд, саодати зиндагӣ дар онҳо ҳукмфармост.

Тақозои дини мубини Ислом низ ҳамин аст: инсон бояд дар ин дунё зиндагии сазовор дошта бошад ва бо илму фазилат ва ахлоқи ҳамидаву ибодати комилаш дунёи охираташро обод намояд.

Дини мубини Ислом, саршор аз дастурот ва тавсияҳо барои фаро гирифтани илму дониш аст. Қуръони карим дар мавридҳои бешуморе касонеро, ки илм меомӯзанд ва соҳиби донишанд, мадҳ  намудааст. Худованд дар ин хусус фармудааст:

«Бигӯ: «Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд? Ҷуз ин нест, ки соҳибони хирад пандпазир мешаванд». («Зумар», 9).

Худованд дар ин оят дар баробари неъмати илм аз неъмати ақлу хирад низ ёдовар шуда, пандпазирӣ ва ибратгириро махсуси донишмандон ва хирадмандон донистааст. Дар ҳақиқат ба сабаби панду ибрат пазируфтан аст, ки инсон хатоҳои пешиниёнро дар зиндагии худ такрор намекунад. Пандпазирӣ ва ибратгирӣ меъёри асосии рушди инсон ва ҳаракати ӯ ба самти дуруст мебошад, зеро маҳз аз таҷрибаҳои хуби гузаштагон барои сохтани зиндагӣ ва ҷомеаи солим истифода мебарад.

Дар ҳақиқат илму дониш ва машғул шудан ба он ва таълим додани дигарон аз сифатҳое аст, ки ҳар инсони оқил онро меписандад ва дӯст медорад. Дини мубини Ислом ба масъалаи илму дониш ва донишомӯзию таълим додан ба дигарон таъкиди фаровон дорад ва мақоми илму дониш ва донишмандонро дар ҷойгоҳи бисёр баланде қарор додааст.

Суннати набавӣ низ ба ҷойгоҳи волои илму дониш таъкиди фаровон дорад ва саъю талош дар роҳи касби илмро василаи расидан ба биҳишти барин қарор додааст. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: «Шахсе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷӯяд, Худованд барои ӯ роҳе ба сӯи биҳишт омода мекунад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ҷойгоҳи толиби илм чунон баланд аст, ки фариштагон аз хушнудӣ бо болҳояшон ӯро иҳота мекунанд. Сафвон ибни Ассол (р) мегӯяд, ки «назди Пайғамбар (с) омадам ва он ҳазрат дар масҷид бар гилеми сурхранг такя зада буданд. Ба ӯ арз кардам: омадаам, то илм биёмӯзам. Он ҳазрат фармуданд: «Марҳабо ба толибилм, ҳамоно фариштагон толибилмро бо болҳояшон иҳота мекунанд». (Ривояти Аҳмад ва Табаронӣ).

Воқеаҳо ва таҳаввулоти азиме, ки дар ҷаҳони имрӯз шуда истодааст, аз ҷумла ҷангу хунрезиҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия дар зиммаи ҳамагон, чи волидону омӯзгорон ва чи толибону донишҷӯён масъулияти басо гаронро гузоштааст. Ба ақидаи аксарияти фақеҳони ислом, фаъолияти ДИИШ ҳаром эълон шудааст ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ бо фатвои хеш аз 27 майи соли равон амали ин гурӯҳи фитнаангез ва ҷангҷӯро бо далелҳои муътамади шаръӣ ҳаром эълом дошт. Бо вуҷуди ин, ҳоло гурӯҳе аз ҷавонони гумроҳи тоҷик бо ҳамин гурӯҳ ҳамроҳанд ва мо аз васоити ахбор огоҳ мешавем, ки дар ҷумҳурӣ мубаллиғони ифротӣ тавассути интернету паёмакҳо ва ғайра то ҳол ҷавононро ба ин минтақаи офатзада раҳнамоӣ мекунанд.

Олимони соҳаҳои гуногуни инсоншиносӣ сабабу омилҳои зиёди рӯ ба ифрот овардани ҷавононро бозгӯ намудаанд, ки асоситарини онҳо камсаводӣ ва аз илму донишу муҳити тарбияи волидон дур мондани наврасон аст. Ҷавонони дур аз илму хирад, холӣ аз маънавият ва тарбия на фақат барои муҳити хонавода, балки барои ҷомеа низ хатар доранд. Айёми ҷавонӣ марҳилаи ҷустуҷӯҳост, марҳилаест, ки инсон мехоҳад мавқеи хешро дарёбад, зӯру тавони худро истифода кунад ва истиқлоли андешаву ҷоҳу ҷалол дошта бошад. Мутаассифона, волидони муҳтарам ин марҳилаи умри фарзандони хешро аз нодониву нотавонӣ дуруст истифода намекунанд, гироишҳои зеҳнӣ ва эътиқодии фарзандонро назорат намебаранд, онҳоро ба ҳоли худашон ва ба ҷараёни табииашон вогузор мекунанд.

Ба андешаи мо, аксарияти онҳое, ки рӯ ба Сурияву Ироқ меоранд, ҳамонҳое ҳастанд, ки аз тарбияи дурусти волидон, аз илму дониш ва сӯҳбати аҳли хирад дур мондаанд, инчунин онҳое ҳастанд, ки ба суроғи дарёфти дониши исломӣ ба доми таблиғгарони ифротӣ афтодаанд. Маҳз ҳамин омили охир, сӯистифода аз бовару эътиқодоти содалавҳонаи ҷавонони гумроҳ оид ба дин ва мазҳаб боиси афзоиши шумораи ҷавонони тундгаро шудааст.

Омили дигар ва аз ҳама муҳим - сарфи назар кардани илму дониш  ва саводомӯзист. Ҳар як фарди донишомӯз бояд аз рӯзи нахустини таҳсил ақлу хирадро роҳнамои худ қарор дода, нияти нек ва қалби хайрхоҳро қарини зиндагии хеш намояд. Чӣ бисёранд ҳолатҳое, ки илми бидуни ақлу хирад сабаби бадбахтии инсонҳо гардида, ҳазорон нафарро ба нокомӣ гирифтор намудааст. Ба ҳамин хотир аст, ки Расули акрам (с) дар дуо ва муноҷоти хеш чунин мефармуданд:

“Парвардигоро! Ман аз Ту илми судманд мехоҳам ва аз илме, ки суд надорад, ба Ту паноҳ мебарам”.

Бинобар ин, мақсуд аз омӯзиши илму дониш нафъ расонидан ба халқи Худо ва расидан ба саодати ҷовидонӣ аст, на чизи дигар. Илмомӯзӣ худ қонуну қоидаҳо дорад, ки бояд аз ҷониби ҳам муаллим ва ҳам донишҷӯ риоя гардад. Мутаассифона имрӯзҳо ҳам устоди муғриз ва ҳам донишомӯзи ноқобил худсарона аз ҳар ҷову ҳар кас илми диниро меомӯзанд ва бо фаҳму дарки нодуруст ба нокомӣ мерасанд. Илми динӣ бояд зина ба зина аз назди устоди покнияту софдил омӯхта шавад, то ғараз ҷои ҳақиқатро нагирад. Дар акси ҳол ҷаҳду кӯшиши ҳарду самарае намедиҳад ва заҳмати муаллим ба боди фано мераваду донишҷӯ дар водии ҳайрат саргаштаву ҳайрон мемонад, пас бояд ин қоидаҳо риоя шаванд. Дар ин росто, истифода бурдан аз таҷриба ва дастуру тавсияҳои судманди бузургони гузаштаамон ба нафъи кор аст. Сазовор мебуд, агар ҳар як донишҷӯ ва омӯзгор васиятҳои сарвари мазҳабамон ҳазрати Имоми Аъзам (р) ба фарзандаш Ҳаммодро сармашқи худ қарор диҳанд, зеро кор бастани ин насиҳатҳо дар даврони таҳсил бисёр судманд буда, самараи нек ба бор хоҳад овард. Ба андешаи Имоми Аъзам (р) омӯзгор бояд дар ошкору ниҳон якрӯ ва нисбати шогирдони худ мушфиқу меҳрубон бошад, чунонки мефармояд:

“Бо Худо дар ниҳону ошкор ва дар танҳоӣ ва чашми мардум як хел бош! Зеро салоҳи амри олим ва самараи илмаш вақте ошкор мегардад, ки дар ниҳону ошкори худ  яксон бошад.

Бо шогирдонат ба монанди фарзанд бо меҳру муҳаббат рафтор кун! Ин кор рағбати онҳоро ба касби илм бештар мегардонад.

Ҳамеша бар нафси худ муроқиб ва назоратгар бош ва илмро ҳифз ва посдорӣ намо, то дар дунё ва охиратат аз он баҳравар гардӣ!”.

Имрӯз волидону омӯзгорон ва мураббиён бояд ҷидду ҷаҳд кунанд, ки дар навбати аввал илму дониши худро қарини амал намоянд ва зиндагии маънавияшонро ислоҳ созанд. Дар ин сурат таълиму тарбияи онон муассир воқеъ шуда, наврасону ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат ва худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудан имконпазир мегардад. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки чи зебо фармудааст:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Аз Худованд умед ва илтиҷои онро дорем, ки моро аз зумраи инсонҳои накӯкор ва илмдӯст қарор бидиҳад ва ба мо тавфиқи истифода аз ақлу хирадро каромат фармояд. Омин!!!

Раиси Маркази
исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
​Саидмукаррам  Абдуқодирзода

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.05.2025

أكثر
الفجر03:28
الظهر12:40
العصر17:51
المغرب19:48
العشاء21:18
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر