الصفحة الرئيسية المقالات Терроризм. Таҳдид ба ҷони ҳар сокини сайёра

Терроризм. Таҳдид ба ҷони ҳар сокини сайёра

Терроризм. Таҳдид ба ҷони ҳар сокини сайёра
2019-04-19
2785

Ҳанӯз чанд сол пеш бо дарки вазъи ногувор дар ҷаҳон ва шиддат ёфтани ҷангҳои мусаллаҳона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид иброз доштанд: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ин дар ҳоле буд, ки густариши ин зуҳуроти номатлубу фалокатборро ба дин ва мазҳаб, хосса дини ислом, алоқаманд медонистанд. Бешак, мақсадҳои нопоку ғаразҳои бади сиёсии худро мехостанд бибароранд. Инчунин, ба ин васила дини мубини ислом ва мазҳабҳои ростини онро доғдор бисозанду ба ҷаҳониён бад, балки бисёр бад вонамуд бисозанд. Дар асл ислом рӯшану возеҳ ва қотеона дар муқобили ин вабои асри навин сухани худро гуфта ва мавқеи дурусту пойдори худро ошкор сохтааст: «Ва ҳар кас муъминеро аз рӯи амд (қасдан) ба қатл бирасонад, кайфараш (подошаш, ҷазояш) дӯзах аст, ки дар он ҷовидона мемонад ва Худованд бар ӯ ғазаб мекунад ва ӯро аз раҳматаш дур месозад ва азоби бузургеро барои ӯ омода сохтааст».

Ба таҳқиқ, қотилу мақтул – ҳар ду дар оташи дӯзаханд. Оре, мақтул низ қотил шуда метавонист, агар бар ҳарифи худ дар ин маврид даст меёфту ғолиб мегардид.
Ба яқин, амалу хостаҳои террористону экстремистон ба талаботи ислом, ин дини поку мубин, дар ҳеҷ сурат мувофиқат намекунад. Яъне, ин аъзои гурӯҳи ноогоҳу раҳгумзадаро наметавон ифтихори исломӣ ва динӣ бахшид. Онҳо ҳаргиз ба ин фармуда, ки «муъмин бародари муъмин аст» амал наменамоянд. Бародарони онҳо хоҷагонашон ҳастанд, ки барои ҷалбу истифодаашон дар куштору сӯхтору ваҳшатафканӣ маблағҳои зиёди пулӣ ваъдаашон мекунанду медиҳанд. Ҳамин тавр, нахуст дастҳоро сафед ва баъд дилҳоро сиёҳ мекунанд. Бо дили сиёҳ ва бединиву ҷаҳли мураккаб имкони бо Худо ҷангидан ҳам ба вуҷуд меояд. Аксари ин ҷангиён, ки аз шумори ҷавонони ноогоҳу нодон ҳастанд, то ба ҳол дарк накардаанд,  ки барои чӣ ва бо кӣ меҷанганд. Дар ин сурат, на аз дини Худо меандешанд ва на аз оқибати андешаву кирдорҳои номатлубашон.
Террорист, барҳақ, мазҳаб надорад. Чаро? Чунки ё онро нашинохтааст ва ё ба андак чизе фурӯхтааст. Ӯ дар ин ҳол на мақоми худро медонад ва на мақоми пешвои мазҳабашро. Ба ҷаҳолату фиреб чун аз он маҳрум гардидааст, пайравиро карда наметавонад ва ҳам аз он ор дорад. Бар гузаштаи нек, имомони ростин, муҷтаҳидони асил, ки беш аз ҳазор сол бо раҳнамоияшон дину шариат пойдор мебошанд, кулӯх меандозанду фаҳм намесозанд, ки ҳатман подошашон санг аст. Бар рӯи олимони асили дин, устодон ва падарони худ меситезанду онҳоро нодону гумроҳ мехонанд. Ин афрод равияву гурӯҳҳову ташкилотҳои зиддимазҳабиро наҷотдиҳандаи худ ва мисли худашон донистаанд. Бешак, ин гуна афроди бемазҳаб ба иҷрои ҳар кор: қатлу ғорат, хароб намудан бо як ифтихори барояшон хос рӯ меоранду мепиндоранд, ки қаҳрамони давранд.
Сарвари давлат бо эҳсоси ин хатарҳову фалокатҳову амалҳои даҳшатзо соли 2009 - ро Соли бузургдошти пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам эълон намуд. Ба ин хотир, аз ҷумла ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Мавқеъ ва нақши махсуси ӯ, мазҳаби ҳанафии дини ислом баён ва шинос карда шуд. Имоми Аъзам соҳиби шарҳ буд, на шаръ. Донишу иҷтиҳодаш дар тамоми зиндагии пурбаракаташ ба хотири шинохти асолати дини ислом ва дуруст пайравӣ кардан аз он ва Қуръону суннат буд.
Бо дастури Роҳбари давлат нахустин бор Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди 200 ҳазор нусха нашр ва ба мардум ройгон тақсим шуд. Инчунин, китобҳои «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам ва дигар осори гаронарзиши диниву мазҳабӣ ба табъ расиданд. Супориш дода шуд, ки мероси арзишманди Имоми Аъзам ва Имом Бухориву дигар шахсиятҳои маъруфи олами исломро ҳарчи бештар таҳия ва нашр намоянд.
Бо қаноатмандӣ бояд ҳамеша изҳори сипос бикунем, ки роҳи динситезон, ифротгароён ва равияву гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки дар либоси дину мазҳаб зуҳур карда буданд, гирифта шуд.
Хатари зиёду асари бадашон замоне бештар эҳсосу дарку фаҳм мегардид, ки барои иҷрои ғаразҳои бад ва амалҳои нопокашон ба пуррагӣ даст меёфтанд. Онҳо боз зиёдтар имкон пайдо мекарданд, ки ҷавонони ноогоҳ аз дину мазҳаб ва сиёсати давру вазъи ҷаҳони муосирро аз роҳ бизананд.
Террорист, дар ҳақиқат, ватан надорад. Барои ӯ ватан ҷое, маконест, ки нафъ мебардорад. Албатта, ҷову маконе муваққатиро наметавон ватан ном бурд, хосса ҷову маконе, ки дар он зану фарзанд, падару модар, бародару хоҳар, наздикону пайвандон ва амну осоиш набошад. Ӯ ба ҷову маконе, ки барояш замоне зодгоҳу ватан маҳсуб мешуд, ризо аст, ки ҳуҷум биёрад, дар он қатл бинамояд, ғорат бикунад ва оташ андар хонаҳо бизанад.
Террорист миллат надорад. Барҳақ, на арзишҳои миллиро мешиносад ва на онҳоро эътироф менамояд. Миллате, ки барояш эҷод карданд, миллати куштору сӯхтору даҳшатафканӣ аст. Ӯ ба ҷони ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад.
Бояд ӯро, бояд онҳоро бишиносем. Бидонем, ки онҳо фарзандони ноогоҳи моро ба василаҳои гуногун аз роҳ задаанду мезананд. Бидонем, ки душманони мо, амну осоиштагӣ ва ободии ҷаҳонанд. Бидонем, ки нахустин тирҳояшонро бар дили падару модар ва наздиконашон меандозанду онҳоро ба ҳалокат мерасонанд. Бидонем, ки чун ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, муқаддасотро, арзишҳои милливу диниву мазҳабиро намешиносанд ва дар ин сурат бераҳмтарин шахсони дунё маҳсуб мешаванд. Бидонем, ки василаҳои гуногун мавҷуданд, ки ба ҳар як хонадон роҳ ёфта метавонанд ва майнаҳои ҷавононро барои ҷалбу истифодаи мақсадҳои нопокашон заҳролуд месозанд.
Сарвари давлат бо огоҳии комил аз ривоҷу густариши ин вабои аср барои мо таъкид доштанд, то ҳақиқатро рӯшан дарёбем: «Албатта, мо мефаҳмем, ки фақру бекорӣ барои зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар тамоми ҷаҳон шароити мусоид ба вуҷуд меоварад, вале бояд гуфт, ки мудохилаи хориҷӣ бо истифода аз сатҳи пасти саводу фарҳанг ва маърифати дунявию динӣ, нохудогоҳӣ, бетараф будан нисбат ба арзишҳои волои милливу динӣ дар замони муосир аз омилҳои асосии пайдоиш ва шиддат гирифтани ифротгароӣ гардидааст». Пас аз ин, бо таъкид дастур доданд, ки ба ин масъала тамоми масъулон бо ҷиддият машғул бишаванд ва дар рафъи камбудиҳо камфаъолиятӣ ва бепарвоиву бетарафӣ зоҳир накунанд. Ин дастур ба ҳар шахси огоҳу дӯстдори ватану сарзамини аҷдодӣ, миллат, инсоният, дину мазҳаби ростин низ тааллуқ дорад. Охир, тавре зикр гардид, ин зуҳуроти номатлубу даҳшатзо ба ҷони ҳар як сокини сайёра, ки мо низ дар ин шуморем, таҳдид мекунад. Хосса, чун дар ду-се соли оянда вазъ мураккаб мегардад ва ҳам мо ба ҳар рӯз мехонему мебинему мешунавем, ки ҷиноятҳои хусусиятҳои экстремистӣ ва террористидошта меафзояд ва сокинони гӯшаҳои гуногуни дунё қурбони он мегарданд.
Абдулқодири РАҲИМ

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر