Фазилати амалҳои хайр дар моҳи раҳмат
Тайи чанд рӯз аст, моҳи шарифи Рамазон - моҳи раҳмату шафқат, мағфирату саховат, омӯрзиши гунноҳо ва иҷобати дуоҳо меҳмони мост. Моҳи шарифи Рамазон бо фазилатҳои ҳамидаи худ, аз қабили расидан ба қадри неъматҳои офаридаи Худованд, тақвияти имону ирода ва сабру таҳаммул, рафтор ва гуфтори наку, паҳрезкорӣ, риояи хулқу атвори ҳамида, ҳалолу пок зистанро ба мардум меомӯзад ва мардумро ба кори хайру сахо ҳидоят менамояд. Чунонки Худованди таоло дар ояи 185-уми сураи «Бақара» мефармояд : «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар кӣ аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар кӣ бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».
Бояд як нуктаеро ёдрас мешавем, ки парҳезкорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, аз рӯи тавону имон кумак намудан ба бародарону хоҳарони мусулмони худ, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи наку ва тақвияти он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шуморида мешавад. Ҳар як шахс дар дар ин моҳ барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро амалӣ намояд, монанди касест, ки ҳафтод амали фаризаро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Дар ин моҳи хайру сахо ва иҷобати дуоҳо ҳар як ҳамватани мо бояд шукрона аз Тоҷикистони ободу озод намояд, ки дар баробари дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон рӯ ба инкишофу беҳбудӣ ниҳода, мову шумо ба ин рӯзҳои нек омада расидем ва ба шарофати хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити орому осуда ва сулҳу субот метавонем арзишҳои миллию суннатҳои ниёгонамон ва идҳои миллию мазҳабиамонро таҷлил намоем. Дар моҳи мубораки шарифи Рамазон анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯву эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Амали дигари неки ин моҳи муқаддас хайру садақа ба ятимон, муҳтоҷону оилаҳои камбизоат аст. Худованди таоло дар китоби осмонии худ Қуръони азимушшаън, сураи Тавба, ояти 60 мефармояд : - «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад(Яъне: заифу-л-Ислом) ва барои харҷ кардан дар озодии бардҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо бахшида мешавад, фаризаи Худо мебошад» Дар ҳақиқат, Худо накукорон ва шахсони саховатпешаро, ки аъмоли шоиста аҷом медиҳанд, дӯст медорад ва ҳар фарде дорои дасти сахову эҳсон бошад, умраш зиёда мегардад ва ҳар шахсе дили нозуки кӯдакони ятимро шоду масрур гардонад, кораш пешрав ва баракати хонадонаш афзун мегардад.Ҳадяи бузурги инсон дар ҳарду дунё аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад. Зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандону беморон дасти хайру сахо дароз намудан, албатта мавриди эҳсони Худованди меҳрубон қарор мегирад. Аз ин рӯ, яке аз фоидаҳои иҷтимоии рӯза таваҷҷуҳ ба ҳоли бечорагону бенавоён, ятимону камбағалон мебошад. Ин нукта аз мадди назари ҷавонмардони саховатманду хайрандеши шаҳри Кӯлоб дур намонд. Дар моҳи Рамазон дар намози рӯзи ҷумъа бо ташаббуси иттиҳодияҳои динӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷумла : - аз тарафи Ҳ. Шарифзода-сархатиби шаҳри Кӯлоб, А. Давлатмадов-имомхатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи Чармгари Поён, Ф. Шамсов-имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Панҷосиёби ҷамоати деҳоти Зарбдор ва Ш. Назиров-имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба ятимону оилаҳои камбизоат ва оилаҳои бесарбону ниёзмандон ҳадяҳои пулӣва маводҳои озуқа аз қабили гӯшт, равған, орд, шакар, қанд, биринҷ ва ғайраҳо, ки маблағи 10000 сомониро ташкил медод, ҳамчун хайру сахо супорида шуд. Дар ин маврид яке аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёту фарҳангамон Шайх Аттори Нишопурӣчунин гуфтааст:
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Бояд қайд кард, ки моҳи мубораки Рамазон натанҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол низ мебошад. Ин нукта ба савдогарону тоҷирони бозоршин, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд, гуфта шудааст.Мо дар бозорҳои шаҳр мушоҳида мекунем, ки бо фарорасии моҳи саиди Рамазон дар тамоми манотиқи кишвар ба таври сунъӣ нарху навои маҳсулоти хӯрока, сабзавот ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро ба хотири фоидаи бештар гирифтан боло мебардоранд, ки аз амалҳои бадтарине ҳисоб мешавад, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Дар ин маврид Пайғамбари Ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шаванд, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод» Мардуми Тоҷикистон қариб ҳама мусулмон аст ва шароити ҷомеаи имрӯза барои диндорон комилан озод буда, ҳуқуқу озодиҳои онҳо аз ҷониби давлат таъмин мегардад. Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз ва ҳамеша ин аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро барои инкишофу пешрафт ва ободиву оромии Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу субот, ки бузургтарин комёбии давлат аст, равона созад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
хабарнигори маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»