Истиқлолият кафили озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин аст
Истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ воқеан имкон фароҳам овард, ки пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб таъмин гардида, роҳи рушди давлатдории навини миллӣ муайяну мушаххас гардад. Нақш ва мақоми шахсиятҳои ватандӯсту нексиришт, меҳанпарасту инсонгаро ҳамеша дар амри оромиву субот ва раҳнамоии ҷомеа ба сӯиояндаи дурахшон басо назаррас арзёбивумушоҳида мегардад. Маҳз бо роҳнамоии инсонҳои хирадпеша ва ватандӯсту ватанхоҳ ҷомеа роҳи босаодати хешро интихоб намуда, ба сӯи фардои хуршедӣ гомҳои устувор мегузорад. Аз табори чунин фарзандони фарзонаи миллат, ки ҷони ҷавони хешро дареғ надошта, дар замони басо душвори таърихӣ ва марҳилаи ниҳоят душвори таърихӣ баҳодурона зимоми давлатдории навини миллиро бар дӯш гирифта, мардумро аз парешонӣ ва давлатро аз фаношавӣ раҳо бахшиданд Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Хизматҳо ва азму иродаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар роҳи эъмори давлати тозаистиқлоли тоҷик ва рушду такомули он хеле назаррас арзёбӣ мегардад, зеро Пешвои миллати мо тавонистанд дар вазъияти мураккаб ва пурпечутоби таърихӣ мардумро дар атрофи андешаи “Тоҷикистони азоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мост!” муттаҳид гардонида, дар қалби якояки онҳо умеду боварро ба оянда равшан созанд. Мардуми саодатманди тоҷик ҳеҷ гоҳ он рӯзгореро, ки бо дастури хоҷагони хориҷӣ ва амалкарди фарзандони нохалафи миллат дар кишвар солҳои 90-уми асри гузашта ба сарашон омад фаромӯш нахоҳанд кард. Бахусус он замоне, ки мардум дастрасӣ ба адабиёти диние, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума ва оммафаҳм бошад надошт ва он замоне, ки бархе аз кӯрсаводон динро ҳамчунсилоҳи манфиатҳои хеш истифода менамуданд аксари ҷавонон ва мардуми зудбовар ба доми ин дасисабозон афтида, аз кори кардаи хеш, ки дар маҷмӯъ реша задан ба тешаи миллат ва оташ задани хонаҳои худашон буд бехабар монданд. Хисоротиҷониву молии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ басо гарон буда, оқибатҳои фоҷиабори ин ҷанги хонумонсӯз пешрафти Тоҷикистони азизро ба даҳсолаҳо қафо кашид. Аз ҷумла бегуноҳ кушта шудани яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандон, гуреза шудани беш аз 1 миллион ҳамватанон ва беш аз 10 миллиард доллари ИМА ба иқтисодиёти мамлакат ва амсоли инҳо аз зарарҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд. Таърих собит сохтааст, ки маҳз дар барангехтани кинаву адовати милливу динӣ ва мазҳабӣ ва дар маҷмӯъ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонидани кишвари биҳиштосо аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом бевосита даст доранд. Рӯйрост бо сӯиистифода аз номи дини мубини Ислом ин нохалафон мардумро ба ҷаҳолату ваҳшоният, қатлу куштор ва нооромиву бесуботӣ даъват намуданд.
Дар ҳақиқат саҳми шахсияти таърихиву инсони дурнигар ва роҳбари оқилу ғамхор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарор намудани сулҳу субот ва таъмини ҳаёти босаодати ҳар фарди кишвар, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, поку беолоиза нигоҳ доштани дини мубини ислом ва истифодаи арзишҳои ин дини инсонмеҳвар дар раванди тарбияву ҳидояти ҷомеа ба сӯи иттиҳоду ҳамзистӣ ва ваҳдату ягонагӣва амсоли инҳо басо назаррас арзёбӣ мегардад. Маҳз таҳти сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо такя ба хиради азалии мардуми фарҳангсолори тоҷик сурат гирифт, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида, умеди мардум баҳри зиндагии хубу босубот бедор гардид.
Дини мубини ислом таҳти сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ҳамчун ҷузъи муҳим ва таркибии фарҳангии миллии мо шинохташуд. Дар воқеъ бо мақсади шинохти арзишҳои олии дини мубини Ислом, тарҷума ва дастраси мардум гардидани адабиёти динӣ, бунёди садҳо адад масоҷид ва амсоли ин тадбирҳое сурат гирифт, ки аз иқдомҳои неку наҷиб дар ин самт маҳсуб меёбад.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат 14 июли соли 2013 баён дошта буданд, ки “ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини Ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ бамо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид”.
Далели равшани гуфтаҳои болоӣ дар он аст, ки ба хотири гиромидошт ва шинохти беҳтари мазҳаби ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам баргузор гардида, бо ибтикори наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон гардид. Дар баробари ин баргузор гардидани ҳамоиши байналмилалии “Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир”, ҷашнгирии санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон аз ҷумлаи тадбирҳои зикршуда маҳсубмеёбанд.
Ҳамзамон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру супоришҳои бевоситаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ нахустин маротиба китоби муқаддаси Қуръони карим бо забони тоҷикӣ тарҷума гардида, ба теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чопбароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим карда шуд. Ин амали хайру дурнигаронаи роҳбарияти Олии мамлакат ба мардумишарифи Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки сураву оятҳои ин китоби муқаддасро бо забони нобу шевои тоҷикӣ мутолиа намуда, маърифати ахлоқиву динии хешро баланд бардоранд.
Дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дар таҳрири нав нашр намудани осори бузургони илму адаби модар соҳаи шинохти ҷойгоҳи дини мубини ислом низ яке аз иқдомҳои судманд маҳсуб меёбад. Чунончӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президенти кишвар нашр гардидани китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳангиисломӣ аз қабили асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, ба монанди “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”-и Имом Ғаззолӣ, “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ яке аз иқдомҳои навбатии судмандба ҳисоб меравад.
Масъалаи дигаре, ки дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт, масъалаи фароҳам намудани шароитимусоиди тоату ибодат ва анҷом додани маросимҳои диниамон мебошад. Агар гузаштаи начандон дури таърих, яъне дардаврони замони шӯравӣ мавҷудияти Тоҷикистон ва 28 соли соҳибистиқлолӣ назар афканем тафовути сатҳи болоравиимафкураи мардум ва дарки арзишҳои дини мубини ислом байни сокинон фарсахҳо боло рафтааст. Масалан, агар шумораи масҷидҳо дар замони шӯравӣ 17 адад буд, ин теъдод дар замони истиқлолият ба беш аз чаҳор ҳазор расида, Тоҷикистон дарбайни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромад.
Агар мисолеро дар шаҳри Бӯстон гирем, дар ин макон дар замони шӯравӣ ҳатто як адад масҷид вуҷуд надошт. Хушбахтонаимрӯзҳо дар шаҳр як адад масҷиди ҷомеъ ба номи Имоми Аъзам ва дар Ҷамоати шаҳраки Палос як адад масҷиди панҷвақта ба номи Имом Бухорӣ амал менамояд, ки сокинон озодона метавонанд ба тоату ибодат машғул шаванд.
Дар самти бунёди масоҷид ва таъмини шароити мусоиди тоату ибодати сокинон бо дастури бевоситаи муҳтарам Ҷаноби Олӣдар маркази пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар майдони зиёда аз 12 гектар бунёд гардидани Масҷиди марказии ҷомеъбарои 150 ҳазор нафар намозгузорон яке аз иқдомҳои наҷиб маҳсуб меёбад. Масҷиди марказии ҷомеи мазкур бо назардоштиунсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд.
Вобаста ба масоили фароҳам намудани шароит баҳри бо имкони мусоид адо намудани яке аз рукнҳои дини мубини Ислом, зиёрати хонаи Худо дар кишвар низ кӯшишҳои судманд равона гардида, теъдоди ҳоҷиёни мамлкат аз 30 нафар то ба зиёда аз 200 ҳазор афзоиш ёфт.
Хушбахтона ба масоили озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул ва мавриди амал қароргирифтани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ имкони бешатр фароҳам гардид. Яке аз чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” маҳсуб меёбад, ки ҳанӯз 10 сол муқаддам, яъне 26 марти соли 2009, № 489 қабул гардида буд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ваозодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзимнамуда, аз 8 боб ва 36 модда иборат мебошад.
Агар ба меъёрҳо ва муқаррароти қонуни мазкур назар афканем, маълум мегардад, ки дар он перомуни ҳуқуқ ба озодии виҷдонва озодии пайравӣ ба дин, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, таъсиси иттиҳодияҳои динӣ, шаклҳоииттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо ва амсоли ин меъёрҳо муқаррар гардидааст. Мувофиқи муқаррароти моддаи5, ки “муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ” маҳсуб меёбад сархати “давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодиипайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳаммеорад” вуҷуд дорад. Ин муқаррарот шаҳодати равшани дастгирии давлатии дин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмаҳсуб меёбад.
Воқеан ҳам дастовардҳои тӯли 10 соли амали Қонуни мазкур ба даст омада дар соҳаи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба диндар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нуфузи кишвари маҳбуби моро аз лиҳози эҳтирому арҷгузорӣ ба рукнҳои дини мубиниислом бамаротиб афзун гардонид.
Дар баробари нашри китобу осори бузургони илму адаб дар соҳаи дин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳоиРамазон ва Қурбон, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ аз дастгириҳои навбатии Ҳукумати кишвардар ин самт маҳсуб меёбад.
Марҳилаи дигаре, ки баҳри густариши масоили арҷгузорӣ ба дастгирии давлатии дин дар кишвар имкон ва заминаи мусоидиҳуқуқӣ муҳайё намуд аз 4 апрели соли 2018, № 1042 ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” маҳсуб меёбад. Консепсияи мазкур баҳри муайян ва танзим намудани мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динбо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар қабул карда шуд.
Иқдомҳои назаррас дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, баргузории озмунҳоиҷумҳуриявии қориёни Қуръон, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии "Таърихи дин" ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои дин ваарзишҳои динӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳуввияти миллии тоҷикон маҳсуб меёбад.
Ҳамаи ин иқдому ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат буд, ки муҳтарам Ҷаноби Олӣ чорумин маротиба ба ҳайсипанҷсадумин шахсияти маъруфи олами ислом эътироф гардида, пойтахти Ватани маҳбубамон шаҳри Душанбе пойтахтифарҳанги исломӣ интихоб гардид.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки хушбахтона бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи марди хирад ва инсони оқилу дурнигар муҳтарам Ҷаноби Олӣ дастгирии давлатии дини мубини ислом ҳамчун як рукни муҳими миллӣ шинохта шуда, баҳри арҷгузорӣ, поку беолоиза нигоҳ дошта он, исботи андешаи ҳеҷ робитае бо терроризм ва экстремизм надоштани он, тадбирҳои шоён рӯи кор гирифта шуда истодааст. Дар ин росто мардуми саодатманди моро зарур аст, ки бо такя ба арзишҳои милливу диниамон баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азиз ҳиссаи арзишманди хешро гузошта, барои пешрафут субот ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои олии миллиамон сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонӣ ҷаҳду талош намоем.
Маҳмадюсуф Қозиев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон